https://sputnik.tj/20210915/putin-raisi-zang-zsababi-laghvi-safar-tojikiston-1042262605.html
Путин ба Раисӣ занг заду сабаби лағви сафараш ба Тоҷикистонро гуфт
Путин ба Раисӣ занг заду сабаби лағви сафараш ба Тоҷикистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисони ҷумҳури Эрон ва Русия изҳори умедворӣ карданд, ки дар ояндаи наздик дидору мулоқот хоҳанд кард
2021-09-15T09:50+0500
2021-09-15T09:50+0500
2021-09-15T12:14+0500
дар тоҷикистон
эрон
владимир путин
ҳамкорӣ
суҳбати телефонӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102959/65/1029596571_0:95:2905:1729_1920x0_80_0_0_51365c964b9465f6ae46b8b385c749c0.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия хабар додааст, ки ахиран Владимир Путин, роҳбари Русия ба Президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ занг зад ва гуфт, ки бинобар эҳтимоли бемории корона дар қарантин қарор дорад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.Раисҷумҳури Русия бо ишора ба ҳамкориҳои Маскаву Теҳрон дар мубориза бо корона ва инчунин истеҳсоли муштараки ваксинаи “Спутник V” бар идомаи ин ҳамкориҳо таъкид кард.Раисҷумҳури Эрон дар ин тамоси телефонӣ ба Владимир Путин гуфтааст, ки кишвараш дар пайи рушд ва амиқсозии ҳамкории ду кишвар дар ҳама ҷиҳат аст.Раисӣ ҳамчунин ба зарурати идомаи ҳамкориҳои ду кишвар дар мубориза бо корона, аз ҷумла дар соҳаи тавлиди муштараки ваксинаҳо таъкид кардааст.Ёдрас мекунем, қаблан хабар дода шуда буд, ки раисҷумҳурҳои Эрону Русия қарор аст, дар шуҳри Душанбе ва дар ҳошияи иҷлоси Шонгҳой дидору гуфтугӯ кунанд.Сарони 12 кишвари минтақа, аз ҷумла ҳуҷҷат-ул-ислом-ва-ал-муслимин Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ширкат дар иҷлоси Шонгҳой дар 16 ва 17 сентябр (25 ва 26 шаҳривар) ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар мекунанд. Ба назари таҳлилгарон, буҳрони Афғонистон яке аз мавзӯоти аслии ин иҷлос хоҳад буд.Шаҳри Душанбе ин рӯзҳо худро барои ду нишасти муҳими минтақаӣ, шомили Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ва Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) дар охири ин ҳафта омода кардааст.Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин аз имзои 20 санади ҷадид дар сафари Путин ба ин кишвар хабар доданд, аммо ҷузъиёти тавофуқҳо ба таври расмӣ эълом нашудааст.
https://sputnik.tj/20210914/ruzi-daroz-bemori-covid-putin-laghv-safar-vaksinagiri-video-1042259431.html
https://sputnik.tj/20210914/putin-tamos-telefon-rahmon-sabab-naomadan-sharh-1042250873.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102959/65/1029596571_203:0:2743:1905_1920x0_80_0_0_864072cca4345497f9a7b08661665e57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, раисӣ, занги телефонӣ, эрон, русия, ҳамкорӣ, тоҷикистон
владимир путин, раисӣ, занги телефонӣ, эрон, русия, ҳамкорӣ, тоҷикистон
Путин ба Раисӣ занг заду сабаби лағви сафараш ба Тоҷикистонро гуфт
09:50 15.09.2021 (Навсозишуда: 12:14 15.09.2021) Раисҷумҳурҳои Эрону Русия изҳори умедворӣ карданд, ки дар ояндаи наздик дидору мулоқот хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия хабар додааст, ки ахиран Владимир Путин, роҳбари Русия ба Президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ занг зад ва гуфт, ки бинобар эҳтимоли бемории корона дар қарантин қарор дорад, иттилоъ додааст хабаргузории
ИРНА.
Раисҷумҳури Русия бо ишора ба ҳамкориҳои Маскаву Теҳрон дар мубориза бо корона ва инчунин истеҳсоли муштараки ваксинаи “Спутник V” бар идомаи ин ҳамкориҳо таъкид кард.
Раисҷумҳури Эрон дар ин тамоси телефонӣ ба Владимир Путин гуфтааст, ки кишвараш дар пайи рушд ва амиқсозии ҳамкории ду кишвар дар ҳама ҷиҳат аст.
Раисӣ ҳамчунин ба зарурати идомаи ҳамкориҳои ду кишвар дар мубориза бо корона, аз ҷумла дар соҳаи тавлиди муштараки ваксинаҳо таъкид кардааст.
“Ин ҳамкорӣ бояд то пурра решакан шудани ин бемории сартосарӣ бо шиддат идома ёбад”, - илова кардааст Раисӣ.
Ёдрас мекунем, қаблан хабар дода шуда буд, ки раисҷумҳурҳои Эрону Русия қарор аст, дар шуҳри Душанбе ва дар ҳошияи иҷлоси Шонгҳой дидору гуфтугӯ кунанд.
Сарони 12 кишвари минтақа, аз ҷумла ҳуҷҷат-ул-ислом-ва-ал-муслимин Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ширкат дар иҷлоси Шонгҳой дар 16 ва 17 сентябр (25 ва 26 шаҳривар) ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар мекунанд. Ба назари таҳлилгарон, буҳрони Афғонистон яке аз мавзӯоти аслии ин иҷлос хоҳад буд.
Шаҳри Душанбе ин рӯзҳо худро барои ду нишасти муҳими минтақаӣ, шомили Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ва Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) дар охири ин ҳафта омода кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин аз имзои 20 санади ҷадид дар сафари Путин ба ин кишвар хабар доданд, аммо ҷузъиёти тавофуқҳо ба таври расмӣ эълом нашудааст.