Се шарики нави СҲШ кадом кишварҳоянд?

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкЗаседание Совета министров иностранных дел государств - членов ШОС
Заседание Совета министров иностранных дел государств - членов ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Обуна шудан
Се кишвари дигар барои ҳамкорӣ бо СҲШ дархост доданд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар натиҷаи нишасти СҲШ 30 санад ба имзо расид, ки дар байни онҳо се пешниҳоди шомил кардани кишварҳо ба шарикони созмон тасдиқ шуд.
Бино ба маълумоти нашршуда, Қатар, Миср ва Арабистони Саудӣ шарикони нави Созмони Ҳамкории Шонгҳой шудаанд.
Ҳамчунин маълум буд, ки тартиби вуруди Эрон ба СҲШ дар ин нишаст ниҳоӣ мешавад.
Президент Ирана Эбрагим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Сипоси Раисӣ барои узвияти Эрон дар СҲШ: Ӯ гуфт, дар кораш ба чӣ авлавият медиҳад
Ёдовар мешавем, ки Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви комилҳуқуқи СҲШ мебошанд.
Дар ин созмон Афғонистон, Беларус ва Муғулистон ҳамчун нозир ширкат мекунанд, аммо имсол аз Афғонистон дар ин чорабинӣ намояндае ҳузур надошт.
Дар ҳоли ҳозир Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Камбоҷа ва Непал шарикони муколамаи СҲШ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0