https://sputnik.tj/20210914/ruzi-daroz-bemori-covid-putin-laghv-safar-vaksinagiri-video-1042259431.html
"Рӯзи дароз бо бемори COVID-19 будам": Путин дар бораи лағви сафару санҷиши воксин - видео
"Рӯзи дароз бо бемори COVID-19 будам": Путин дар бораи лағви сафару санҷиши воксин - видео
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия гуфт, далели лағви сафараш ба Душанбе бемории атрофиёни наздикаш мебошад. Ӯ ин ҳолатро як санҷиш барои васкинаи "Спутник V"... 14.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-14T20:20+0500
2021-09-14T20:20+0500
2021-09-22T11:07+0500
тандурустӣ
путин
дар русия
коронавирус
карантин
бемор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040542959_0:0:3142:1768_1920x0_80_0_0_891785d86e44558205aba3df7323a715.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия зимни ҷаласаи онлайнӣ бо аъзои Ҳукумат изҳор дошт, ки сафар ба Тоҷикистонро лағв кард, чун рӯзи дароз бо нафаре кор кард, ки гирифтори коронавирус будаст. Раисиҷумҳури Русия гуфт, бо нафари гирифтор рӯзи дароз кор кард ва ин як санҷиш барои "Спутник V" мебошад. Путин зикр намуд, ки воксини "Спутник V" - ро гирифта, феълан сатҳи масунияташ баланд мебошад ва ин як санҷиши самаранокии воксин хоҳад буд. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки Владимир Путин намехоҳад саломатии шариконашро зери хатар гузорад."Амалан президент нафари иртиботдошта бо шахси бемор ҳисоб мешавад ва бояд дар зимни мавзеъгирӣ масъулият дошта бошад. Набояд саломатии шарикони худ - иштирокдорони ҳамоишҳои Душанберо зери хатар гузорад", - изҳор дошт Песков.Ин дар ҳолест, ки таъкид мешавад, бар асоси хулосаи ташхисҳо Путин сиҳат буда, гирифтори коронавирус нест. Қаблан иштироки Путин дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД рӯзҳои 16 - 17 сентябр дар назар буд. Аммо Кремл эълон кард, ки ба далели қарантин Путин дар ҳамоишҳои Душанбе аз тариқи видеоконфронс иштирок хоҳад кард.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040542959_411:0:3142:2048_1920x0_80_0_0_47d82ea6a8fc2764febf707040ddd3a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тандурустӣ, путин, дар русия, коронавирус, карантин, бемор
тандурустӣ, путин, дар русия, коронавирус, карантин, бемор
"Рӯзи дароз бо бемори COVID-19 будам": Путин дар бораи лағви сафару санҷиши воксин - видео
20:20 14.09.2021 (Навсозишуда: 11:07 22.09.2021) Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия гуфт, далели лағви сафараш ба Душанбе бемории атрофиёни наздикаш мебошад. Ӯ ин ҳолатро як санҷиш барои васкинаи "Спутник V" хонд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия зимни ҷаласаи онлайнӣ бо аъзои Ҳукумат изҳор дошт, ки сафар ба Тоҷикистонро лағв кард, чун рӯзи дароз бо нафаре кор кард, ки гирифтори коронавирус будаст.
"Ин корманд воксин гирифта буд, аммо сатҳи титрҳояш поин шуд, дубора ваксина гирифт, аммо зоҳиран каме дер кардаст. Ба фикрам баъди се рӯзи воксингирии дубора, ӯ бемор шудааст", - шарҳ дод Путин.
Раисиҷумҳури Русия гуфт, бо нафари гирифтор рӯзи дароз кор кард ва ин як санҷиш барои "Спутник V" мебошад. Путин зикр намуд, ки воксини "Спутник V" - ро гирифта, феълан сатҳи масунияташ баланд мебошад ва ин як санҷиши самаранокии воксин хоҳад буд.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки Владимир Путин намехоҳад саломатии шариконашро зери хатар гузорад.
"Амалан президент нафари иртиботдошта бо шахси бемор ҳисоб мешавад ва бояд дар зимни мавзеъгирӣ масъулият дошта бошад. Набояд саломатии шарикони худ - иштирокдорони ҳамоишҳои Душанберо зери хатар гузорад", - изҳор дошт Песков.
Ин дар ҳолест, ки таъкид мешавад, бар асоси хулосаи ташхисҳо Путин сиҳат буда, гирифтори коронавирус нест.
Қаблан иштироки Путин дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД рӯзҳои 16 - 17 сентябр дар назар буд. Аммо Кремл эълон кард, ки ба далели қарантин Путин дар ҳамоишҳои Душанбе аз тариқи видеоконфронс иштирок хоҳад кард.