https://sputnik.tj/20210906/rusiya-sababho-man-vurud-muhojiron-1042077738.html
ВКД гуфт, бо кадом сабабҳо вуруди муҳоҷирон ба Русия манъ мешавад
ВКД гуфт, бо кадом сабабҳо вуруди муҳоҷирон ба Русия манъ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки чаро аксар вақт вуруди хориҷиён ба Русия мамнӯъ мешавад
2021-09-06T14:15+0500
2021-09-06T14:15+0500
2021-09-06T14:15+0500
муҳоҷират
вкд
манъи вуруд
сабаб
муҳоҷир
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1b/1032357189_0:174:3023:1874_1920x0_80_0_0_f637f165e2cc13ffa4ebefe1b6bf70cb.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Дар Русия сабабҳои маъмултарини манъи вуруди хориҷиён номбар шуд, хабар медиҳад РИА Новости. Маълум шуд, ки аксар вақт Вазорати корҳои дохилии Русия вуруди шаҳрвандони хориҷиро барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии чандкарата, ки дар гузашта амалӣ шудааст, манъ кардааст. Маҳз бинобар такрори қонуншикании маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия дар соли 2021 бисёр муҳоҷирон ба кишвар роҳ дода нашуданд. Сабаби маъмулии манъи вуруд, аз ҷумла, вайрон кардани шартҳои муқарраршудаи будубоши муваққатӣ дар Русия будааст.Вазорати корҳои дохилӣ хотиррасон кард, ки қонунгузории Русия барои манъи муваққатии вуруд ба ин кишвар 22 асос пешбинӣ мекунад. Ёдовар мешавем, қаблан хабар дода шуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ қоидаҳои нави вуруд ба Русия ҷорӣ карда мешаванд. Лоиҳаи нав ба бақайдгирии ҳатмии изи ангушт, аксбардорӣ ва муоинаи тиббии хориҷиёне, ки беш аз 90 рӯз дар Русия мемонанд, дахл дорад.Бақайдгирии ҳатмӣ ва муоинаи тиббӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, ноболиғон ва пиронсолон - мардони аз 65 сола боло ва занони аз 60 боло татбиқ намегардад. Чораҳои пешниҳодшуда ҳамзамон сатҳи бехатарии санитарию эпидемиологиро беҳтар намуда, инчунин аз пинҳон доштани маълумоти шахсии хориҷиён, аз ҷумла аъзои созмонҳои ҷиноӣ ҷилавгирӣ хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20210906/shoygu-muhojiron-rusiya-kor-1042074731.html
https://sputnik.tj/20210904/talaboti-nav-muhojiron-rusiya-1042054406.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1b/1032357189_145:0:2876:2048_1920x0_80_0_0_4496a753d36c6249f7f5196fb06204ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вуруди муҳоҷирон, мамнуъ, русия, вкд
вуруди муҳоҷирон, мамнуъ, русия, вкд
ВКД гуфт, бо кадом сабабҳо вуруди муҳоҷирон ба Русия манъ мешавад
Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, чаро аксар вақт вуруди хориҷиён ба Русия мамнӯъ мешавад
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Дар Русия сабабҳои маъмултарини манъи вуруди хориҷиён номбар шуд, хабар медиҳад
РИА Новости.
Маълум шуд, ки аксар вақт Вазорати корҳои дохилии Русия вуруди шаҳрвандони хориҷиро барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии чандкарата, ки дар гузашта амалӣ шудааст, манъ кардааст.
Маҳз бинобар такрори қонуншикании маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия дар соли 2021 бисёр муҳоҷирон ба кишвар роҳ дода нашуданд.
Сабаби маъмулии манъи вуруд, аз ҷумла, вайрон кардани шартҳои муқарраршудаи будубоши муваққатӣ дар Русия будааст.
Вазорати корҳои дохилӣ хотиррасон кард, ки қонунгузории Русия барои манъи муваққатии вуруд ба ин кишвар 22 асос пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, қаблан хабар дода шуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ қоидаҳои нави вуруд ба Русия ҷорӣ карда мешаванд.
Лоиҳаи нав ба бақайдгирии ҳатмии изи ангушт, аксбардорӣ ва муоинаи тиббии хориҷиёне, ки беш аз 90 рӯз дар Русия мемонанд, дахл дорад.
Бақайдгирии ҳатмӣ ва муоинаи тиббӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, ноболиғон ва пиронсолон - мардони аз 65 сола боло ва занони аз 60 боло татбиқ намегардад.
Чораҳои пешниҳодшуда ҳамзамон сатҳи бехатарии санитарию эпидемиологиро беҳтар намуда, инчунин аз пинҳон доштани маълумоти шахсии хориҷиён, аз ҷумла аъзои созмонҳои ҷиноӣ ҷилавгирӣ хоҳанд кард.