Оғози сохтмони мактаби русӣ дар Хуҷанд

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкНа стройплощадке, архивное фото
На стройплощадке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Обуна шудан
Мақомоти Хуҷанд мегӯянд, сохтмони мактаби русӣ дар ин шаҳр аз ҷониби Русия, аллакай оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 3 сен - Sputnik. Шаҳрдории Хуҷанд барои мактаби русӣ бо имкони қабули беш аз 1200 толибилм 2, 8 гектар замин ҷудо кардааст
Абдумубин Исоев, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати Хуҷанд, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, корҳои сохтмонии мактаби нави Русия дар маҳаллаи 8 - и Хуҷанд оғоз гардидааст.
“Барои бунёди мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд музояда баргузор гардида, ширкати “Нуроб”, баранда шудааст. Ин ширкатест, ки корҳои сохтмонӣ дар НБО “Норак” - ро ба иҷро расонидааст”, - изҳор дошт Исоев.
Рабочие на стройке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2020
Чаро сохтмони мактаб 13 сол боз ба охир намерасад?
Бинои мактаби нави русӣ дар Хуҷанд аз се ошёна иборат буда, дар канори он майдони футбол, волейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш дар назар дошта шудааст. Дар дохили мактаб бунёди толори зимистонаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст.
Абдумубин Исоев таъкид намуд, ки сохтмони мактаби нав аз ҷониби Русия то моҳи августи соли оянда ба анҷом расонида шуда, шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2022 дарро ба рӯи толибилмони тоҷик боз хоҳад кард.
Сохтмони мактабҳо аз ҷониби Русия дар панҷ шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода дар назар аст. Қарор аст дар ин макотиб ба ҳисоби омӯзгорон аз Федератсияи Русия, омӯзгорони Тоҷикистон низ ба кор ҷалб карда шаванд. Хонандагон аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар тибқи озмун қабул карда мешаванд ва таълим тибқи меъёрҳои қабулшуда дар Русия роҳандозӣ хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0