Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Хатарноктарин нишонаи коронавирус маълум шуд

© Sputnik / Павел Бедняков / Медицинские работники во временном госпитале COVID-19 на ВДНХ в Москве. / Гузариш ба медиабонкЛечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ
Лечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Обуна шудан
Пизишкон аломати хатарноки зукомро ном бурданд, ки аз сирояти коронавирус шаҳодат медиҳад
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Мутахассисони Роспотребнадзор мегӯянд, нафастангӣ дар заминаи бемории роҳи нафас нишондиҳандаи даҳшатноки сирояти коронавирус аст, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба гуфти Наталя Пшеничная, муовини директор оид ба корҳои клиникӣ ва таҳлилии Институти марказии тадқиқотии эпидемиологияи Роспотребнадзор, дар сурати пайдо шудани чунин зуҳурот, фавран ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.
"Аломати шадидтарин ин пайдоиши нафастангӣ аст. Дар ин ҳолат бояд фавран ба духтур муроҷиат кард", - таъкид кардааст эпидемиолог.
Инчунин, ба андешаи ӯ, табибон дар вақтҳои охир ягон нишонаҳои нави коронавирусро муайян накардаанд, ҳамаи онҳо соли гузашта тавсиф шуда буданд.
Дар ҳамин ҳол, Денис Протсенко, сардухтури беморхонаи рақами 40 -и Маскав дар Коммунарка, мавҷи нави коронавирусро дар Русия пешгӯӣ кард.
Врач определяет сатурацию у больной пациентки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Оқибатҳои ногувори COVID-19, ки метавонад то абад инсонро домангир бошад
Ба гуфти ӯ, хуруҷи дигари ин беморӣ метавонад дар авохири моҳи сентябр ё аввали октябр оғоз шавад.
Коронавирус дар шаҳри Ухани Чин дар охири соли 2019 буруз кард. Олимон дарёфтанд, ки штамми қаблан номаълум 2019-nCoV ангезандаи сироят будааст.
То 8 -уми сентябр дар саросари ҷаҳон 222.199 миллион нафар ба коронавирус мубтало гардиданд. 4.59 миллион беморон қурбонии ин беморӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0