Аз Убайдуллоев то Рустами Эмомалӣ: тақдими мукофоти давлатӣ ба собиқ мақомдорони парлумон

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонТақдими мукофоти давлатӣ ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон
Тақдими мукофоти давлатӣ ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Обуна шудан
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқи Душанбе ва роҳбари палатаи болоии парлумони Тоҷикистон бо мукофоти давлатии дигар қадрдонӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки тайи 20 сол то 2020-ум роҳбарии Маҷлиси миллиро ба уҳда дошт, медали ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатиро соҳиб шуд.
Ба гузориши аксии дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ, ки Убайдуллоевро дар мақоми шаҳрдории Душанбе ва роҳбари Маҷлиси миллӣ иваз кард, ҳамчунин бо мукоофти давлатӣ қадрдонӣ гардидааст.
1/7
Тақдими мукофоти давлатӣ ба Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
Инчунин раиси Маҷлиси намояндагон, Маҳмадтоҳир Зокирзода бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шудааст.
Дар феҳрасти собиқ роҳбарони парлумони Тоҷикистон, ки мукофоти давлатӣ гирифтаанд, Сайдулло Хайруллоев, раиси пешини Маҷлиси намояндагон, Абдулмаҷид Достиев, муовини раиси Маҷлис ва Амиршо Миралиев, собиқ ноиби аввали раиси Маҷлиси намояндагон мебошанд.
Дворец Нации в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Тақдими мукофот ба мақомдорони феълию пешини ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо қадрдонӣ аз хизмати мақомдорони собиқу феълӣ 88 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0