https://sputnik.tj/20210917/rahmon-panjsher-afghoniston-1042328822.html
Раҳмон дар бораи Панҷшер: Агар ба Афғонистон таваҷҷуҳ накунед, ҳаводиси 2001 такрор меёбад
Раҳмон дар бораи Панҷшер: Агар ба Афғонистон таваҷҷуҳ накунед, ҳаводиси 2001 такрор меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар Душанберо раҳбарӣ мекунад, гуфт, вазъи Афғонистон ба ҷуз ин ки аз хатари... 17.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-17T12:56+0500
2021-09-17T12:56+0500
2021-09-17T13:25+0500
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
сҳш
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102993/91/1029939116_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_c3317ffe2e8a1965afee7ccac97a2407.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳайати ҳукумати ҷадиди Афғонистон нишон медиҳад, ки ҳаракати “Толибон” танаввуи қавмӣ дар кишварро нодида гирифта, аз роҳи яккатозии як қавм пеш меравад. Раисҷумҳури Тоҷикистон риштаи суханашро ба амнияти минтақаву ҷаҳон ва вазъи вахими башариву амниятии Афғонистон кашида гуфт, вазъи имрӯзи Афғонистон ба амнияти Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон таъсири мустақим дорад. “Тайи ҷанги дохилии қариб 50-сола Афғонистон ба майдони бозиҳои геополитикӣ табдил ёфтааст, ки натиҷаҳояшро ҷаҳон дар намунаи ҳаводиси соли 2001 дид ва такрори онҳо истисно нест. Аз ин хотир ҷаҳон набояд ба сарнавишти мардуми Афғонистон ва ҳамсояҳояш бетараф бошад, ки маҷбуранд, аз мушкилоти низомиву башарии дар пайи хуруҷи эътилофи ғарбӣ ба амаломада бигзаранд”, - гуфт ӯ. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ, назири СММ, Салиби Сурх ва дигарон муроҷиат кардааст, то ёрии таъҷилии худро ба мардуми Афғонистон, ба шумули вилояти Панҷшер, ки аз ду моҳ ба ин сӯ дар муҳосира қарор дорад, бирасонад. “Мо бар инем, ки барои муқобила бо хатароти бархоста аз Афғонистон тадобири ҷиддӣ, бахусус бо истифода аз зарфиятҳои нерӯҳои зиддитеррористии СҲШ, ҳамкории танготанги мақомоти қудратӣ ва махсуси кишварҳои узв андешида шавад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Ин суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан низ Эмомалӣ Раҳмон башиддат аз ҳуқуқи қавмҳои ғайрипаштуни Афғонистон ҳимоят карда, адами танаввуи қавмӣ дар ҳукумати “Толибон”-ро як падидаи хатарнок барои Афғонистону Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон арзёбӣ карда буд. Қабл аз ӯ дар ин ҷаласаи СҲШ Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон низ бар вахомати вазъи башарӣ дар Афғонистон таъкид намуда, пешниҳод кард, ки дар Қазоқистон як маркази кӯмакҳои башардӯстона барои Афғонистон ташкил шавад.
https://sputnik.tj/20210917/davat-rahmon-jahon-yori-panjsher-1042327610.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102993/91/1029939116_0:0:1815:1361_1920x0_80_0_0_9b1c0d20b4822126dab363f2855a6f2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, афғонистон, сҳш, гурӯҳи террористии "толибон"
эмомалӣ раҳмон, афғонистон, сҳш, гурӯҳи террористии "толибон"
Раҳмон дар бораи Панҷшер: Агар ба Афғонистон таваҷҷуҳ накунед, ҳаводиси 2001 такрор меёбад
12:56 17.09.2021 (Навсозишуда: 13:25 17.09.2021) Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар Душанберо раҳбарӣ мекунад, гуфт, вазъи Афғонистон ба ҷуз ин ки аз хатари терроризм истисноӣ шудааст, як фалокати башариро низ ба бор овардааст.
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳайати ҳукумати ҷадиди Афғонистон нишон медиҳад, ки ҳаракати “Толибон” танаввуи қавмӣ дар кишварро нодида гирифта, аз роҳи яккатозии як қавм пеш меравад.
“Мо мехоҳем Афғонистонро озод аз терроризм ва маводи мухаддир, як кишвари амну осоишта ва рӯ ба рушд бубинем. Бар инем, ки низоми сиёсии Афғонистон бар асоси раъйи озоди мардумаш ва бидуни дахолати кишварҳои хориҷӣ шакл бигирад. Бор кардани низоми сиёсӣ бар сари Кобул бидуни ризоияти мардуми Афғонистон, ки аз қавмҳои мухталиф иборат аст, авоқиби ногувори бузургеро дар пай хоҳад дошт”,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон риштаи суханашро ба амнияти минтақаву ҷаҳон ва вазъи вахими башариву амниятии Афғонистон кашида гуфт, вазъи имрӯзи Афғонистон ба амнияти Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон таъсири мустақим дорад.
“Тайи ҷанги дохилии қариб 50-сола Афғонистон ба майдони бозиҳои геополитикӣ табдил ёфтааст, ки натиҷаҳояшро ҷаҳон дар намунаи ҳаводиси соли 2001 дид ва такрори онҳо истисно нест. Аз ин хотир ҷаҳон набояд ба сарнавишти мардуми Афғонистон ва ҳамсояҳояш бетараф бошад, ки маҷбуранд, аз мушкилоти низомиву башарии дар пайи хуруҷи эътилофи ғарбӣ ба амаломада бигзаранд”, - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ, назири СММ, Салиби Сурх ва дигарон муроҷиат кардааст, то ёрии таъҷилии худро ба мардуми Афғонистон, ба шумули вилояти Панҷшер, ки аз ду моҳ ба ин сӯ дар муҳосира қарор дорад, бирасонад.
“Мо бар инем, ки барои муқобила бо хатароти бархоста аз Афғонистон тадобири ҷиддӣ, бахусус бо истифода аз зарфиятҳои нерӯҳои зиддитеррористии СҲШ, ҳамкории танготанги мақомоти қудратӣ ва махсуси кишварҳои узв андешида шавад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ин суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан низ Эмомалӣ Раҳмон башиддат аз ҳуқуқи қавмҳои ғайрипаштуни Афғонистон ҳимоят карда, адами танаввуи қавмӣ дар ҳукумати “Толибон”-ро як падидаи хатарнок барои Афғонистону Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон арзёбӣ карда буд.
Қабл аз ӯ дар ин ҷаласаи СҲШ Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон низ бар вахомати вазъи башарӣ дар Афғонистон таъкид намуда, пешниҳод кард, ки дар Қазоқистон як маркази кӯмакҳои башардӯстона барои Афғонистон ташкил шавад.