https://sputnik.tj/20210810/halta-otashin-hamlagar-tojikiston-nobud-1041531030.html
"Халтаи оташин": генерал гуфт, чигуна 2,5 ҳазор "ҳамлагар" ба Тоҷикистонро нест мекунанд
"Халтаи оташин": генерал гуфт, чигуна 2,5 ҳазор "ҳамлагар" ба Тоҷикистонро нест мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Генерал лейтенант Евгений Поплавский, муовини фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия, тавзеҳ дод, ки чӣ гуна то 2,5 ҳазор ҷангиёни созмонҳои террористиро дар сурати ҳамлаашон ба Тоҷикистон нобуд хоҳанд кард
2021-08-10T13:27+0500
2021-08-10T13:27+0500
2021-08-10T14:45+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
пойгоҳи 201
осиёи марказӣ
доиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041530201_0:54:1383:832_1920x0_80_0_0_a5e646f0c9852f0a5fb3ddb1e672abef.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Генерал Евгений Поплавский дар ҳошияи тамриноти муштараки Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон гуфт, дар сурати ҳамлаи эҳтимолии ҷангиён барояшон “халтаи тактикии оташин” муҳайё хоҳад шуд, ки имкони ақибнишинӣ ба Афғонистонро низ нахоҳанд дошт. Ӯ бо баёни барномаи размоиш афзуд, ки дар доираи он бо низомиёни тоҷику ӯзбек таҷрибаеро табодул мекунанд, ки зимни амалиёт алайҳи нерӯҳои террористӣ дар Сурия касб кардаанд.Ноиби фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия тавзеҳ дод, ки тибқи барномаи размоиш ва гузориши нерӯҳои ҳавоии иктишофӣ соати 7 то 2,5 ҳазор ҷангиёни созмону гуруҳҳои тундраву террористӣ аз се ноҳия марзи Тоҷикистонро рахна мекунанд.Ӯ таъкид намуд, ки дар ҳамоҳангӣ нерӯҳои Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон барои ҳамлагарон халтаи тактикии оташинро фароҳам месозанд. Поплавский шарҳ дод, ки амалиёт дар марҳилаи аввал дар хатҳои мудофиавии якум, дуюм, сеюм ва ниҳоӣ чорум амалӣ мегардад.Таъкид шуд, ки нахуст барои таҳкими мудофиа дар хатти аввал нерӯҳои иловагӣ тариқи чархболҳо интиқол дода мешаванд, аммо барои ҷилавгирӣ аз иҳота, тибқи дастури гирифтаашон нерӯҳо ба ҷабҳаи дуюми мудофиавӣ ақибнишинӣ мекунанд. Генерал афзуд, дар ҳоле ки нерӯҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҷабҳаи дуюм алайҳи ҳамлагарон муқовимат мекунанд, низомиёни Русия дар ҷабҳаи сеюм ҷой мегиранд, то аз иҳота кардани нерӯҳо ҷилавгирӣ шавад.Ноиби фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия илова намуд, ки баъди ақибнишинии тактикӣ, нобудсозии ҷиҳодмобилҳо ва заифсозии адӯ, низомиёни се кишвар дар марҳилаи дуюми размоиш ба ҳамлаи ҷавобӣ мегузаранд.Дар ҳамлаи ҷавобӣ нерӯҳои танкии пойгоҳи 201, низомиёни тоҷик ва воҳидҳои махсус иштирок намуда, нерӯҳои захиравӣ ва ақибгоҳи ҳамлагарон мавриди зарба қарор дода мешаванд. Ба гуфтаи генерал Поплавский, сипас ба ҷабҳаи аввал нерӯҳои десантӣ партоб мешаванд, то аз ақибнишинии ҷангиёни созмонҳои террористӣ ба ҷануб пешгирӣ гардад. Ҳамин тариқ ҳамлагарон ба қаламрави Тоҷикистон хунсо хоҳанд шуд.Размоиши муштараки Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон тайи рӯзҳои охир дар размоишгоҳи “Ҳарбмайдон” дар 25 километрии марз бо Афғонистон баргузор шуда, 10 август марҳилаи ниҳоии он сурат гирифт.
https://sputnik.tj/20210810/mashqi-nizomiyon-marzi-afghoniston-1041529910.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041530201_0:0:1383:1037_1920x0_80_0_0_6bcd7095ee0ec6013ef66ed81bb53ba3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
генерали рус, поплавский, ҳавзаи марказии низомии русия
генерали рус, поплавский, ҳавзаи марказии низомии русия
"Халтаи оташин": генерал гуфт, чигуна 2,5 ҳазор "ҳамлагар" ба Тоҷикистонро нест мекунанд
13:27 10.08.2021 (Навсозишуда: 14:45 10.08.2021) Генерал лейтенант Евгений Поплавский, муовини фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия, тавзеҳ дод, ки чӣ гуна то 2,5 ҳазор ҷангиёни созмонҳои террористиро дар сурати ҳамлаашон ба Тоҷикистон нобуд хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Генерал Евгений Поплавский дар ҳошияи тамриноти муштараки Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон гуфт, дар сурати ҳамлаи эҳтимолии ҷангиён барояшон “халтаи тактикии оташин” муҳайё хоҳад шуд, ки имкони ақибнишинӣ ба Афғонистонро низ нахоҳанд дошт. Ӯ бо баёни барномаи размоиш афзуд, ки дар доираи он бо низомиёни тоҷику ӯзбек таҷрибаеро табодул мекунанд, ки зимни амалиёт алайҳи нерӯҳои террористӣ дар Сурия касб кардаанд.
Ноиби фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия тавзеҳ дод, ки тибқи барномаи размоиш ва гузориши нерӯҳои ҳавоии иктишофӣ соати 7 то 2,5 ҳазор ҷангиёни созмону гуруҳҳои тундраву террористӣ аз се ноҳия марзи Тоҷикистонро рахна мекунанд.
Ӯ таъкид намуд, ки дар ҳамоҳангӣ нерӯҳои Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон барои ҳамлагарон халтаи тактикии оташинро фароҳам месозанд. Поплавский шарҳ дод, ки амалиёт дар марҳилаи аввал дар хатҳои мудофиавии якум, дуюм, сеюм ва ниҳоӣ чорум амалӣ мегардад.
Таъкид шуд, ки нахуст барои таҳкими мудофиа дар хатти аввал нерӯҳои иловагӣ тариқи чархболҳо интиқол дода мешаванд, аммо барои ҷилавгирӣ аз иҳота, тибқи дастури гирифтаашон нерӯҳо ба ҷабҳаи дуюми мудофиавӣ ақибнишинӣ мекунанд. Генерал афзуд, дар ҳоле ки нерӯҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҷабҳаи дуюм алайҳи ҳамлагарон муқовимат мекунанд, низомиёни Русия дар ҷабҳаи сеюм ҷой мегиранд, то аз иҳота кардани нерӯҳо ҷилавгирӣ шавад.
Ноиби фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия илова намуд, ки баъди ақибнишинии тактикӣ, нобудсозии ҷиҳодмобилҳо ва заифсозии адӯ, низомиёни се кишвар дар марҳилаи дуюми размоиш ба ҳамлаи ҷавобӣ мегузаранд.
Дар ҳамлаи ҷавобӣ нерӯҳои танкии пойгоҳи 201, низомиёни тоҷик ва воҳидҳои махсус иштирок намуда, нерӯҳои захиравӣ ва ақибгоҳи ҳамлагарон мавриди зарба қарор дода мешаванд. Ба гуфтаи генерал Поплавский, сипас ба ҷабҳаи аввал нерӯҳои десантӣ партоб мешаванд, то аз ақибнишинии ҷангиёни созмонҳои террористӣ ба ҷануб пешгирӣ гардад. Ҳамин тариқ ҳамлагарон ба қаламрави Тоҷикистон хунсо хоҳанд шуд.
Размоиши муштараки Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон тайи рӯзҳои охир дар размоишгоҳи “Ҳарбмайдон” дар 25 километрии марз бо Афғонистон баргузор шуда, 10 август марҳилаи ниҳоии он сурат гирифт.