https://sputnik.tj/20210912/hushdori-maqomot-britoniy-khuruj-neruho-afghoniston-1042209464.html
Ҳушдори мақомоти Бритониё аз такрори "11 сентябр" баъди хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон
Ҳушдори мақомоти Бритониё аз такрори "11 сентябр" баъди хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Хадамоти амнияти миллии Бритониё мегӯяд, хатари такрори "11 сентябр" баъди хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон бештар шуд
2021-09-12T18:00+0500
2021-09-12T18:00+0500
2021-09-12T18:00+0500
дар ҷаҳон
има
афғонистон
толибон
бритониё
ҳамлаи террористӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042074329_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_5f62b07206d55dd8091fb610f3b912d8.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Кен Макаллум, роҳбари MI5, мақомоти амниятии Бритониё, аз такрори ҳамлаҳои монанд ба 11 сентябри соли 2001 ҳушдор дод. Маккаллум дар суҳбат бо The Times таъкид намудааст, ки эҳтимоли такрори чунин ҳамлаҳо баъди хуруҷи нерӯҳои Ғарб аз Афғонистон бештар гардид.Ба ақидаи роҳбари MI5, тасмими Вашингтон барои тундгароёни исломӣ "илҳомбахш ва руҳафзо" шуд. Гап на танҳо дар бораи болоравии руҳия меравад, балки гуруҳбандиҳои террористон бо ҳадафи ҳамлаҳои сахттар мебошад. Маврид ба зикр аст, ки 11 сентябри соли 2001 террористон ду ҳавопаймои мусофирбарро ғасб карда, ба ду бинои дугоники осмонбӯси Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню - Йорк бархӯрда онҳоро ба хок яксон намуданд. Ҳавопаймои сеюм ба қаноти чапи бинои Вазорати мудофиа дар Вашингтон ва чаҳорум дар наздикии шаҳри Питсбурги аёлати Пенсилвания суқут кард. Тибқи омори расмӣ, дар шаҳри Ню-Йорк 2 ҳазору 749 нафар, дар Вашингтон — 189 нафар ва дар Пенсилвания — 44 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ҳамин ҳол ИМА ҷанги бистсолаашон дар Афғонистонро 31 август ҷамъбаст карданд ва қудратро дар ин кишвар Толибон* ғасб намуданд, ки ба иддаои ИМА роҳбарони "Ал Қоида"* - ро паноҳ дода буданд. Масъули ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 "Ал Қоида"* гуфта мешавад.* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210912/munosibat-tolibon-bo-zanon-afghon-1042207940.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042074329_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a03dbc85a3d26295f97f570cf4560f12.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаҳон, амният, 11 сентябр, толибон, афғонистон
ҷаҳон, амният, 11 сентябр, толибон, афғонистон
Ҳушдори мақомоти Бритониё аз такрори "11 сентябр" баъди хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон
Роҳбари Хадамоти амнияти миллии Бритониё мегӯяд, хатари такрори "11 сентябр" баъди хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон бештар шуд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Кен Макаллум, роҳбари MI5, мақомоти амниятии Бритониё, аз такрори ҳамлаҳои монанд ба 11 сентябри соли 2001 ҳушдор дод.
Маккаллум дар суҳбат бо
The Times таъкид намудааст, ки эҳтимоли такрори чунин ҳамлаҳо баъди хуруҷи нерӯҳои Ғарб аз Афғонистон бештар гардид.
Ба ақидаи роҳбари MI5, тасмими Вашингтон барои тундгароёни исломӣ "илҳомбахш ва руҳафзо" шуд. Гап на танҳо дар бораи болоравии руҳия меравад, балки гуруҳбандиҳои террористон бо ҳадафи ҳамлаҳои сахттар мебошад.
"Хатари он, ки тавассути тавтеаи зиракона тарҳрезишуда моро боз дар рӯбарӯи ҳамлаҳо ба монанди 11 сентябр қарор медиҳанд, афзоиш ёфт", - изҳор дошт Макаллум.
Маврид ба зикр аст, ки 11 сентябри соли 2001 террористон ду ҳавопаймои мусофирбарро ғасб карда, ба ду бинои дугоники осмонбӯси Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню - Йорк бархӯрда онҳоро ба хок яксон намуданд. Ҳавопаймои сеюм ба қаноти чапи бинои Вазорати мудофиа дар Вашингтон ва чаҳорум дар наздикии шаҳри Питсбурги аёлати Пенсилвания суқут кард.
Тибқи омори расмӣ, дар шаҳри Ню-Йорк 2 ҳазору 749 нафар, дар Вашингтон — 189 нафар ва дар Пенсилвания — 44 нафар ба ҳалокат расиданд.
Дар ҳамин ҳол ИМА ҷанги бистсолаашон дар Афғонистонро 31 август ҷамъбаст карданд ва қудратро дар ин кишвар Толибон* ғасб намуданд, ки ба иддаои ИМА роҳбарони "Ал Қоида"* - ро паноҳ дода буданд. Масъули ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 "Ал Қоида"* гуфта мешавад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар