https://sputnik.tj/20210909/kadom-kishvar-sammit-dushanbe-uzv-nav-shsh-1042147933.html
Эрон дар саммити Душанбе узви нави СҲШ хоҳад шуд
Эрон дар саммити Душанбе узви нави СҲШ хоҳад шуд
Sputnik Тоҷикистон
Як давлати дигар дар нишасти қарибулвуқӯъи Тоҷикистон расман ба Созмони Ҳамкории Шанхай шомил хоҳад шуд
2021-09-09T11:22+0500
2021-09-09T11:22+0500
2021-09-09T11:58+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
душанбе
сҳш
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0c/1032607520_0:0:3195:1798_1920x0_80_0_0_293d6f195d17db24cceacbfa1a6b277f.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Рӯзномаи "Коммерсант" бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шомил хоҳад шуд. Оғози тартиби шомилшавии Эрон ба СҲШ бояд дар нишасти қарибулвуқӯъи Тоҷикистон расман эълон шавад.Ҳамзамон, қайд мешавад, ки раванди шомил шудани як давлати дигар ба Созмони Ҳамкории Шанхай метавонад чанд вақти дигарро дар бар гирад. Ёдовар мешавем, ки Эрон барои дохил шудан ба Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2008 дархост пешниҳод карда буд. Сабаби асосии баррасии тӯлонии дархост ин таҳияи барномаи ҳастаӣ аз ҷониби Теҳрон дар давраи президент Маҳмуди Аҳмадинажод (2005-2013) ва таҳримҳои байналмилалӣ буд.Нишасти сарони СҲШ рӯзҳои 16-17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад. Ҳоло аъзои созмон Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки Тоҷикистон дар сӯрати иттифоқи назари аъзо, аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят мекунад.Қаблан сафири Русия дар Эрон Леван Ҷагарян изҳор дошт, ки Маскав аз дархости Теҳрон барои узвияти комил дар СҲШ пуштибонӣ мекунад. Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони байнулмилалии байниҳукуматӣ буда, аз ҷониби раҳбарони Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.Эъломия дар бораи таъсиси ин созмон 15 июни соли 2001 дар мулоқоти сарони шаш давлат дар Шанхай имзо шуда буд. Соли 2017 Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ шомил шуданд. Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон кишварҳои нозир ва Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркияу Шри Ланка кишварҳои шариканд.
https://sputnik.tj/20210727/muhriddin-tojikiston-uzviyati-eron-shsh-himoyat-1041221321.html
https://sputnik.tj/20210531/prezidenti-nav-eron-dushanbe-zohidi-tehron-1039846901.html
душанбе
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0c/1032607520_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_55e8a9faa4341902ef4bcf60625b2b24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, саммит, душанбе, узв, сҳш
эрон, саммит, душанбе, узв, сҳш
Эрон дар саммити Душанбе узви нави СҲШ хоҳад шуд
11:22 09.09.2021 (Навсозишуда: 11:58 09.09.2021) Як давлати дигар дар нишасти қарибулвуқӯъи Тоҷикистон расман ба Созмони Ҳамкории Шанхай шомил хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Рӯзномаи "Коммерсант" бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шомил хоҳад шуд.
Оғози тартиби шомилшавии Эрон ба СҲШ бояд дар нишасти қарибулвуқӯъи Тоҷикистон расман эълон шавад.
“Ба қарибӣ аъзои созмон ба 9 хоҳад расид. Дар нишасти дарпешистода дар Душанбе сарони давлатҳо бояд аз оғози қабули Эрон ба сафи худ хабар диҳанд", - гуфт манбаъ.
Ҳамзамон, қайд мешавад, ки раванди шомил шудани як давлати дигар ба Созмони Ҳамкории Шанхай метавонад чанд вақти дигарро дар бар гирад.
Ёдовар мешавем, ки Эрон барои дохил шудан ба Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2008 дархост пешниҳод карда буд.
Сабаби асосии баррасии тӯлонии дархост ин таҳияи барномаи ҳастаӣ аз ҷониби Теҳрон дар давраи президент Маҳмуди Аҳмадинажод (2005-2013) ва таҳримҳои байналмилалӣ буд.
Нишасти сарони СҲШ рӯзҳои 16-17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад. Ҳоло аъзои созмон Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки Тоҷикистон дар сӯрати иттифоқи назари аъзо, аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят мекунад.
Қаблан сафири Русия дар Эрон Леван Ҷагарян изҳор дошт, ки Маскав аз дархости Теҳрон барои узвияти комил дар СҲШ пуштибонӣ мекунад.
Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони байнулмилалии байниҳукуматӣ буда, аз ҷониби раҳбарони Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Эъломия дар бораи таъсиси ин созмон 15 июни соли 2001 дар мулоқоти сарони шаш давлат дар Шанхай имзо шуда буд.
Соли 2017 Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ шомил шуданд. Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон кишварҳои нозир ва Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркияу Шри Ланка кишварҳои шариканд.