https://sputnik.tj/20210904/talaboti-nav-muhojiron-rusiya-1042054406.html
Корт бо изи ангушт: талаботи нав барои муҳоҷирон дар Русия - аз кай?
Корт бо изи ангушт: талаботи нав барои муҳоҷирон дар Русия - аз кай?
Sputnik Тоҷикистон
Дар кортҳо интиқолдиҳандаи электронӣ бо маълумот дар бораи хориҷиён ҷой дода мешавад
2021-09-04T13:00+0500
2021-09-04T13:00+0500
2021-09-04T12:39+0500
муҳоҷират
муҳоҷир
гирифтани изи ангушт
қавонин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102116/51/1021165184_0:145:2919:1786_1920x0_80_0_0_b1cae576b06f1317a62dc7c32f348c68.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Аз 29 декабр Вазорати корҳои дохилии Русия ба додани кортҳои пластикӣ ба муҳоҷирони корӣ ва хориҷиёне, ки ба муддати тӯлонӣ ба Русия меоянд, шурӯъ мекунад. Дар ин корт аз ҷумла интиқолдиҳандаи электронӣ бо маълумот дар бораи муҳоҷир, изи ангушт ва акси ӯ ҷой дода мешавад.Дар ин бора ТАСС бо истинод ба тарҳи Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад. Кортҳои пластикӣ дар сурати будани имкони техникӣ дода мешаванд, дар дигар ҳолатҳо ҳуҷҷат бидуни корт пешниҳод мешавад.Ҳуҷҷати нав инчунин муқарраротеро дар бар мегирад, ки тибқи он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ риояи талаботи ҳатмии супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Русияро месанҷанд. Талаботи нав барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба РусияИн талабот аз 29 декабри соли 2021 эътибор пайдо мекунанд. Дар озмоишгоҳҳои Суғд, барои додани маълумотномаи тиббӣ QR код насб мекунандВазорат тавзеҳ дод, ки вазифаи асосии муқаррароти нав таъмини сад дарсад шиносоии хориҷиён хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20210617/rusiya-muhojiron-qonuni-1040261542.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102116/51/1021165184_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_84135ad98ab3266108fa86d69980495f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон, русия, қавонин, нав, навгонӣ
муҳоҷирон, русия, қавонин, нав, навгонӣ
Корт бо изи ангушт: талаботи нав барои муҳоҷирон дар Русия - аз кай?
Дар кортҳо интиқолдиҳандаи электронӣ бо маълумот дар бораи хориҷиён ҷой дода мешавад
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Аз 29 декабр Вазорати корҳои дохилии Русия ба додани кортҳои пластикӣ ба муҳоҷирони корӣ ва хориҷиёне, ки ба муддати тӯлонӣ ба Русия меоянд, шурӯъ мекунад.
Дар ин корт аз ҷумла интиқолдиҳандаи электронӣ бо маълумот дар бораи муҳоҷир, изи ангушт ва акси ӯ ҷой дода мешавад.
Дар ин бора ТАСС бо истинод ба тарҳи Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
"Шакли ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд гузаштани бақайдгирӣ ва аксбардории ҳатмии давлатии изи ангуштро дар бар мегирад, дар шакли корт бо интиқолдиҳандаи электронии маълумот, тасдиқ карда шавад", - гуфта мешавад дар лоиҳаи ҳуҷҷат.
Кортҳои пластикӣ дар сурати будани имкони техникӣ дода мешаванд, дар дигар ҳолатҳо ҳуҷҷат бидуни корт пешниҳод мешавад.
Ҳуҷҷати нав инчунин муқарраротеро дар бар мегирад, ки тибқи он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ риояи талаботи ҳатмии супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Русияро месанҷанд.
Ин талабот аз 29 декабри соли 2021 эътибор пайдо мекунанд.
Вазорат тавзеҳ дод, ки вазифаи асосии муқаррароти нав таъмини сад дарсад шиносоии хориҷиён хоҳад буд.