https://sputnik.tj/20210917/sipos-raisi-eron-avlaviyat-1042331645.html
Сипоси Раисӣ барои узвияти Эрон дар СҲШ: Ӯ гуфт, дар кораш ба чӣ авлавият медиҳад
Сипоси Раисӣ барои узвияти Эрон дар СҲШ: Ӯ гуфт, дар кораш ба чӣ авлавият медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Сайид Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ барои пазируфтани кишвараш ба ин созмон изҳори миннатдорӣ кард 17.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-17T16:50+0500
2021-09-17T16:50+0500
2021-09-21T15:52+0500
сҳш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042330023_0:0:2449:1378_1920x0_80_0_0_aa658fc421a5e93ff7dbb2bca84a5fe2.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Иброҳими Раисӣ дар Душанбе аз зарфияти бузурги инсонӣ, энержӣ ва ҷуғрофии Эрон ёдовар шуд ва афзуд, ки ин кишвар дар таҳкими ҳамгироию ҳамкории минтақаӣ саҳми бузург гузошта метавонад. Раисӣ илова намуд, ки чандҷонибагароии иқтисодӣ, сиёсати ҳамсоядории хуб ва тақвияти ҳузур дар созмонҳои минтақаӣ аз авлавиятҳои сиёсаташ ба ҳайси раисҷумҳури Эрон мебошанд. Ба гуфтаи раисҷумҳури Эрон, минтақаи Осиё ҳамеша пайвандии жарф дошта, эҳтиром ба танаввуи фарҳангӣ, эътимоди тарафайну манофеи муштарак аз пояҳои рушди муносибот мебошанд. Таъкиди Раисӣ ба ҳамгироӣ дар ҳолест, ки феълан СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гаштааст.Санади пазируфтани Эрон ба СҲШ аз ҷониби роҳбарони кишварҳои узви ин созмон ба имзо расид. Ҳамчунин Қатар, Миср ва Арабистони Саудӣ низ ба ҳайси нозир дар СҲШ қабул шуданд.
https://sputnik.tj/20210917/si-jinpin-dakholat-khoriji-intikhoboti-dokhil-1042326371.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042330023_108:0:2449:1756_1920x0_80_0_0_4f05cf8be39b39a8a04e8b87a14a9b8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҳш
Сипоси Раисӣ барои узвияти Эрон дар СҲШ: Ӯ гуфт, дар кораш ба чӣ авлавият медиҳад
16:50 17.09.2021 (Навсозишуда: 15:52 21.09.2021) Сайид Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ барои пазируфтани кишвараш ба ин созмон изҳори миннатдорӣ кард
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Иброҳими Раисӣ дар Душанбе аз зарфияти бузурги инсонӣ, энержӣ ва ҷуғрофии Эрон ёдовар шуд ва афзуд, ки ин кишвар дар таҳкими ҳамгироию ҳамкории минтақаӣ саҳми бузург гузошта метавонад.
Раисӣ илова намуд, ки чандҷонибагароии иқтисодӣ, сиёсати ҳамсоядории хуб ва тақвияти ҳузур дар созмонҳои минтақаӣ аз авлавиятҳои сиёсаташ ба ҳайси раисҷумҳури Эрон мебошанд.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Эрон, минтақаи Осиё ҳамеша пайвандии жарф дошта, эҳтиром ба танаввуи фарҳангӣ, эътимоди тарафайну манофеи муштарак аз пояҳои рушди муносибот мебошанд.
Таъкиди Раисӣ ба ҳамгироӣ дар ҳолест, ки феълан СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гаштааст.
Санади пазируфтани Эрон ба СҲШ аз ҷониби роҳбарони кишварҳои узви ин созмон ба имзо расид. Ҳамчунин Қатар, Миср ва Арабистони Саудӣ низ ба ҳайси нозир дар СҲШ қабул шуданд.