Нашри навори размоиши низомиёни тоҷику русу ӯзбек дар наздикии марз бо Афғонистон - видео

Обуна шудан
Машқҳои низомии муштараки Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон 10-уми август дар наздикии марз бо Афғонистон бо муваффақият анҷом ёфтанд
Вазорати дифои Тоҷикистон бо нашри гузориш аз ҷамъбасти машқҳои муштарак таъкид намудааст, дар он беш аз 2,5 ҳазор низомӣ ва 25 чархболу ҳавопаймо иштирок намуданд.
Генерал полковник Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, размоиши муштарак бо Ӯзбекистон ва Русияро муваффақ хонда, илова намуд, ки тамоми вазифаҳои гузошташуда пеши низомиён иҷро гардиданд. Ӯ муътақид аст, ки қувваҳои мусаллаҳи кишварҳо тавони посух ба ҳар таҳдидро доранд.
Вазир хатари Толибон* - ро гуфт: силоҳи муосиру стратегияи мушаххас доранд
Макони машқҳои муштарак размоишгоҳи Ҳарбмайдон бо масоҳати 200 ҳазор метри мураббаъ дар 25 километрии марзи Афғонистон ва 170 километр дуртар аз шаҳри Душанбе интихоб шудааст, гузориш дод Вазорати дифоъ.
Ба гузориши ин ниҳод, дар пайи бонги хатар нерӯҳои ҷангии Тоҷикистону Афғонистон тайи шаш соат ва қувваҳои Ӯзбекистон бо тамоми техникаю таҷҳизоти вазнини ҷангӣ давоми 10 соат ба минтақаи муқовимати мудофиавӣ расиданд.
Генерали рус гуфт, чигуна ҳазорҳо "ҳамлагар" ба Тоҷикистонро нест мекунанд
Бар асоси барномаи размоиш, ҷангиёни террористӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд ва нерӯҳои ду кишвар дар пайи ақибнишинии тактикӣ ҳамлагаронро ба “халтаи оташ” гирифта, аз чанд тараф нобуд месозанд.
Ин размоиш аз силсилаи тамринҳо дар пасманзари шиддати вазъ дар Афғонистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0