https://sputnik.tj/20210906/tuy-tojikiston-koronavirus-muboriza-panjsher-haftai-rafta-1042070393.html
Муборизаҳо дар Панҷшер, тӯй дар Тоҷикистон ва тартиби нави вуруд ба Русия - ҳафтаи рафта
Муборизаҳо дар Панҷшер, тӯй дар Тоҷикистон ва тартиби нави вуруд ба Русия - ҳафтаи рафта
Sputnik Тоҷикистон
Охири моҳи август ва оғози моҳи сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон пур аз рӯйдодҳо ва хабарҳои муҳим буд 06.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-06T22:00+0500
2021-09-06T22:00+0500
2021-09-06T22:00+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
ҷанг
толибон
панҷшер
масъуд аҳмад
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900262_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d4e7f29aaabecf16bfb9d73efd800ef7.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Мавзӯи вазъи Афғонистон ва задухӯрди ҷабҳаи муқовимату ҳаракати Толибон ( мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия), ки маҳз аз авали ҳафтаи гузашта, рӯзи душанбе, 30 август сар шуданд, доғ буданд.Дар Тоҷикистон омодагиҳо ба таҷлили ботантанаи ҷашни Истиқлол идома доранд - иншоотҳои нав ба истифода дода мешаванд, раисҷумҳур ба фаъолону роҳбарон орену мукофотҳо тақдим мекунад.Вазорати тандурустии Тоҷикистон бошад аз коҳиши паҳншавии коронавирус дар кишвар хабар медиҳад.Ниҳоят, баъди ҳудудан якуним сол парвозҳои муқаррарӣ байни Тоҷикистон ва Русия қариб ба реҷаи пеш аз ковидӣ баргаштанд. Дар ҳамин ҳол, Русия дар қабули муҳоҷирон як қатор тартиботи навро ҷорӣ кард.Ин ва дигар муҳимтарин хабарҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳафтаи гузашта -аз 30-уми август то 5 сентябрро аз гузориши вижаи Sputnik Тоҷикистон пайгирӣ кунед."Киса пур - ғамҳо дур" - як ҳафта дар иқтисоди ТоҷикистонАрзиши асъори миллиро коршиносон, муҳимтарин нишондоди иқтисоди дохилӣ медонанд. Дар Тоҷикистон авали ҳафтаи гузашта нисбатан арзиши сомонӣ нисбат рубл боло рафт ва нисбати доллар ва евро бошад, баръакс, коҳиш ёфт. Ҳамин тавр, 30 август - 1 рубли русӣ 0.1528 сомониро ташкил медод, 1 доллар - 11,3255 сомонӣ ва 1 евро - 13.3505 сомонӣ буд.Охири ҳафта, рӯзи якшанбе, 5 сентябр, Бонки миллии Тоҷикистон 1 долларро 11, 3200 сомонӣ, 1 евроро 13, 4538 ва 1 рублро 0.1554 сомонӣ арзёбӣ кард. Ҳамин тавр, дар давоми ҳафта арзиши доллар нисбат ба сомонӣ каме поён ва арзиши евро ва рубл нисбат ба сомонӣ андаке боло шуданд.Мошинҳои ӯзбекӣ дар бозорҳои ТоҷикистонАз 3 сентябр дар Тоҷикистон аввалин маркази дилерии мошинҳо, ки аз ҷониби UzAuto Motors сохта шудааст, пайдо шуд. Гуфта мешавад, фурӯши мошинҳо аллакай ба роҳ монда шудаанд.Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар Тоҷикистон роҳандозии барномаи қарзӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои бонуфузи кишвар барои фурӯши мошин пешбинӣ шудааст. Ёдовар мешавем, UzAvto Motors моҳи июн эълон кард, ки дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Auto Motors Тоҷикистонро таъсис додааст. Иқтидорҳои корхонаи муштарак дар иншооти истеҳсолии "АлюминСохтмон", - и Тоҷикистон ҷойгир хоҳад шуд. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар як сол истеҳсоли 10 ҳазор мошини сабукрав бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот то 35 ҳазор ба роҳ монда шавад.Омори хушҳолкунандаи коронавирусОхири моҳи июн Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз "бозгашт"-и COVID-19 ба Тоҷикистон эълон дошт. Нахуст моҳҳои аввали бозгашти ин вабои аср вазъи эпидемиологӣ ваҳим арзёбӣ мешуд.Аммо омори ахири вазорат хушҳолкунанда аст: дар ҳафтаи гузошта, коҳиши паҳншавии коронавирус бармало ба назар мерасад.Аввали ҳафта, 30-уми август шумораи гирифторшавӣ ба коронавирус дар як рӯз 40 нафарро ташкил медод ва шумораи шифоёфтагон 48 нафар нишон дода шуда, расман ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашуд. Рӯзи сешнабе, 31 август ин омор каме коҳиш ёфт ва 35 нафар гирифторшудагонро ташкил дод, дар ҳамин ҳол шумораи шифоёфтагон бештар -38 нафар нишон дода шуда, марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашуд.Ҳамин тавр, шумораи гирифторшудагон рӯз аз рӯз камтар, 2 сентябр - 32 нафар, 3 сенятбр - 29 кас ва ниҳоят 5 сентябр ба 21 кас расида, хушбахтона, дар тӯли ҳафта ҳалокат аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.Дар ҳамин ҳол, вазорат эълон кард, ки дар Тоҷикистон 3 миллион нафар ваксин гирифтанд. Тибқи иттилои манбаъ, то шоми 31 август 2 миллиону 9 ҳазору 748 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсияи зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки вояи дуюми ваксинаро то рӯзи зикргардида беш аз 798 ҳазору 308 нафар шаҳрвандон гирифтаанд.Вазорат аз ваксинзанӣ дар шаҳри Душанбе низ ёдовар шуда, мегӯяд, то кунун дар пойтахт нақшаи иммунизатсия 91,7% иҷро гардидааст.Аз давраи хуруҷи бемории коронавируси COVID-19 то кунун ба Тоҷикистон 4 миллиону 760 ҳазору 740 воя ваксина ворид шудаааст.Тибқи гузориши Вазортаи тандуруст, то 31 август 34,5% аҳолӣ ба ваксинатсия зидди бемории коронавирус фаро гирифта шуда, корҳои амалӣ дар ин самт бомаром идома доранд.Тоҷикистон тӯй дорадДар Тоҷикистон омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлол идома доранд. Ба ин муносибат президент ба як қатор шаҳрвандон қадрдонӣ шуданд, иншоотҳои нав ифтитоҳ гардиданд ва қонуни афвро президент имзо намуд.30 август, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи афв"-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.Қонуни афв нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад.Дар лоиҳаи қонун нисбат ба занҳо, ноболиғон, шахсони синнашон аз 55 боло, маъюбон, беморони дараҷаи вазнин, шахсони дорои мукофотҳои давлатӣ, иштирокчиёни ҷанг ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандони хориҷӣ бартарӣ дода шудааст.Тибқи маълумоти пешакӣ қонун нисбати 16 000 нафар татбиқ мегардад ва аз ин миқдор 10 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд.Рӯзи душанбе, 31 август раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолият ба ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, мукофотҳои давлатӣ супорид.Ҳамин тавр, 90 нафар ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 88 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.Якуми сенябр дар Душанбе чанд мактаб,аз ҷумла Мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, мактаби миёнаи умумии рақами 133, Гимназияи рақами 4, биноҳои таълимӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ифтитоҳ шуданд.Дувуми сентябр раисҷумҳури Тоҷикистон ду шахсияти шиносхтаи Афғонистон - собиқ раисҷумҳури кишвар Бурҳониддин Раббонӣ ва собиқ вазири мудофиа ва Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлол барои барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” баъди марг қадрдонӣ кард.Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон 2 сентябр фармони дар бораи ба эҳтиёт рухсат додану ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани шаҳрвандонро имзо кард.Тибқи он моҳҳои октябр-ноябри соли 2021 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин мардони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват мешаванд.Муҳоҷират:бештар шудани парвозҳо ва тартиби нави вуруд ба РусияАвали ҳафта барои муҳоҷирон аз Тоҷикистон бо хушхабар оғоз шуд: ширкатҳои ҳавоии Русияву Тоҷикистон феҳристи нави парвозҳоро миёни ду кишварро нашр карданд.Ҳамин тариқ, хабар дода шуд, ки ширкати русии UTair Airlines санаи 31 август, 2, 4 ва 5 сентябр парвозҳо аз Маскав (Внуково) ба Душанберо анҷом медиҳад. Аз 7 сентябр парвозҳо дар масири Маскав - Душанбе ҳамарӯза анҷом дода мешаванд.Парвозҳо аз Душанбе ба Маскав (Внуково) тариқи ин ширкат рӯзҳои 1, 3, 5 ва 6 сентябр ва аз 8 сентябр - ҳар рӯз ба нақша гирифта шудаанд.Аз 27 август ширкати Сомон Эйр ҳар рӯз парвозҳоро ба самти Душанбе - Москва - Душанбе анҷом медиҳад.Ҷадвали парвозҳо ба минтақаҳои Русия ҳоло ҳам дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.Ширкати Ural Airlines нақша дорад, ки ҳар ҳафта ба 38 самт парвозҳои мунтазам анҷом диҳад.Дар хатсайрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Русия - Москва, Санкт -Петербург, Екатеринбург, Жуковский, Қазон, Калуга, Краснодар, Красноярск, Липецк, Минеральные Воды, Нальчик, Нижнекамск, Нижний Новгород, Новосибирск, Перм, Ростови лаби Дон, Самара, Уфа, Челябинск парвозҳо аз нав барқарор мешавад. Барои ворид шудан ба Русия, акнун бояд аз барномаи мобилии "Саёҳат бе COVID-19" (Путешествую без COVID-19) истифода кард. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки азми сафари Русия доранд, бояд аз барномаи мобилии "Саёҳат бе COVID-19" истифода баранд.Бо истифода аз барномаи "Саёҳат бе COVID-19", шаҳрвандони хориҷӣ, ки мехоҳад ба Русия парвоз кунанд, озмоишгоҳи наздиктаринро барои супоридани санҷиши коронавирус пайдо мекунанд.Ва ҳангоми убури сарҳад бояд рамзи QR -ро бо натиҷаи таҳлил нишон диҳанд.Афзун бар ин, 4 сентябр маълум шуд, ки то охири сол ба муҳоҷирон дар Русия корти махсус медиҳанд.Тибқи иттилои ВКД Русия, ин кортҳо аз 29 декабр ба муҳоҷирон дода мешавад.Гуфта мешаванд, дар корт маълуот дар бораи муҳоҷир, акс ва изи ангушти вай сабт карда мешавад.Панҷшер - хабарҳо аз ягона вилояте ки тан ба "Толибон" надодХабарҳое, ки аз ин дара мерасиданд, зидунақиз буданд: Толибон борҳо аз таслим кардани вилоят гузориш медоданд, намояндагони ҷаҳаи муқовимат, на танҳо ин иттилоъро рад мекарданд, балки аз шикасту талафотҳои бузурги рақибашон хабар доданд.Нахуст, авали ҳафтаи гузашта, 30 август хабар дода шуд, ки "Толибон" кӯшиши ворид шудан ба Панҷшеро карданд, аммо манобеъ аз ҷабҳаи муқовимат хабар доданд, ки онҳоро шикаст доданд.Гуфта мешуд, дар пайи даргирӣ миёни неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва гуруҳи Толибон* дар вилояти Бағлон даҳҳо толиб куштаву захмӣ шудаанд.Аммо рӯзи 31 август дубора хабар дод, ки Толибон мустақиман ба Панҷшер ҳамла карданд, аммо боз ҳам шикаст хӯрданд.Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, тариқи баёнияи видеоӣ дар шарҳи ин ҳамла гуфт, шаби гузашта дар самти Ғарби Даҳонаи Панҷшер “Толибон” як ҳамла доштанд, шояд мехостанд дар ҳамла ба Панҷшер бахташонро биёзмоянд.Худи ҳамон рӯз аз се ҳамлаи дигар ба Панҷшер гузориш дода шуд ва тибқи иттилои ҷабҳаи муқовимат Толибон дар он низ шикаст хӯрданд ва ақиб заданд. Гуфта мешуд, дар ин ҳамлаҳо 15 толиб кушта шуданд.1 сентябр Толибон эълон карданд, ки се вулусволи Панҷшерро гирифтанд, ҷабҳаи муқовимат ин иттилоъро рад кард. 2 сентябр Толибон изҳор доштанд, ки тасмим доранд ҷабҳаи муқовиматро шикаст диҳанд ва 3 сентябр эълон карданд, ки вилоят суқут кард.Дар ҳамин ҳол, Ҷабҳаи муқовимат эълон кард, ки ин хабар беасос аст. 4 сентябр Толибон эълон карданд, ки 4 ноҳияи Панҷшерро гирифтанд, ҷабҳа аз ақибнишинии тактикӣ хабар дод. Аммо рӯзи дигар ҷабҳаи муқовимати Панҷшер хабар дод, ки толибҳоро шикаст дод.Дар ҳамин ҳол, имрӯз маълум гардид, ки сухангӯи ҷабҳаи муқовимат Фаҳим Даштӣ аз ҷониби толибон кушта шуд. Дар як видеое, ки ин ҳаракат пахш кард, як фармондеҳи толиб аз назди бинои ҳукумати вилояти Панҷшер, воқеъ дар деҳаи Порох суҳбат мекунад. Вай мегӯяд, Панҷшер пурра аз сӯи толибҳо ишғол шуда, тамоми вилоят таҳти контролашон даромадааст.Дар як видеои дигар толибҳо дар фурудгоҳи Панҷшер, воқеъ дар деҳаи Чангарам гаштугузор доранд. Аммо манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддаои “Толибон” – ро ботил хонда, мегӯянд, нерӯҳои муқовимат дар нукоти стратегӣ ҷойгир шудаанд ва нақшаи зиддиҳамлаҳо аз тамоми истиқоматро мекашанд.Ҳамин тавр, тақдири Панҷшер то ҳол пурра рӯшан нест, ҷабҳаи муқовимат то ҳол аз идомаи мубориза хабар медиҳад. Толибон аз пирӯзӣ. То ҳол дар Тоҷикистон гӯш ба қимори хабарҳо аз Афғонистонанд.
https://sputnik.tj/20210903/parvozhoi-doimi-shirkati-havoi-rusiya-tojikiston-1042049595.html
https://sputnik.tj/20210902/hamagiri-koronavirus-anjom-1042018152.html
https://sputnik.tj/20210906/parlumon-qonun-afv-qabul-ozod-1042076180.html
https://sputnik.tj/20210831/ubaydulloev-rustami-emomali-taqdimi-mukofoti-davlat-1041983868.html
https://sputnik.tj/20210904/talaboti-nav-muhojiron-rusiya-1042054406.html
https://sputnik.tj/20210906/lavrov-etirof-hukumat-tolibon-1042089188.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900262_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4b1746393d73e2306053a1fa785c2788.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, афғонистон, ҷанг, толибон, панҷшер, масъуд аҳмад, коронавирус
дар тоҷикистон, афғонистон, ҷанг, толибон, панҷшер, масъуд аҳмад, коронавирус
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Мавзӯи вазъи Афғонистон ва задухӯрди ҷабҳаи муқовимату ҳаракати Толибон ( мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия), ки маҳз аз авали ҳафтаи гузашта, рӯзи душанбе, 30 август сар шуданд, доғ буданд.
Дар Тоҷикистон омодагиҳо ба таҷлили ботантанаи ҷашни Истиқлол идома доранд - иншоотҳои нав ба истифода дода мешаванд, раисҷумҳур ба фаъолону роҳбарон орену мукофотҳо тақдим мекунад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бошад аз коҳиши паҳншавии коронавирус дар кишвар хабар медиҳад.
Ниҳоят, баъди ҳудудан якуним сол парвозҳои муқаррарӣ байни Тоҷикистон ва Русия қариб ба реҷаи пеш аз ковидӣ баргаштанд. Дар ҳамин ҳол, Русия дар қабули муҳоҷирон як қатор тартиботи навро ҷорӣ кард.
Ин ва дигар муҳимтарин хабарҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳафтаи гузашта -аз 30-уми август то 5 сентябрро аз гузориши вижаи
Sputnik Тоҷикистон пайгирӣ кунед.
"Киса пур - ғамҳо дур" - як ҳафта дар иқтисоди Тоҷикистон
Арзиши асъори миллиро коршиносон, муҳимтарин нишондоди иқтисоди дохилӣ медонанд. Дар Тоҷикистон авали ҳафтаи гузашта нисбатан арзиши сомонӣ нисбат рубл боло рафт ва нисбати доллар ва евро бошад, баръакс, коҳиш ёфт.
Ҳамин тавр, 30 август - 1 рубли русӣ 0.1528 сомониро ташкил медод, 1 доллар - 11,3255 сомонӣ ва 1 евро - 13.3505 сомонӣ буд.
Охири ҳафта, рӯзи якшанбе, 5 сентябр, Бонки миллии Тоҷикистон 1 долларро 11, 3200 сомонӣ, 1 евроро 13, 4538 ва 1 рублро 0.1554 сомонӣ арзёбӣ кард. Ҳамин тавр, дар давоми ҳафта арзиши доллар нисбат ба сомонӣ каме поён ва арзиши евро ва рубл нисбат ба сомонӣ андаке боло шуданд.
Мошинҳои ӯзбекӣ дар бозорҳои Тоҷикистон
Аз 3 сентябр дар Тоҷикистон аввалин маркази дилерии мошинҳо, ки аз ҷониби UzAuto Motors сохта шудааст, пайдо шуд. Гуфта мешавад, фурӯши мошинҳо аллакай ба роҳ монда шудаанд.
Ронандагон дар Тоҷикистон акнун метавонанд чаҳор модели Chevrolet - Spark, Cobalt, Nexia ва Lacetti - ро харидорӣ намоянд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар Тоҷикистон роҳандозии барномаи қарзӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои бонуфузи кишвар барои фурӯши мошин пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, UzAvto Motors моҳи июн эълон кард, ки дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Auto Motors Тоҷикистонро таъсис додааст. Иқтидорҳои корхонаи муштарак дар иншооти истеҳсолии "АлюминСохтмон", - и Тоҷикистон ҷойгир хоҳад шуд. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар як сол истеҳсоли 10 ҳазор мошини сабукрав бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот то 35 ҳазор ба роҳ монда шавад.
Омори хушҳолкунандаи коронавирус
Охири моҳи июн Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз "бозгашт"-и COVID-19 ба Тоҷикистон эълон дошт. Нахуст моҳҳои аввали бозгашти ин вабои аср вазъи эпидемиологӣ ваҳим арзёбӣ мешуд.
Аммо омори ахири вазорат хушҳолкунанда аст: дар ҳафтаи гузошта, коҳиши паҳншавии коронавирус бармало ба назар мерасад.
Аввали ҳафта, 30-уми август шумораи гирифторшавӣ ба коронавирус дар як рӯз 40 нафарро ташкил медод ва шумораи шифоёфтагон 48 нафар нишон дода шуда, расман ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашуд. Рӯзи сешнабе, 31 август ин омор каме коҳиш ёфт ва 35 нафар гирифторшудагонро ташкил дод, дар ҳамин ҳол шумораи шифоёфтагон бештар -38 нафар нишон дода шуда, марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашуд.
Ҳамин тавр, шумораи гирифторшудагон рӯз аз рӯз камтар, 2 сентябр - 32 нафар, 3 сенятбр - 29 кас ва ниҳоят 5 сентябр ба 21 кас расида, хушбахтона, дар тӯли ҳафта ҳалокат аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Феълан омори коронавирус дар Тоҷикистон, то 5 август чунин аст - сироят ёфтанд: 16 ҳазору 984 нафар, шифо ёфтанд: 16 ҳазору 849 нафар, фавтиданд - 124 нафар.
Дар ҳамин ҳол, вазорат эълон кард, ки дар Тоҷикистон 3 миллион нафар ваксин гирифтанд. Тибқи иттилои манбаъ, то шоми 31 август 2 миллиону 9 ҳазору 748 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсияи зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки вояи дуюми ваксинаро то рӯзи зикргардида беш аз 798 ҳазору 308 нафар шаҳрвандон гирифтаанд.
Вазорат аз ваксинзанӣ дар шаҳри Душанбе низ ёдовар шуда, мегӯяд, то кунун дар пойтахт нақшаи иммунизатсия 91,7% иҷро гардидааст.
Аз давраи хуруҷи бемории коронавируси COVID-19 то кунун ба Тоҷикистон 4 миллиону 760 ҳазору 740 воя ваксина ворид шудаааст.
Тибқи гузориши Вазортаи тандуруст, то 31 август 34,5% аҳолӣ ба ваксинатсия зидди бемории коронавирус фаро гирифта шуда, корҳои амалӣ дар ин самт бомаром идома доранд.
Дар Тоҷикистон омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлол идома доранд. Ба ин муносибат президент ба як қатор шаҳрвандон қадрдонӣ шуданд, иншоотҳои нав ифтитоҳ гардиданд ва қонуни афвро президент имзо намуд.
30 август, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи афв"-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.
Қонуни афв нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад.
Дар лоиҳаи қонун нисбат ба занҳо, ноболиғон, шахсони синнашон аз 55 боло, маъюбон, беморони дараҷаи вазнин, шахсони дорои мукофотҳои давлатӣ, иштирокчиёни ҷанг ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандони хориҷӣ бартарӣ дода шудааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ қонун нисбати 16 000 нафар татбиқ мегардад ва аз ин миқдор 10 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд.
Рӯзи душанбе, 31 август раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолият ба ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, мукофотҳои давлатӣ супорид.
Ҳамин тавр, 90 нафар ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 88 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Якуми сенябр дар Душанбе чанд мактаб,аз ҷумла Мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, мактаби миёнаи умумии рақами 133, Гимназияи рақами 4, биноҳои таълимӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ифтитоҳ шуданд.
Дар ҳамин рӯз президент пешниҳод кард, ки минбаъд соли таҳсил дар кишвар 1 июн ҷамъбаст карда шавад.
Дувуми сентябр раисҷумҳури Тоҷикистон ду шахсияти шиносхтаи Афғонистон - собиқ раисҷумҳури кишвар Бурҳониддин Раббонӣ ва собиқ вазири мудофиа ва Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлол барои барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” баъди марг қадрдонӣ кард.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон 2 сентябр фармони дар бораи ба эҳтиёт рухсат додану ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани шаҳрвандонро имзо кард.
Тибқи он моҳҳои октябр-ноябри соли 2021 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин мардони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват мешаванд.
Муҳоҷират:бештар шудани парвозҳо ва тартиби нави вуруд ба Русия
Авали ҳафта барои муҳоҷирон аз Тоҷикистон бо хушхабар оғоз шуд: ширкатҳои ҳавоии Русияву Тоҷикистон феҳристи нави парвозҳоро миёни ду кишварро нашр карданд.
Ҳамин тариқ, хабар дода шуд, ки ширкати русии UTair Airlines санаи 31 август, 2, 4 ва 5 сентябр парвозҳо аз Маскав (Внуково) ба Душанберо анҷом медиҳад. Аз 7 сентябр парвозҳо дар масири Маскав - Душанбе ҳамарӯза анҷом дода мешаванд.
Парвозҳо аз Душанбе ба Маскав (Внуково) тариқи ин ширкат рӯзҳои 1, 3, 5 ва 6 сентябр ва аз 8 сентябр - ҳар рӯз ба нақша гирифта шудаанд.
Аз 27 август ширкати Сомон Эйр ҳар рӯз парвозҳоро ба самти Душанбе - Москва - Душанбе анҷом медиҳад.
Ҷадвали парвозҳо ба минтақаҳои Русия ҳоло ҳам дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Ширкати Ural Airlines нақша дорад, ки ҳар ҳафта ба 38 самт парвозҳои мунтазам анҷом диҳад.
Дар хатсайрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Русия - Москва, Санкт -Петербург, Екатеринбург, Жуковский, Қазон, Калуга, Краснодар, Красноярск, Липецк, Минеральные Воды, Нальчик, Нижнекамск, Нижний Новгород, Новосибирск, Перм, Ростови лаби Дон, Самара, Уфа, Челябинск парвозҳо аз нав барқарор мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар Русия аз 1 сентябр тартиби нави воридшавии муҳоҷирон ҷорӣ шуд.
Барои ворид шудан ба Русия, акнун бояд аз барномаи мобилии "Саёҳат бе COVID-19" (Путешествую без COVID-19) истифода кард. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки азми сафари Русия доранд, бояд аз барномаи мобилии "Саёҳат бе COVID-19" истифода баранд.
Бо истифода аз барномаи "Саёҳат бе COVID-19", шаҳрвандони хориҷӣ, ки мехоҳад ба Русия парвоз кунанд, озмоишгоҳи наздиктаринро барои супоридани санҷиши коронавирус пайдо мекунанд.
Ва ҳангоми убури сарҳад бояд рамзи QR -ро бо натиҷаи таҳлил нишон диҳанд.
Афзун бар ин, 4 сентябр маълум шуд, ки то охири сол ба муҳоҷирон дар Русия корти махсус медиҳанд.
Тибқи иттилои ВКД Русия, ин кортҳо аз 29 декабр ба муҳоҷирон дода мешавад.Гуфта мешаванд, дар корт маълуот дар бораи муҳоҷир, акс ва изи ангушти вай сабт карда мешавад.
Панҷшер - хабарҳо аз ягона вилояте ки тан ба "Толибон" надод
Хабарҳое, ки аз ин дара мерасиданд, зидунақиз буданд: Толибон борҳо аз таслим кардани вилоят гузориш медоданд, намояндагони ҷаҳаи муқовимат, на танҳо ин иттилоъро рад мекарданд, балки аз шикасту талафотҳои бузурги рақибашон хабар доданд.
Нахуст, авали ҳафтаи гузашта, 30 август хабар дода шуд, ки "Толибон" кӯшиши ворид шудан ба Панҷшеро карданд, аммо манобеъ аз ҷабҳаи муқовимат хабар доданд, ки онҳоро шикаст доданд.
Гуфта мешуд, дар пайи даргирӣ миёни неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва гуруҳи Толибон* дар вилояти Бағлон даҳҳо толиб куштаву захмӣ шудаанд.
Аммо рӯзи 31 август дубора хабар дод, ки Толибон мустақиман ба Панҷшер ҳамла карданд, аммо боз ҳам шикаст хӯрданд.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, тариқи баёнияи видеоӣ дар шарҳи ин ҳамла гуфт, шаби гузашта дар самти Ғарби Даҳонаи Панҷшер “Толибон” як ҳамла доштанд, шояд мехостанд дар ҳамла ба Панҷшер бахташонро биёзмоянд.
Худи ҳамон рӯз аз се ҳамлаи дигар ба Панҷшер гузориш дода шуд ва тибқи иттилои ҷабҳаи муқовимат Толибон дар он низ шикаст хӯрданд ва ақиб заданд. Гуфта мешуд, дар ин ҳамлаҳо 15 толиб кушта шуданд.
1 сентябр Толибон эълон карданд, ки се вулусволи Панҷшерро гирифтанд, ҷабҳаи муқовимат ин иттилоъро рад кард. 2 сентябр Толибон изҳор доштанд, ки тасмим доранд ҷабҳаи муқовиматро шикаст диҳанд ва 3 сентябр эълон карданд, ки вилоят суқут кард.
Дар ҳамин ҳол, Ҷабҳаи муқовимат эълон кард, ки ин хабар беасос аст. 4 сентябр Толибон эълон карданд, ки 4 ноҳияи Панҷшерро гирифтанд, ҷабҳа аз ақибнишинии тактикӣ хабар дод. Аммо рӯзи дигар ҷабҳаи муқовимати Панҷшер хабар дод, ки толибҳоро шикаст дод.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз маълум гардид, ки сухангӯи ҷабҳаи муқовимат Фаҳим Даштӣ аз ҷониби толибон кушта шуд.
Ниҳоят “Толибон” аз суқути Панҷшер, охирин вилояти озод аз султаи хеш хабар доданд, аммо манобеъи Ҷабҳаи муқовимат мегӯянд, ҳанӯз нуқоти стратегии дара дар ихтиёрашон аст.
Дар як видеое, ки ин ҳаракат пахш кард, як фармондеҳи толиб аз назди бинои ҳукумати вилояти Панҷшер, воқеъ дар деҳаи Порох суҳбат мекунад. Вай мегӯяд, Панҷшер пурра аз сӯи толибҳо ишғол шуда, тамоми вилоят таҳти контролашон даромадааст.
Дар як видеои дигар толибҳо дар фурудгоҳи Панҷшер, воқеъ дар деҳаи Чангарам гаштугузор доранд. Аммо манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддаои “Толибон” – ро ботил хонда, мегӯянд, нерӯҳои муқовимат дар нукоти стратегӣ ҷойгир шудаанд ва нақшаи зиддиҳамлаҳо аз тамоми истиқоматро мекашанд.
Ҳамин тавр, тақдири Панҷшер то ҳол пурра рӯшан нест, ҷабҳаи муқовимат то ҳол аз идомаи мубориза хабар медиҳад. Толибон аз пирӯзӣ. То ҳол дар Тоҷикистон гӯш ба қимори хабарҳо аз Афғонистонанд.