ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Мактаби нотамом, ки сохтмонаш 13 сол қабл оғоз шудааст, барои 624 хонанда пешбинӣ гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.
Манбаъ аз қавли Холмуҳаммад Одинаев, сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон хабар додааст, ки ин муассиса бояд соли 2015 мавриди истифода қарор мегирифт, аммо ба далели камбуди маблағ ба таъхир афтод. Арзиши умумии сохтмон зиёда аз 21 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст.
“Аз соли 2007 барои сохтмони мактаб 9 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои пурра ба анҷом расидани корҳо боз 12 миллион сомонии дигар лозим аст. Сарраёсати молияи вилояти Хатлон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки марҳила ба марҳила боқимондаи маблағро ҷудо намояд”, - гуфт Холмуҳаммад Одинаев.
Раҳматуллозода тавзеҳ дод, ки чаро дар Душанбе биноҳои 2-4 ошёна тахриб мешаванд
Абдулвоҳид Саъдуллозода, сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон, изҳор доштааст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур идома дорад.
“Соли 2020 бо ин мақсад 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, мактаб, тибқи нақша, бояд соли 2021 ба истифода дода шавад”, - омадааст дар матлаб аз қавли Саъдуллозода.
Аммо сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Холмуҳаммад Одинаев изҳор доштааст, ки корҳои сохтмонӣ соли 2023 ба охир мерасанд.