https://sputnik.tj/20210909/omori-nav-siroyat-shifo-covid-tojikiston-1042148564.html
Кам шуд: Эълони омори нави сироят ва шифо аз COVID - 19 дар Тоҷикистон
Кам шуд: Эълони омори нави сироят ва шифо аз COVID - 19 дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр кард
2021-09-09T11:58+0500
2021-09-09T11:58+0500
2021-09-09T11:58+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
гирифторон
вазорати тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032951351_0:182:2994:1866_1920x0_80_0_0_0acb4c4aad115bbf533bd475850997c2.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 18 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.Шумораи одамоне, ки давоми як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 15 нафар гуфта мешавад.Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 8 сентябр дар кишвар 17042 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16901 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд.Қобили зикр аст, ки аз моҳи август то кунун дар Тоҷикистон коҳиши шумораи ҳолатҳои нави ин беморӣ мушоҳида мешавад.Ҳамин тавр, агар дар аввали моҳ ҳар рӯз тақрибан 70 нафар бемор мешуд, дар охири моҳи август ин рақам то 21 ва ҳоло ба 18 нафар коҳиш ёфт.Ҳоло дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ ваксинаҳои CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо) ва Moderna (ИМА) - ро ройгон гирифт.
https://sputnik.tj/20210908/hatarnoktarin-nishonai-koronavirus-1042122864.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032951351_133:0:2862:2047_1920x0_80_0_0_102f8fca30484bdea8b43eb3543c6ee0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, омор, covid, тоҷикистон
эълон, омор, covid, тоҷикистон
Кам шуд: Эълони омори нави сироят ва шифо аз COVID - 19 дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр кард
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 18 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи одамоне, ки давоми як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 15 нафар гуфта мешавад.
Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 8 сентябр дар кишвар 17042 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16901 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд.
Қобили зикр аст, ки аз моҳи август то кунун дар Тоҷикистон коҳиши шумораи ҳолатҳои нави ин беморӣ мушоҳида мешавад.
Ҳамин тавр, агар дар аввали моҳ ҳар рӯз тақрибан 70 нафар бемор мешуд, дар охири моҳи август ин рақам то 21 ва ҳоло ба 18 нафар коҳиш ёфт.
Ҳоло дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ ваксинаҳои CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо) ва Moderna (ИМА) - ро ройгон гирифт.