Путин дар тамоси телефонӣ бо Раҳмон сабаби Тоҷикистон наомаданашро шарҳ дод

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкРабочий визит президента РФ В. Путина в Кыргызстан
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Кыргызстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ба далели афзоиши гирифторони коронавирус миёни атрофиёни кишвардори Русия ӯ тасмим гирифтааст, ки ба худинзивоъ равад.
Пас аз расонаӣ шудани хабари ба қарантин рафтани Путин ӯ ба ҳамтои тоҷики худ суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад Кремл.
Бинобар хабари манбаъ, Владимир Путин дар зимни суҳбат ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД бевосита иштирок карда наметавонад ва танҳо аз тариқи онлайн ба кори ин саммит пайваст мешавад.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Путин ба Тоҷикистон намеояд, қарантин рафт
Президенти Русия сабаби ба Тоҷикистон наомадани худро ба афзоиш ёфтани ҳолатҳои гирифтории атрофиёнаш ба бемории коронавирус рабт дод.
Қаблан интизор мерафт, Путин бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз Тоҷикистон боздид кунад ва оғози сафараш ба Душанбе аз 15 сентябр дар назар буд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни нашри барномаи сафари Путин гуфт, сарони давлатҳо "як ба як" ва ҳамчунин дар ҳузури ҳайати васеъ гуфтушунид хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0