https://sputnik.tj/20210912/munosibat-tolibon-bo-zanon-afghon-1042207940.html
Нақли зани фирорӣ дар бораи муносибати Толибон* бо занони афғон
Нақли зани фирорӣ дар бораи муносибати Толибон* бо занони афғон
Sputnik Тоҷикистон
Фармонҳои мақомоти нав ба занони Афғонистон зарбаи сахт заданд: онҳо ҳуқуқҳои солҳои тӯлонӣ талаби худро аз даст доданд
2021-09-12T16:35+0500
2021-09-12T16:35+0500
2021-09-12T16:51+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
иҷтимоъ
афғонистон
маориф
мактаб
занон
низомиёни афғон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102692/70/1026927045_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_a327c1eb1d793098f37da62bafc5c9cb.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен – Sputnik. Пеш аз ба сари қудрат омадани Толибон* вазъи ҳуқуқи занон дар Афғонистон хеле беҳтар шуда буд. Дар ин бора як фаъоли ҷомеавӣ Арезо ба РИА Новости гуфтааст. Ба гуфти вай, хонаводаҳо ба таҳсили духтарон дар мактабҳо бештар диққат медоданд ва ҳуқуқи онҳо бо писарон баробар мешуд. Арезо қайд мекунад, ки тағйироти навбатии қудрат ҳама чизро дигар кард. Аз тарси ҷангҷӯён, духтарони аз 7 то 9 -сола ҳарчанд бо рӯймол мегарданд, аз рафтан ба мактаб меҳаросанд. Ҳоло дар он ҷо танҳо писарон таҳсил мекунанд. Вай таъкид кард, заноне, ки дар созмонҳои давлатӣ кор мекарданд, аз Толибон* дастурҳои махсус гирифтаанд. Ҷангҷӯён талаб карданд, ки то мутобиқ шудани созмонҳо ба тартиби нав дар хона бимонанд.Муассисаҳо бояд барои занон ҷойҳои алоҳидаи корӣ фароҳам оранд. Ҳар як корманд вазифадор аст ниқоб пӯшад, то тамоми рӯйро ба истиснои чашм пӯшонад. Ёдрас мешавем, ки ин ҳомии ҳуқуқ аз Афғонистон ба Қатар фирор кардааст. Дар тӯли якчанд ҳафта беш аз 58 ҳазор нафар аз ҷумҳурӣ ба кишвар кӯчонида шуданд. Бисёре аз афғонҳо дар Қатар боқӣ мемонанд ва мунтазири раводид аз кишварҳои ғарбӣ ҳастанд.Қаблан Толибон* дар донишгоҳҳои Афғонистон қоидаҳои қатъиро ҷорӣ карда буданд. Ҳоло духтарон аз писарон алоҳида таҳсил мехонанд, либосҳои пӯшида ва ниқоб доранду аз дарс панҷ дақиқиа пеш аз писарон мебароянд.* - созмони террористӣ, ки дар Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст
https://sputnik.tj/20210907/tahsilot-zanu-mard-donishgohho-afghoniston-1042105558.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102692/70/1026927045_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a12c9be2a06af6b9fc6b9cc5014cb793.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муносибати толибон, занон, афғон,
муносибати толибон, занон, афғон,
Нақли зани фирорӣ дар бораи муносибати Толибон* бо занони афғон
16:35 12.09.2021 (Навсозишуда: 16:51 12.09.2021) Фармонҳои мақомоти нав ба занони Афғонистон зарбаи сахт заданд: онҳо ҳуқуқҳои солҳои тӯлонӣ талошкардаашонро аз даст медиҳанд
ДУШАНБЕ, 12 сен – Sputnik. Пеш аз ба сари қудрат омадани Толибон* вазъи ҳуқуқи занон дар Афғонистон хеле беҳтар шуда буд. Дар ин бора як фаъоли ҷомеавӣ Арезо ба РИА Новости гуфтааст.
Ба гуфти вай, хонаводаҳо ба таҳсили духтарон дар мактабҳо бештар диққат медоданд ва ҳуқуқи онҳо бо писарон баробар мешуд.
Арезо қайд мекунад, ки тағйироти навбатии қудрат ҳама чизро дигар кард. Аз тарси ҷангҷӯён, духтарони аз 7 то 9 -сола ҳарчанд бо рӯймол мегарданд, аз рафтан ба мактаб меҳаросанд. Ҳоло дар он ҷо танҳо писарон таҳсил мекунанд.
"Дарсҳои муштарак дар мактабҳо манъ аст ва кӯдакони ҷинси мухталиф то синфи панҷум якҷоя таҳсил мекарданд", - гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, заноне, ки дар созмонҳои давлатӣ кор мекарданд, аз Толибон* дастурҳои махсус гирифтаанд. Ҷангҷӯён талаб карданд, ки то мутобиқ шудани созмонҳо ба тартиби нав дар хона бимонанд.
Муассисаҳо бояд барои занон ҷойҳои алоҳидаи корӣ фароҳам оранд. Ҳар як корманд вазифадор аст ниқоб пӯшад, то тамоми рӯйро ба истиснои чашм пӯшонад.
"Дар гузашта занони коргар дар тан либоси муқаррарӣ - шим, курта дар бар доштанд ва чеҳраҳояшонро кушода мемонданд", - гуфт Арезо.
Ёдрас мешавем, ки ин ҳомии ҳуқуқ аз Афғонистон ба Қатар фирор кардааст. Дар тӯли якчанд ҳафта беш аз 58 ҳазор нафар аз ҷумҳурӣ ба кишвар кӯчонида шуданд.
Бисёре аз афғонҳо дар Қатар боқӣ мемонанд ва мунтазири раводид аз кишварҳои ғарбӣ ҳастанд.
Қаблан Толибон* дар донишгоҳҳои Афғонистон қоидаҳои қатъиро ҷорӣ карда буданд. Ҳоло духтарон аз писарон алоҳида таҳсил мехонанд, либосҳои пӯшида ва ниқоб доранду аз дарс панҷ дақиқиа пеш аз писарон мебароянд.
* - созмони террористӣ, ки дар Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст