https://sputnik.tj/20210906/shoygu-muhojiron-rusiya-kor-1042074731.html
Шойгу барои муҳоҷирон дар Русия кор ёфт
Шойгу барои муҳоҷирон дар Русия кор ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Русия барои ҷалби муҳоҷирони корӣ дар яке аз минтақаҳои кишвар қарзҳои имтиёзнок ҷорӣ мекунад
2021-09-06T12:01+0500
2021-09-06T12:01+0500
2021-09-06T12:01+0500
муҳоҷират
муҳоҷир
рушд
сибир
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1f/1041982124_0:0:2968:1671_1920x0_80_0_0_086436ddda713a7cb5aefae799b28093.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Вуруди муҳоҷирони корӣ ба рушди Сибир мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора вазири дифои Русия, генерали артиш Сергей Шойгу дар суҳбат бо РБК гуфт. Ба гуфти ӯ, хориҷиён метавонанд дар сохтмони шаҳрҳои нави минтақаи Сибир иштирок кунанд. Вазири дифоъ пешниҳод кард, ки барои ҷалби муҳоҷирон ба Сибир механизми вижа таҳия шавад. Вай қайд кард, ки "мешавад дар бораи низоми қарзҳои имтиёзӣ барои муҳоҷирон ва ипотекаи хона фикр кард".Дар робита ба вазъияти пуршиддат дар Афғонистон, Шойгу ҷонибдори татбиқи лоиҳаи бунёди масири бехатари байни Аврупо ва Чин "Кедровий тракт" шуд. Вай инчунин қайд кард, ки барномаи рушди Сибир аз камшавии аҳолӣ пешгирӣ мекунад. Барнома таъсиси марказҳои илмӣ, рушди энергияи нав, истеҳсоли моторҳои барқӣ, маснуоти чӯбӣ, батареяҳо ва ғайраро дар бар мегирад. Ҳукумати Русия барои амалисозии барномаи рушди Сибир дар тирамоҳ пешниҳодҳо омода хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210831/zhirinovskiy-afghoniston-tojikistonro-payvastan-rusiya-1041989291.html
сибир
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1f/1041982124_252:0:2908:1992_1920x0_80_0_0_f55c6dae5bbe351a52af428f73d96a12.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шойгу, муҳоҷирон, русия
Шойгу барои муҳоҷирон дар Русия кор ёфт
Русия барои ҷалби муҳоҷирони корӣ дар яке аз минтақаҳои кишвар қарзҳои имтиёзнок ҷорӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Вуруди муҳоҷирони корӣ ба рушди Сибир мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора вазири дифои Русия, генерали артиш Сергей Шойгу дар суҳбат бо
РБК гуфт.
Ба гуфти ӯ, хориҷиён метавонанд дар сохтмони шаҳрҳои нави минтақаи Сибир иштирок кунанд.
"Эҳтимол барои роҳандозии лоиҳаҳои сохтмонӣ аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравии мо вуруди захираҳои меҳнатӣ ба роҳ монда шавад", - таъкид кард ӯ.
Вазири дифоъ пешниҳод кард, ки барои ҷалби муҳоҷирон ба Сибир механизми вижа таҳия шавад. Вай қайд кард, ки "мешавад дар бораи низоми қарзҳои имтиёзӣ барои муҳоҷирон ва ипотекаи хона фикр кард".
Дар робита ба вазъияти пуршиддат дар Афғонистон, Шойгу ҷонибдори татбиқи лоиҳаи бунёди масири бехатари байни Аврупо ва Чин "Кедровий тракт" шуд.
Вай инчунин қайд кард, ки барномаи рушди Сибир аз камшавии аҳолӣ пешгирӣ мекунад.
"Мо дар бораи барномаи дарозмуддати рушди минтақаи Сибир дар тӯли даҳсолаҳо сухан меронем, ки он бояд на танҳо ба хориҷшавӣ хотима бахшад, балки муҳимтар аз ҳама барои ҷалби аҳолӣ ба Сибир шароити ҷолиб фароҳам оварад".
Барнома таъсиси марказҳои илмӣ, рушди энергияи нав, истеҳсоли моторҳои барқӣ, маснуоти чӯбӣ, батареяҳо ва ғайраро дар бар мегирад.
Ҳукумати Русия барои амалисозии барномаи рушди Сибир дар тирамоҳ пешниҳодҳо омода хоҳад кард.