https://sputnik.tj/20210917/putin-tolibon-afghoniston-nazorat-1042329265.html
Путин: "Толибон"* амалан тамоми Афғонистонро назорат мекунад, бояд ваъдаҳояшро иҷро намояд
Путин: "Толибон"* амалан тамоми Афғонистонро назорат мекунад, бояд ваъдаҳояшро иҷро намояд
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, мегӯяд, "Толибон"* феълан тамоми қаламрави Афғонистонро зери назорат доранд.
2021-09-17T13:03+0500
2021-09-17T13:03+0500
2021-09-17T13:24+0500
сиёсат
афғонистон
сҳш
толибон
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042327033_0:0:3079:1731_1920x0_80_0_0_2efba191572e463ffa02c546f80c5f1f.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия бо таъкид бар он ки таҳаввулоти ахир тақрибан бидуни хунрезӣ амалӣ шуданд, афзуд, ки ҳукуматдорони ҷадидро зарур аст, ваъдаҳояшонро амалӣ намоянд. "Ҳукуматдорони нав дар Афғонистонро бояд ба иҷрои ваъдаҳояшон дар мавриди барқарор кардани сулҳ, ба эътидол овардани ҳаёти ҷомеа ва таъмини амнияти кор барои ҳама ҳавасманд сохт", - изҳор дошт ӯ. Путин хост, аз зарфиятҳои СҲШ барои ҷилавгирӣ аз интиқоли терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон амалӣ кор гирифта шавад. Раисҷумҳури Русия ҳамоҳангии миёни кишварҳои узви СҲШ-ро дар мавриди Афғонистон муҳим хонда, эҳёи фаъолияти гурӯҳи Афғонистони СҲШ-ро пешниҳод намуд. Ӯ ҳамчунин таҳкими иқтидори сохтори минтақаи мубориза бо терроризмро бо ҷалби мутахассисони бахши мубориза бо пулшӯию паҳншавии қатли силоҳи ом пешниҳод намуд. Феълан таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе идома дорад. СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гашт.Дар нишасти Душанбе сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди (онлайн), раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президентҳои Чин Си Ҷинпин (онлайн ), Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Покистон Имрон Хон, президентҳои Русия Владимир Путин (онлайн) ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат мекунанд.Ҳамчунин сарони кишварҳои нозири СҲШ - президентҳои Беларус Александр Лукашенко, Эрон Иброҳими Раисӣ ва Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух (онлайн) низ дар ин нишаст иштирок доранд.*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210917/rahmon-panjsher-afghoniston-1042328822.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042327033_39:0:2770:2048_1920x0_80_0_0_29688d0532a16dd73209fece5d6ba83b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, путин, афғонистон, сҳш
толибон, путин, афғонистон, сҳш
Путин: "Толибон"* амалан тамоми Афғонистонро назорат мекунад, бояд ваъдаҳояшро иҷро намояд
13:03 17.09.2021 (Навсозишуда: 13:24 17.09.2021) Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия мегӯяд, "Толибон"* феълан тамоми қаламрави Афғонистонро зери назорат дорад.
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия бо таъкид бар он ки таҳаввулоти ахир тақрибан бидуни хунрезӣ амалӣ шуданд, афзуд, ки ҳукуматдорони ҷадидро зарур аст, ваъдаҳояшонро амалӣ намоянд.
"Ҳукуматдорони нав дар Афғонистонро бояд ба иҷрои ваъдаҳояшон дар мавриди барқарор кардани сулҳ, ба эътидол овардани ҳаёти ҷомеа ва таъмини амнияти кор барои ҳама ҳавасманд сохт", - изҳор дошт ӯ.
Путин хост, аз зарфиятҳои СҲШ барои ҷилавгирӣ аз интиқоли терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон амалӣ кор гирифта шавад.
Раисҷумҳури Русия ҳамоҳангии миёни кишварҳои узви СҲШ-ро дар мавриди Афғонистон муҳим хонда, эҳёи фаъолияти гурӯҳи Афғонистони СҲШ-ро пешниҳод намуд.
Ӯ ҳамчунин таҳкими иқтидори сохтори минтақаи мубориза бо терроризмро бо ҷалби мутахассисони бахши мубориза бо пулшӯию паҳншавии қатли силоҳи ом пешниҳод намуд.
Феълан таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе идома дорад. СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гашт.
Дар нишасти Душанбе сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди (онлайн), раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президентҳои Чин Си Ҷинпин (онлайн ), Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Покистон Имрон Хон, президентҳои Русия Владимир Путин (онлайн) ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат мекунанд.
Ҳамчунин сарони кишварҳои нозири СҲШ - президентҳои Беларус Александр Лукашенко, Эрон Иброҳими Раисӣ ва Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух (онлайн) низ дар ин нишаст иштирок доранд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар