https://sputnik.tj/20210914/tojikiston-kuch-amriko-afghoniston-kumak-1042244098.html
Тоҷикистон дар хуруҷи амрикоиҳо аз Афғонистон кумак мекунад
Тоҷикистон дар хуруҷи амрикоиҳо аз Афғонистон кумак мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар баробари Ӯзбекистон ва Покистон ваъда додааст, ки убури шаҳрвандони Амрикоро аз Афғонистон ба қаламравашро иҷозат медиҳад
2021-09-14T10:40+0500
2021-09-14T10:40+0500
2021-09-14T13:08+0500
дар тоҷикистон
има
афғонистон
сарҳад
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103103/95/1031039546_0:16:2048:1168_1920x0_80_0_0_fe65e61dab92a8938f3dafe3322c9fac.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Покистон ба мувофиқа расидаанд, то шаҳрвандонашонро аз Афғонистон ба ин се кишвар интиқол диҳанд. Зимни суханронӣ дар Кумитаи корҳои хориҷии Конгресси ИМА, ки дар зимни он вазъи Афғонистон муҳокима мешуд, ӯ гуфт, муваффақ ба баррасии вазъи марзи Афғонистон бо мақомоти ин се кишвар шудааст."Мо бо баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Покистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон кор кардем, то сарҳадҳои онҳо дар маҷмуъ барои шаҳрвандони Амрико, дорандагони иҷозатномаи иқомат дар Иёлоти Муттаҳида, инчунин дорандагони раводид ё иҷозаи вуруд ба Амрико, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд ва мо ба онҳо кумак мекунем, боз бошанд", - гуфт Энтони Блинкен.Вазири корҳои хориҷӣ қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида бо ҳар се кишвар созишнома дорад.Илова бар ин пас аз интиқоди шадид аз амалҳои Президент Ҷо Байден ва маъмурияти ӯ дар Афғонистон сарвари дипломатҳои Амрико эътироф кард, ки ҳукуматдорони ИМА дар муқовимат бо "Толибон"* натавонистанд стратегияи ғалабаро таҳия кунанд.Гузашта аз ин, ба гуфтаи Блинкен, дар нақшаи низомии зиддитеррористӣ ИМА дар Афғонистон хеле муваффақ амал кард.* Ҷунбиши "Толибон" ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст. Фаъолияти ӯ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
https://sputnik.tj/20210913/siyosatshinos-tojik-pashtun-afghoniston-1042236142.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103103/95/1031039546_228:0:2048:1365_1920x0_80_0_0_9221e9df442c515c2c9421a86703417b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯч, амрикоиҳо, афғонистон, кумак
тоҷикистон, кӯч, амрикоиҳо, афғонистон, кумак
Тоҷикистон дар хуруҷи амрикоиҳо аз Афғонистон кумак мекунад
10:40 14.09.2021 (Навсозишуда: 13:08 14.09.2021) Тоҷикистон дар баробари Ӯзбекистону Покистон ваъда кардааст, ки барои убури шаҳрвандони Амрико аз Афғонистон ба ин кишвар мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Покистон ба мувофиқа расидаанд, то шаҳрвандонашонро аз Афғонистон ба ин се кишвар интиқол диҳанд.
Зимни суханронӣ дар Кумитаи корҳои хориҷии Конгресси ИМА, ки дар зимни он вазъи Афғонистон муҳокима мешуд, ӯ гуфт, муваффақ ба баррасии вазъи марзи Афғонистон бо мақомоти ин се кишвар шудааст.
"Мо бо баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Покистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон кор кардем, то сарҳадҳои онҳо дар маҷмуъ барои шаҳрвандони Амрико, дорандагони иҷозатномаи иқомат дар Иёлоти Муттаҳида, инчунин дорандагони раводид ё иҷозаи вуруд ба Амрико, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд ва мо ба онҳо кумак мекунем, боз бошанд", - гуфт Энтони Блинкен.
Вазири корҳои хориҷӣ қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида бо ҳар се кишвар созишнома дорад.
Илова бар ин пас аз интиқоди шадид аз амалҳои Президент Ҷо Байден ва маъмурияти ӯ дар Афғонистон сарвари дипломатҳои Амрико эътироф кард, ки ҳукуматдорони ИМА дар муқовимат бо "Толибон"* натавонистанд стратегияи ғалабаро таҳия кунанд.
Гузашта аз ин, ба гуфтаи Блинкен, дар нақшаи низомии зиддитеррористӣ ИМА дар Афғонистон хеле муваффақ амал кард.
* Ҷунбиши "Толибон" ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст. Фаъолияти ӯ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.