https://sputnik.tj/20210913/siyosatshinos-tojik-pashtun-afghoniston-1042236142.html
Сиёсатшиноси тоҷик гуфт, ки "ғояи паштунӣ" Афғонистонро куҷо мебарад
Сиёсатшиноси тоҷик гуфт, ки "ғояи паштунӣ" Афғонистонро куҷо мебарад
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатшиноси тоҷик аз оқибатҳои фалокатовари муноқишаҳои қавмӣ дар Афғонистон ҳушдор медиҳад
2021-09-13T18:37+0500
2021-09-13T18:37+0500
2021-09-13T19:58+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
афғонистон
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041759885_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_90ecc3520c015ebc8db3c0e7a8007bb4.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Абдураҳмон Муҳаммад, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор гуфт, ки мушкилоти мардуми Афғонистон ба масъалаҳои ҳифзи сулҳ дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Вай дар суҳбат бо АМИТ "Ховар" гуфтааст, ки Афғонистон аз ҷиҳати мавҷудияти муноқишаҳои қабилавӣ ва қавмӣ яке аз 37 кишвари ҷаҳон аст. Ба гуфтаи Абдураҳмон Муҳаммад, муноқишаҳо дар Афғонистон тамоюли "печида бо назардошти омилҳои хориҷӣ" доранд."Афғонистон дорои қавмҳо бо фарҳангҳо, забонҳо ва мазҳабҳои мухталиф аст ва онҳо он қадар фарқ мекунанд, ки мафҳуми "миллати афғон"-ро дар ин кишвар татбиқ кардан ғайримумкин ва то имрӯз дар Афғонистон як миллат ташкил нашудааст", - шарҳ дод, сиёсатшинос.Вай хотиррасон кард, ки имрӯзҳо дар қаламрави кишвари ҳамсоя даҳҳо миллат, аз қабили тоҷикон, ҳазораҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо, балуҷҳо, қизилбошҳо, оммақҳо, нуристониҳо, кашмириён, ҳиндуҳо, сикхҳо ва дигарон зиндагӣ мекунанд.Коршинос таъкид кард, ки Толибон (гурӯҳи террористие, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ ) имрӯз ҷудоихоҳиро эҳё мекунанд ва ғояҳои паштуниро амалӣ мекунанд, ки аз набудани ҳувияти миллӣ ва ифротгароии онҳо шаҳодат медиҳад. Сабаби асосии бархӯрдҳои зиёд дар Афғонистон рақобат ва низои қабилаҳост ва аз ин рӯ ҳама гуна талошҳо барои нигоҳ доштани қудрат боиси сар задани муноқишаҳои қавмӣ байни сарварони қабилаҳо мешаванд.Доктори илми сиёсат ба хулосае омад, ки муноқишаи қавмӣ метавонад боиси фоҷиаи миллӣ гардад ва бераҳмӣ, қонуншиканӣ, куштори хурду калон, занону кӯдакон боиси коҳиши обрӯи ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ шавад.
https://sputnik.tj/20210911/mufti-tojikiston-tolibon-khatar-dorand-1042194778.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041759885_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_3694e9750673bf50cf89f775c7fa0689.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсатшинос, тоҷик, "ғояи паштунӣ", афғонистонро,
сиёсатшинос, тоҷик, "ғояи паштунӣ", афғонистонро,
Сиёсатшиноси тоҷик гуфт, ки "ғояи паштунӣ" Афғонистонро куҷо мебарад
18:37 13.09.2021 (Навсозишуда: 19:58 13.09.2021) Сиёсатшиноси тоҷик дар бораи оқибатҳои фалокатовари муноқишаҳои қавмӣ дар Афғонистон ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Абдураҳмон Муҳаммад, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор гуфт, ки мушкилоти мардуми Афғонистон ба масъалаҳои ҳифзи сулҳ дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.
Вай дар суҳбат бо АМИТ "Ховар" гуфтааст, ки Афғонистон аз ҷиҳати мавҷудияти муноқишаҳои қабилавӣ ва қавмӣ яке аз 37 кишвари ҷаҳон аст.
Ба гуфтаи Абдураҳмон Муҳаммад, муноқишаҳо дар Афғонистон тамоюли "печида бо назардошти омилҳои хориҷӣ" доранд.
"Афғонистон дорои қавмҳо бо фарҳангҳо, забонҳо ва мазҳабҳои мухталиф аст ва онҳо он қадар фарқ мекунанд, ки мафҳуми "миллати афғон"-ро дар ин кишвар татбиқ кардан ғайримумкин ва то имрӯз дар Афғонистон як миллат ташкил нашудааст", - шарҳ дод, сиёсатшинос.
Вай хотиррасон кард, ки имрӯзҳо дар қаламрави кишвари ҳамсоя даҳҳо миллат, аз қабили тоҷикон, ҳазораҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо, балуҷҳо, қизилбошҳо, оммақҳо, нуристониҳо, кашмириён, ҳиндуҳо, сикхҳо ва дигарон зиндагӣ мекунанд.
Коршинос таъкид кард, ки Толибон (гурӯҳи террористие, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ ) имрӯз ҷудоихоҳиро эҳё мекунанд ва ғояҳои паштуниро амалӣ мекунанд, ки аз набудани ҳувияти миллӣ ва ифротгароии онҳо шаҳодат медиҳад.
Сабаби асосии бархӯрдҳои зиёд дар Афғонистон рақобат ва низои қабилаҳост ва аз ин рӯ ҳама гуна талошҳо барои нигоҳ доштани қудрат боиси сар задани муноқишаҳои қавмӣ байни сарварони қабилаҳо мешаванд.
"Шуҳратпарастии авлодии паштунҳо дар ниҳоят метавонад ба он оварда расонад, ки кишвар ба қисмҳои хурд тақсим шудаву халқҳои озодидуст пароканда шаванд", - таъкид мекунад сиёсатшинос.
Доктори илми сиёсат ба хулосае омад, ки муноқишаи қавмӣ метавонад боиси фоҷиаи миллӣ гардад ва бераҳмӣ, қонуншиканӣ, куштори хурду калон, занону кӯдакон боиси коҳиши обрӯи ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ шавад.