https://sputnik.tj/20210531/prezidenti-nav-eron-dushanbe-zohidi-tehron-1039846901.html
Президенти нави Эрон ба Душанбе даъват мешавад: Зоҳидӣ аз узвияти Теҳрон дар СҲШ гуфт
Президенти нави Эрон ба Душанбе даъват мешавад: Зоҳидӣ аз узвияти Теҳрон дар СҲШ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти нави Эрон ба Душанбе даъват мешавад. Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи узвияти Теҳрон дар СҲШ нест
2021-05-31T08:00+0500
2021-05-31T08:00+0500
2021-05-31T08:18+0500
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
сиёсат
эрон
созмони ҳамкории шанхай
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039846873_0:0:1601:901_1920x0_80_0_0_18a04472a47d552ff2c25295db4337be.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Низомиддин Зоҳидӣ, собиқ ноиби аввали вазири умури хориҷӣ ва сафири феълии Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, узвияти доимии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷумлаи нақшаҳои асосии ин созмон мебошад. “Ман аввалин шахсе будам, ки узвияти Эронро ба Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод кардам, аммо қарорҳо бояд бо ризоияти ҳамаи кишварҳо қабул карда шаванд. Узвияти Эрон аз ҷумлаи нақшаҳои Созмони ҳамкории Шанхай аст ва агар кишварҳои дигар ба қабули Эрон омода бошанд, Тоҷикистон низ омода хоҳад буд ”, - изҳор доштаст Зоҳидӣ, зимни нишасти матбуотӣ дар сафорат. Эрон феълан дар СҲШ нозир мебошад. Зоҳидӣ аз роҳбарии Тоҷикистон дар ин созмон гуфта, таъкид намуд, ки раёсат ба меъёрҳои баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манофеи ҳамаи кишварҳои узв асос ёфтааст. Ба навиштаи Теҳрон таймс, Зоҳидӣ иттилоъ додааст, ки мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 16 – 17 сентябр дар шаҳри Душанбе дар назар аст. Феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистон шомили СҲШ мебошанд. Сенздаҳумин интихоботи раисиҷумҳур дар Эрон 28 хурдодмоҳи 1400 баробар бо 18 июни 2021-и мелодӣ баргузор мешавад.Дар феҳрасти номзадҳое, ки Шӯрои нигаҳбони ин кишвар таъйид кардааст, Саиди Ҷалилӣ фарзанди Муҳаммадҳасан, Муҳсини Ризоии Мирқоид–фарзанди Наҷаф, Оқои Саидиброҳими Раисӣ Ал Содот, машҳур ба Раисӣ– фарзанди Саидҳоҷӣ, Алиризо Зоконӣ – фарзанди Ҳусайн, Саидамирҳусейни Қозизодаи Ҳошимӣ–фарзанди Саидҳасан, Муҳсини Меҳрализода– фарзанди Раҳим ва Абдунносир Ҳимматӣ – фарзанди Аҳмадалӣ зикр шудаанд. Дар Эрон як нафар ҳақ дорад, барои ду давраи чаҳорсола раисиҷумҳур интихоб гардад. Роҳбарии ду давраи охирро дар Эрон Ҳасани Руҳонӣ ба уҳда дошт, ки барои муносиботи Тоҷикистону Эрон беҳтарин давра набуд.
https://sputnik.tj/20210514/payomi-safiri-eron-tojikiston-hakim-abulqosim-firdavsi-1039460716.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039846873_0:0:1423:1067_1920x0_80_0_0_0d86100f23d45ed6ced93bdb38765607.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, сҳш, узвият, президент
тоҷикистон, эрон, сҳш, узвият, президент
Президенти нави Эрон ба Душанбе даъват мешавад: Зоҳидӣ аз узвияти Теҳрон дар СҲШ гуфт
08:00 31.05.2021 (Навсозишуда: 08:18 31.05.2021) Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, президенти тозаинтихоби Эрон ба Душанбе даъват хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Низомиддин Зоҳидӣ, собиқ ноиби аввали вазири умури хориҷӣ ва сафири феълии Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, узвияти доимии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷумлаи нақшаҳои асосии ин созмон мебошад.
“Ман аввалин шахсе будам, ки узвияти Эронро ба Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод кардам, аммо қарорҳо бояд бо ризоияти ҳамаи кишварҳо қабул карда шаванд. Узвияти Эрон аз ҷумлаи нақшаҳои Созмони ҳамкории Шанхай аст ва агар кишварҳои дигар ба қабули Эрон омода бошанд, Тоҷикистон низ омода хоҳад буд ”, - изҳор доштаст Зоҳидӣ, зимни нишасти матбуотӣ дар сафорат.
Эрон феълан дар СҲШ нозир мебошад. Зоҳидӣ аз роҳбарии Тоҷикистон дар ин созмон гуфта, таъкид намуд, ки раёсат ба меъёрҳои баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манофеи ҳамаи кишварҳои узв асос ёфтааст.
Ба навиштаи Теҳрон таймс, Зоҳидӣ иттилоъ додааст, ки мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 16 – 17 сентябр дар шаҳри Душанбе дар назар аст. Феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистон шомили СҲШ мебошанд.
Низомиддин Зоҳидӣ таъкид намудааст, ки баъди анҷоми интихоботи раисиҷумҳури Эрон, мақомоти Тоҷикистон ба роҳбари тозаинтихоб даъватнома барои иштирок дар ҳамоиши солонаи сарони кишварҳои СҲШ мефиристанд.
Сенздаҳумин интихоботи раисиҷумҳур дар Эрон 28 хурдодмоҳи 1400 баробар бо 18 июни 2021-и мелодӣ баргузор мешавад.
Дар феҳрасти номзадҳое, ки Шӯрои нигаҳбони ин кишвар таъйид кардааст, Саиди Ҷалилӣ фарзанди Муҳаммадҳасан, Муҳсини Ризоии Мирқоид–фарзанди Наҷаф, Оқои Саидиброҳими Раисӣ Ал Содот, машҳур ба Раисӣ– фарзанди Саидҳоҷӣ, Алиризо Зоконӣ – фарзанди Ҳусайн, Саидамирҳусейни Қозизодаи Ҳошимӣ–фарзанди Саидҳасан, Муҳсини Меҳрализода– фарзанди Раҳим ва Абдунносир Ҳимматӣ – фарзанди Аҳмадалӣ зикр шудаанд.
Дар Эрон як нафар ҳақ дорад, барои ду давраи чаҳорсола раисиҷумҳур интихоб гардад. Роҳбарии ду давраи охирро дар Эрон Ҳасани Руҳонӣ ба уҳда дошт, ки барои муносиботи Тоҷикистону Эрон беҳтарин давра набуд.