Сармоягузориҳо ба Тоҷикистон кам шуданд: коршиносон сабабшро шарҳ доданд

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Обуна шудан
Коршиносон пешгӯи доранд, ки дар оянда дар саросари ҷаҳон рақобат барои ҷалби сармоягузориҳо зиёд хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 2 сен - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, воридоти сармояҳои хориҷӣ ба ҷумҳурӣ дар соли гузашта 47 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар соли 2020 ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳамагӣ 428 миллион доллар сармоягузорӣ карда шудааст, ки тақрибан 162 миллионаш сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди то соли 2030 ба иқтисоди кишвар 118,1 миллиард доллар ҷалб намоянд.
Тибқи нақша, аз ин маблағҳо ба бахши хусусӣ 54,7 миллиард доллар (46,3%), маблағҳои буҷетӣ 56,1 миллиард доллар (47,5%) ва саҳми шарикони рушд 7,3 миллиард доллар (6,2%) рост меояд.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Завқизода: новобаста аз паҳншавии коронавирус ва омилҳои беруна рушди иқтисод таъмин шуд
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мӯътақиданд, ки дар ҷаҳон рақобат барои ҷалби сармоягузорӣ боз ҳам шиддат мегирад ва барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ чораҳои фаъолро тақозо мекунад.
Ҷалби сармоя бояд яке аз омилҳои асосии барқароршавӣ ва рушди иқтисод дониста шавад.
Дар ҳамин ҳол, Сандуқи Байналмилалии Асъор ахиран дар бораи бузургтарин тақсимоти пул (650 миллиард доллар) миёни 187 кишвари ҷаҳон "Ҳуқуқҳои махсуси қарздиҳӣ" (SDRs) -ро эълон кард.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз ин созмони молиявии байналмилалӣ 258 миллион доллар мегирад, ки бо қурби феълӣ наздик ба 3 миллиард сомонӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0