https://sputnik.tj/20210910/namoish-neru-marz-2021-tahdid-afghonistonro-peshgiri-1042181816.html
Намоиши нерӯ: чӣ гуна размоиши "Марз - 2021" таҳдид аз Афғонистонро пешгирӣ мекунад
Намоиши нерӯ: чӣ гуна размоиши "Марз - 2021" таҳдид аз Афғонистонро пешгирӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносони низомӣ мегӯянд, нооромӣ дар Афғонистон ба равобити кишварҳои узви СААД таъсир мерасонад
2021-09-10T16:55+0500
2021-09-10T16:55+0500
2021-09-10T17:25+0500
амният ва мудофиа
толибон
осиёи марказӣ
низомӣ
размоиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042165466_0:25:1000:588_1920x0_80_0_0_dab5780dd73ea0575941216e81cf3147.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik, Данара Курманова. Дар Қирғизистон рӯзи 9 сентябр размоиши "Марз-2021" -и Нерӯҳои муштараки зудамали СААД, ки 7 сентябр оғоз ёфт, ҷамъбаст гардид. Низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия дар размоиш иштирок карданд. Мақсадҳои гузошташуда дар машқҳо амалӣ шуданд - нерӯҳои муштарак масъалаҳои масдуд ва несту нобуд кардани гурӯҳҳои ҷангиро коркард кардааст, ки тибқи барномаи машқҳо ба қаламрави яке аз кишварҳои узви СААД ҳамла кардаанд. Дар ин бора дар маросими пӯшидашавии "Марз-2021" сардори ситоди муштараки СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров иттилоъ дод. Вазъ мураккаб астҲамзамон, коршиносони низомӣ чунин мешуморанд, ки "Марз-2021" барои ба эътидол овардани вазъ дар наздикиҳо марзи Афғонистон, дигар паёмҳои ғайримустақимро иҷро кардааст. Дар марвиди тафсилот, Sputnik матлабе таҳия кардааст. Машқҳо дар доираи СААД мунтазам гузаронида мешаванд. Аз ҷумла дар тӯли 20 сол нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ 10 чорабинии муштарак баргузор намуд. Машқҳои кунунӣ пас аз шиддат гирифтани авзоъ дар Афғонистон, вақте Толибон * ба қудрат расиданд, роҳандозӣ шуданд, изҳор дошт Иля Крамник, пажӯҳишгар ва коршиноси низоӣ. "Дар ин ҳолат, кишварҳои узви Созмон бояд шеваи вокунишро таҳия кунанд, ки дар сурати таҳдиди эҳтимолии ҳамла аз марзи Афғонистон роҳандозӣ мешавад", - мегӯяд ӯ.Крамник хотиррасон мекунад, ки ҷунбиши Толибон* дар Русия ҳамчун як ҳаракати террористӣ мамнӯъ аст ва он аз рӯйхати террористии Шӯрои Амнияти СММ низ лағв нашудааст. Дар ифтитоҳи машқҳо муовини вазири мудофиаи Қирғизистон, Алмазбек Карасартов гуфт, ки рушди малакаи саҳроӣ ва гузаронидани "амалиёти зиддитеррористӣ" дар пасманзари афзоиши хатарҳо муҳим мебошад. Анатолий Сидоров ҳамчунин дар бораи мураккабии вазъ дар Осиёи Марказӣ сухан гуфт. Ба гуфтаи вай, вазъи номусоид дар минтақа "дар пасманзари ишғоли қудрат аз сӯи Толибон* дар Афғонистон, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммарз аст", ба вуҷуд омадааст.Коршиноси низомӣ Юрий Лямин бар ин бовар аст, ки як далели мураккаб будани таҳдиди террористӣ, қарори мақомоти Тоҷикистон дар бораи нафиристодани низомиёни худ ба размоиши "Марз - 2021" мебошад. Ба гуфтаи ӯ, аввалан, дар давраи машқҳои мазкур дар Тоҷикистон гузашти низомӣ ба ифтихори 30 -юмин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ баргузор шуд. Баъдан моҳи октябр СААД машқҳои навро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон баргузор мекунад.Рушди силоҳи Русия"Русия такягоҳи нерӯҳои СААД аст, агар мо қувваҳои мусаллаҳи онро бо нерӯҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон муқоиса кунем," - мегӯяд Юрий Лямин ва афзуд, ки дар сурати таҳдиди низомӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ, Русия албатта кумак хоҳад кард. Ин нуктаро мақомоти Русия низ таъкид карданд. Фикри Ляминро рақамҳо низ тасдиқ мекунанд. Бино ба иттилои маркази матбуотии нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ, дар машқҳои низомӣ дар тамрингоҳи Эделвайси Қирғизистон беш аз ҳазор низомӣ иштирок карданд, ки аз ин шумора 500 нафарашон низомиёни Русия буданд.Русия инчунин беш аз 120 адад таҷҳизот, аз қабили танкҳо, мошинҳои зиреҳпӯш, мошинҳои ҷангӣ, чархболҳои нақлиётӣ ва ҷангии Ми-8 ва ҳавопаймоҳои ҳамлаии Су-25-ро таъмин намуд."Машқҳо як чорабинии дорои марҳилаи гуногун мебошанд", тавзеҳ дод коршиноси низомӣ, полковники мустаъфӣ Виктор Литовкин ва афзуд, ки нерӯҳо бояд қодир бошанд, ки тамоми лавозимотро зуд, самаранок ва ҳамоҳанг истифода баранд ва ин дар сурати ҳамкории дуруст имконпазир аст. Ӯ илова намуд, ки машқҳо дар доираи як артиш низ ин ҳадафро доранд, аммо мавриди зикршуда сухан дар бораи артиш аз сарбозони давлатҳои гуногун меравад. Литовкин мегӯяд, Русия ба таъмини амнияти Қирғизистон таваҷҷӯҳи хос дорад, чун фурудгоҳи низомии Кант дар вилояти Чуйи Қирғизистон аз ҷиҳати сохторӣ ба қисми 14 -уми нерӯҳои ҳавоии Русия шомил мебошад. Виктор Литовкин мегӯяд, Русия дар баланд бардоштани сатҳи тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон иштирок мекунад, онро бо аслиҳа ва техникаи муосир таъмин месозад. Ӯ соли 2019 -ро мисол меорад, ки Русия ба Қирғизистон ду чархбол ва 9 мошини зиреҳпӯш тақдим кард ва барои бунёди иншооти нав барои қисмҳои сарҳадии Қирғизистон 48,5 миллион доллар ҷудо кард. "Русия қаблан низ дар канори иттифоқчиёнаш қарор дошту дар пасманзари таҳдидҳои охир дучанд омода аст, дар сурати зарурӣ сарҳадҳои давлатҳои иттифоқчиро ҳифз кунад", - гуфт Литовкин. Бино ба иттилоъи Вазорати дифоъи Русия, дар пойгоҳи низомии Кант феълан ҳавопаймоҳои ҳамлагари Су-25СМ ҷой доранд, ки метавонанд дар як ҳамла ба ду ҳадаф зарба зананд. Инчунин дар он ҷо чархболҳои Ми-8МТВ5-1 ҳастанд, ки қодиранд бори вазнашон то 4 тоннаро интиқол диҳанд ва бо таҷҳизоти махсуси фаннию равшанидиҳӣ муҳҷаҳҳаз мебошанд. Он имкон медиҳад, ки айнакҳои дорои қобилияти биниши шабонаро истифода бурда шаванд, ки махсусан ҳангоми амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот муҳим аст.Намоиши иттиҳодИля Крамник чунин мешуморад, ки машқҳо дар Қирғизистон ду ҷиҳати фарқкунанда доштанд. Якум комилан амалӣ, ки тибқи барномаи "Марз-2021", ҷангҷӯён ба яке аз кишварҳои СААД ҳуҷум карданд, ки ба ин далел Созмон бояд ҳарчӣ зудтар нерӯҳои худро ба он ҷо интиқол диҳад. "Ин нуктаи асосии машқҳост: мубориза ва нобудсозии созмонҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, инчунин рушди масъалаҳои ҳамкорӣ аз ҷанбаҳои дигари муҳим мебошад", - мегӯяд Крамник ва тавзеҳ дод, ки ҳамаи масоил аз интиқоли нерӯҳо то таъминот бояд коркард шавад. Нуқтаи дуюми муҳими "Марз-2021" намоиши ҳамоҳангии нерӯҳои СААД ва ваҳдати сиёсии кишварҳои минтақаю Русия аст, мегӯяд Крамник. Виктор Литовкин бо ақидаи ӯ мувофиқ аст, ки таҳдиди Афғонистон давлатҳоро бештар ба ҳам овард. "Қазоқистон бо Афғонистон ҳаммарз нест, аммо агар радикалҳо аз марзҳои Ӯзбекистон ё Тоҷикистон убур кунанд, хатари терроризм ба тамоми минтақа паҳн мешавад. Русия дар ин ҷо як унсури мустаҳкамсозии тамоми сарҳадҳои ҷумҳуриҳо мебошад", - афзуд ӯ. Маврид ба зикр аст, ки феълан Ӯзбекистон, ки соли 2012 аз СААД хориҷ шуд, бо ин созмон ҳамкорӣ мекунад, таъкид кард Юрий Лямин."Ба гумон аст, ки Ӯзбекистон ба СААД баргардад, аммо Созмон инчунин омодагии худро барои ҳамкорӣ бо ҷумҳурӣ эълон мекунад ва президент Шавкат Мирзиёев дар нишасти ғайринавбатии августии сарони кишварҳои узви СААД ҳамчун меҳмони даъватшуда ширкат варзид. Тошканд сатҳи таҳдидро мефаҳмад, аз ин рӯ, фикр мекунам, дар ояндаи наздик ҳамоҳангиро бо Русия ва дар маҷмӯъ СААД тақвият хоҳад дод", - изҳори итминон кард ӯ.* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210910/namoyandai-rusiya-smm-tolibon-hukumat-qonuni-afghoniston-1042181442.html
https://sputnik.tj/20210810/halta-otashin-hamlagar-tojikiston-nobud-1041531030.html
https://sputnik.tj/20210810/nashri-navori-razmoishi-nizomiyoni-tojiku-rusu-uzbek-dar-nazdikii-marz-bo-afghoniston---video-1041582018.html
https://sputnik.tj/20210719/neruho-mahsus-rusiya-afghoniston-razmoish-1040989820.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042165466_76:0:964:666_1920x0_80_0_0_ef0877b9eb8b91f61ee87d07a4924a06.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
созмони террористӣ, мамнӯъ, афғонистон, толибон, рзамоиш, муштарак, саад
созмони террористӣ, мамнӯъ, афғонистон, толибон, рзамоиш, муштарак, саад
Намоиши нерӯ: чӣ гуна размоиши "Марз - 2021" таҳдид аз Афғонистонро пешгирӣ мекунад
16:55 10.09.2021 (Навсозишуда: 17:25 10.09.2021) Коршиносони низомӣ мегӯянд, нооромӣ дар Афғонистон ба равобити кишварҳои узви СААД таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik, Данара Курманова. Дар Қирғизистон рӯзи 9 сентябр размоиши "Марз-2021" -и Нерӯҳои муштараки зудамали СААД, ки 7 сентябр оғоз ёфт, ҷамъбаст гардид.
Низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия дар размоиш иштирок карданд.
Мақсадҳои гузошташуда дар машқҳо амалӣ шуданд - нерӯҳои муштарак масъалаҳои масдуд ва несту нобуд кардани гурӯҳҳои ҷангиро коркард кардааст, ки тибқи барномаи машқҳо ба қаламрави яке аз кишварҳои узви СААД ҳамла кардаанд. Дар ин бора дар маросими пӯшидашавии "Марз-2021" сардори ситоди муштараки СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров иттилоъ дод.
Ҳамзамон, коршиносони низомӣ чунин мешуморанд, ки "Марз-2021" барои ба эътидол овардани вазъ дар наздикиҳо марзи Афғонистон, дигар паёмҳои ғайримустақимро иҷро кардааст. Дар марвиди тафсилот, Sputnik матлабе таҳия кардааст.
Машқҳо дар доираи СААД мунтазам гузаронида мешаванд. Аз ҷумла дар тӯли 20 сол нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ 10 чорабинии муштарак баргузор намуд. Машқҳои кунунӣ пас аз шиддат гирифтани авзоъ дар Афғонистон, вақте Толибон * ба қудрат расиданд, роҳандозӣ шуданд, изҳор дошт Иля Крамник, пажӯҳишгар ва коршиноси низоӣ.
"Дар ин ҳолат, кишварҳои узви Созмон бояд шеваи вокунишро таҳия кунанд, ки дар сурати таҳдиди эҳтимолии ҳамла аз марзи Афғонистон роҳандозӣ мешавад", - мегӯяд ӯ.
Крамник хотиррасон мекунад, ки ҷунбиши Толибон* дар Русия ҳамчун як ҳаракати террористӣ мамнӯъ аст ва он аз рӯйхати террористии Шӯрои Амнияти СММ низ лағв нашудааст.
Дар ифтитоҳи машқҳо муовини вазири мудофиаи Қирғизистон, Алмазбек Карасартов гуфт, ки рушди малакаи саҳроӣ ва гузаронидани "амалиёти зиддитеррористӣ" дар пасманзари афзоиши хатарҳо муҳим мебошад.
Анатолий Сидоров ҳамчунин дар бораи мураккабии вазъ дар Осиёи Марказӣ сухан гуфт. Ба гуфтаи вай, вазъи номусоид дар минтақа "дар пасманзари ишғоли қудрат аз сӯи Толибон* дар Афғонистон, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммарз аст", ба вуҷуд омадааст.
Коршиноси низомӣ Юрий Лямин бар ин бовар аст, ки як далели мураккаб будани таҳдиди террористӣ, қарори мақомоти Тоҷикистон дар бораи нафиристодани низомиёни худ ба размоиши "Марз - 2021" мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, аввалан, дар давраи машқҳои мазкур дар Тоҷикистон гузашти низомӣ ба ифтихори 30 -юмин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ баргузор шуд. Баъдан моҳи октябр СААД машқҳои навро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон баргузор мекунад.
"Русия такягоҳи нерӯҳои СААД аст, агар мо қувваҳои мусаллаҳи онро бо нерӯҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон муқоиса кунем," - мегӯяд Юрий Лямин ва афзуд, ки дар сурати таҳдиди низомӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ, Русия албатта кумак хоҳад кард. Ин нуктаро мақомоти Русия низ таъкид карданд.
Фикри Ляминро рақамҳо низ тасдиқ мекунанд. Бино ба иттилои маркази матбуотии нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ, дар машқҳои низомӣ дар тамрингоҳи Эделвайси Қирғизистон беш аз ҳазор низомӣ иштирок карданд, ки аз ин шумора 500 нафарашон низомиёни Русия буданд.
Русия инчунин беш аз 120 адад таҷҳизот, аз қабили танкҳо, мошинҳои зиреҳпӯш, мошинҳои ҷангӣ, чархболҳои нақлиётӣ ва ҷангии Ми-8 ва ҳавопаймоҳои ҳамлаии Су-25-ро таъмин намуд.
"Машқҳо як чорабинии дорои марҳилаи гуногун мебошанд", тавзеҳ дод коршиноси низомӣ, полковники мустаъфӣ Виктор Литовкин ва афзуд, ки нерӯҳо бояд қодир бошанд, ки тамоми лавозимотро зуд, самаранок ва ҳамоҳанг истифода баранд ва ин дар сурати ҳамкории дуруст имконпазир аст.
Ӯ илова намуд, ки машқҳо дар доираи як артиш низ ин ҳадафро доранд, аммо мавриди зикршуда сухан дар бораи артиш аз сарбозони давлатҳои гуногун меравад.
Литовкин мегӯяд, Русия ба таъмини амнияти Қирғизистон таваҷҷӯҳи хос дорад, чун фурудгоҳи низомии Кант дар вилояти Чуйи Қирғизистон аз ҷиҳати сохторӣ ба қисми 14 -уми нерӯҳои ҳавоии Русия шомил мебошад.
Виктор Литовкин мегӯяд, Русия дар баланд бардоштани сатҳи тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон иштирок мекунад, онро бо аслиҳа ва техникаи муосир таъмин месозад. Ӯ соли 2019 -ро мисол меорад, ки Русия ба Қирғизистон ду чархбол ва 9 мошини зиреҳпӯш тақдим кард ва барои бунёди иншооти нав барои қисмҳои сарҳадии Қирғизистон 48,5 миллион доллар ҷудо кард.
"Русия қаблан низ дар канори иттифоқчиёнаш қарор дошту дар пасманзари таҳдидҳои охир дучанд омода аст, дар сурати зарурӣ сарҳадҳои давлатҳои иттифоқчиро ҳифз кунад", - гуфт Литовкин.
Бино ба иттилоъи Вазорати дифоъи Русия, дар пойгоҳи низомии Кант феълан ҳавопаймоҳои ҳамлагари Су-25СМ ҷой доранд, ки метавонанд дар як ҳамла ба ду ҳадаф зарба зананд. Инчунин дар он ҷо чархболҳои Ми-8МТВ5-1 ҳастанд, ки қодиранд бори вазнашон то 4 тоннаро интиқол диҳанд ва бо таҷҳизоти махсуси фаннию равшанидиҳӣ муҳҷаҳҳаз мебошанд. Он имкон медиҳад, ки айнакҳои дорои қобилияти биниши шабонаро истифода бурда шаванд, ки махсусан ҳангоми амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот муҳим аст.
Иля Крамник чунин мешуморад, ки машқҳо дар Қирғизистон ду ҷиҳати фарқкунанда доштанд. Якум комилан амалӣ, ки тибқи барномаи "Марз-2021", ҷангҷӯён ба яке аз кишварҳои СААД ҳуҷум карданд, ки ба ин далел Созмон бояд ҳарчӣ зудтар нерӯҳои худро ба он ҷо интиқол диҳад.
"Ин нуктаи асосии машқҳост: мубориза ва нобудсозии созмонҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, инчунин рушди масъалаҳои ҳамкорӣ аз ҷанбаҳои дигари муҳим мебошад", - мегӯяд Крамник ва тавзеҳ дод, ки ҳамаи масоил аз интиқоли нерӯҳо то таъминот бояд коркард шавад.
Нуқтаи дуюми муҳими "Марз-2021" намоиши ҳамоҳангии нерӯҳои СААД ва ваҳдати сиёсии кишварҳои минтақаю Русия аст, мегӯяд Крамник. Виктор Литовкин бо ақидаи ӯ мувофиқ аст, ки таҳдиди Афғонистон давлатҳоро бештар ба ҳам овард.
"Қазоқистон бо Афғонистон ҳаммарз нест, аммо агар радикалҳо аз марзҳои Ӯзбекистон ё Тоҷикистон убур кунанд, хатари терроризм ба тамоми минтақа паҳн мешавад. Русия дар ин ҷо як унсури мустаҳкамсозии тамоми сарҳадҳои ҷумҳуриҳо мебошад", - афзуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки феълан Ӯзбекистон, ки соли 2012 аз СААД хориҷ шуд, бо ин созмон ҳамкорӣ мекунад, таъкид кард Юрий Лямин.
"Ба гумон аст, ки Ӯзбекистон ба СААД баргардад, аммо Созмон инчунин омодагии худро барои ҳамкорӣ бо ҷумҳурӣ эълон мекунад ва президент Шавкат Мирзиёев дар нишасти ғайринавбатии августии сарони кишварҳои узви СААД ҳамчун меҳмони даъватшуда ширкат варзид. Тошканд сатҳи таҳдидро мефаҳмад, аз ин рӯ, фикр мекунам, дар ояндаи наздик ҳамоҳангиро бо Русия ва дар маҷмӯъ СААД тақвият хоҳад дод", - изҳори итминон кард ӯ.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар