https://sputnik.tj/20210917/az-siyosat-to-iqtisod-hisoboti-emomali-rahmon-rasonaho-1042343515.html
Аз сиёсат то иқтисод - ҳисоботи Эмомалӣ Раҳмон барои расонаҳо
Аз сиёсат то иқтисод - ҳисоботи Эмомалӣ Раҳмон барои расонаҳо
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз ҷаласаи сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай тайи як изҳорот масоили баррасишуда дар ҷаласаи ахирро расонаӣ кард
2021-09-17T20:40+0500
2021-09-17T20:40+0500
2021-09-17T20:40+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сҳш
изҳорот
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042330181_0:50:1281:770_1920x0_80_0_0_c474cb75c1d2411324025b0409b4655e.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар изҳороташ қайд кард, ки зимни ҷаласаи мазкур ба масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва муқовимат ба чолишҳову таҳдидҳо дар фазои СҲШ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.“Мо Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизмро барои се соли оянда (2022-2024) тасдиқ кардем”, - таъкид кард раисҷумури Тоҷикистон.Вай афзуд, ки масъалаи таҳдиди маводи мухаддир ҷои муҳимро ишғол кард.Роҳбари Тоҷикистон бо дарназардошти ҷиддияти ин мушкил таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ-ро дар Душанберо пешниҳод намудааст.“Мо ба мувофиқа расидем, ки амалҳоро оид ба таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ ва мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ҳамоҳанг созем”, - зикр кард раисҷумҳури Тоҷикистон.Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон махсусан зикр кард, ки дар мубоҳисаи имрӯза масъалаи Афғонистон мавзӯи калидӣ буд.Вай гуфт, ки кишварҳои узв ҳавасмандии муштараки худро барои ба як кишвари босубот,озод аз террор, ҷанг, маводи мухаддир ва фақр табдил ёфтани Афғонистон изҳор доштанд.Вай илова кард, ки дар вохӯрӣ ба масъалаҳои рушди минбаъда ва густариши ҳамкории иқтисодӣ аҳамияти муҳим дода шуд.“Зикр намудем, ки иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар пандемияи нави коронавирус бо чолишҳои зиёде рӯбарӯст. Ман пешниҳод кардам, ки Стратегияи рушди иқтисодии минтақа то соли ду ҳазору сӣ (2030) таҳия ва қабул карда шавад”, - гуфт ӯ.Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид доштааст, ки роҳбарони кишварҳои узви СҲШ дар ин масъала ҳамфикр буданд, ки дар шароити пандемия зарур аст заминаи ҳуқуқӣ таҳия карда шавад ва доир ба кори пайвастаи нақлиёт барои интиқоли молҳои муҳим мувофиқа ҳосил гардад.Вай илова кард, ки имрӯз сарони кишварҳои узви СҲШ, изҳороти муштарак оид ба амнияти озуқаворӣ, ки нигаронии моро аз ин таҳдид нишон медод, қабул кардем.Вай зикр кард, ки сарони кишварҳои СҲШ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои илм ва технология, инноватсия, маориф, тандурустӣ, ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш, инчунин ҳифзи муҳити зист идома диҳанд.Ҳамзамон дар изҳороти роҳбари Тоҷикистон гуфта шудааст, ки дар доираи раёсати Тоҷикистон ба масъалаҳои баробарии гендерӣ аҳамияти калон дода шуд.Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороташ ба пайвастани Эрон ба созмони СҲШ ишора кард.“Яке аз натиҷаҳои муҳими иҷлосия қабули қарорҳо оид ба васеъ намудани ҳайати “оилаи СҲШ” буд. Мо тартиби қабули Эронро ба узвияти Созмон оғоз кардем ва ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ мақоми шарики муколама додем. Ҳамин тариқ, фазои СҲШ васеъ шуда, ҳоло шумораи он ба бисту як (21) давлат расидааст. Шумораи зиёди дархостҳои дигар давлатҳо барои шомил шудан ба фаъолияти СҲШ дар ин ё он мақом аз ин шаҳодат медиҳад.”, - гуфт сарвари Тоҷикистон.Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки кишварҳои узви СҲШ талош хоҳанд кард, ки барои таҳкими ҳамкорӣ бо нозирон ва шарикони муколама шароити зарурӣ фароҳам оранд.“Мо тасмим гирифтем, ки ҳамкории СҲШ бо СММ ва ниҳодҳои он тақвият ва густариш ёбад”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
https://sputnik.tj/20210917/norozigii-rahmon-hukumati-tolibon-khilofi-vadah-1042343368.html
https://sputnik.tj/20210917/sipos-raisi-eron-avlaviyat-1042331645.html
https://sputnik.tj/20210917/shsh-sharik-nav-ruykhat-1042338706.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042330181_70:0:1207:853_1920x0_80_0_0_9b66587609af9b6e2efcf2172f360cac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сҳш, изҳорот, эмомалӣ раҳмон, ҷаласа, расонаҳо, натиҷагирӣ
тоҷикистон, сҳш, изҳорот, эмомалӣ раҳмон, ҷаласа, расонаҳо, натиҷагирӣ
Аз сиёсат то иқтисод - ҳисоботи Эмомалӣ Раҳмон барои расонаҳо
Раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз ҷаласаи сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай тайи як изҳорот масоили баррасишуда дар ҷаласаи ахирро расонаӣ кард
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар изҳороташ қайд кард, ки зимни ҷаласаи мазкур ба масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва муқовимат ба чолишҳову таҳдидҳо дар фазои СҲШ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
“Мо Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизмро барои се соли оянда (2022-2024) тасдиқ кардем”, - таъкид кард раисҷумури Тоҷикистон.
Вай афзуд, ки масъалаи таҳдиди маводи мухаддир ҷои муҳимро ишғол кард.
“Дар робита ба ин, имрӯз мо нақшаи кориро оид ба татбиқи Стратегияи зидди маводи мухаддири СҲШ қабул намудем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари Тоҷикистон бо дарназардошти ҷиддияти ин мушкил таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ-ро дар Душанберо пешниҳод намудааст.
“Мо ба мувофиқа расидем, ки амалҳоро оид ба таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ ва мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ҳамоҳанг созем”, - зикр кард раисҷумҳури Тоҷикистон.
Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон махсусан зикр кард, ки дар мубоҳисаи имрӯза масъалаи Афғонистон мавзӯи калидӣ буд.
Вай гуфт, ки кишварҳои узв ҳавасмандии муштараки худро барои ба як кишвари босубот,озод аз террор, ҷанг, маводи мухаддир ва фақр табдил ёфтани Афғонистон изҳор доштанд.
“Мо зикр кардем, ки шарти асосии табдил додани кишвари ҳамсоя ба давлати орому босубот-ин таъсиси ҳукумати фарогир аст, ки тамоми ҷанбаи этникӣ-сиёсии ҷомеаро инъикос намояд”, - таъкид дошт роҳбари Тоҷикистон.
Вай илова кард, ки дар вохӯрӣ ба масъалаҳои рушди минбаъда ва густариши ҳамкории иқтисодӣ аҳамияти муҳим дода шуд.
“Зикр намудем, ки иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар пандемияи нави коронавирус бо чолишҳои зиёде рӯбарӯст. Ман пешниҳод кардам, ки Стратегияи рушди иқтисодии минтақа то соли ду ҳазору сӣ (2030) таҳия ва қабул карда шавад”, - гуфт ӯ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид доштааст, ки роҳбарони кишварҳои узви СҲШ дар ин масъала ҳамфикр буданд, ки дар шароити пандемия зарур аст заминаи ҳуқуқӣ таҳия карда шавад ва доир ба кори пайвастаи нақлиёт барои интиқоли молҳои муҳим мувофиқа ҳосил гардад.
Вай илова кард, ки имрӯз сарони кишварҳои узви СҲШ, изҳороти муштарак оид ба амнияти озуқаворӣ, ки нигаронии моро аз ин таҳдид нишон медод, қабул кардем.
“Дар ҷараёни ҷаласа мо натиҷаҳои ҳамкориро дар тӯли ду даҳсола дар соҳаи фарҳанг ва гуманитарӣ мусбат арзёбӣ намудем. Бо қарори худ мо ба механизми эълони шаҳрҳои давлатҳоямон ҳамчун пойтахти фарҳангӣ ва сайёҳии СҲШ оғоз бахшидем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай зикр кард, ки сарони кишварҳои СҲШ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои илм ва технология, инноватсия, маориф, тандурустӣ, ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш, инчунин ҳифзи муҳити зист идома диҳанд.
Ҳамзамон дар изҳороти роҳбари Тоҷикистон гуфта шудааст, ки дар доираи раёсати Тоҷикистон ба масъалаҳои баробарии гендерӣ аҳамияти калон дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороташ ба пайвастани Эрон ба созмони СҲШ ишора кард.
“Яке аз натиҷаҳои муҳими иҷлосия қабули қарорҳо оид ба васеъ намудани ҳайати “оилаи СҲШ” буд. Мо тартиби қабули Эронро ба узвияти Созмон оғоз кардем ва ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ мақоми шарики муколама додем. Ҳамин тариқ, фазои СҲШ васеъ шуда, ҳоло шумораи он ба бисту як (21) давлат расидааст. Шумораи зиёди дархостҳои дигар давлатҳо барои шомил шудан ба фаъолияти СҲШ дар ин ё он мақом аз ин шаҳодат медиҳад.”, - гуфт сарвари Тоҷикистон.
Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки кишварҳои узви СҲШ талош хоҳанд кард, ки барои таҳкими ҳамкорӣ бо нозирон ва шарикони муколама шароити зарурӣ фароҳам оранд.
“Мо тасмим гирифтем, ки ҳамкории СҲШ бо СММ ва ниҳодҳои он тақвият ва густариш ёбад”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.