https://sputnik.tj/20210901/rahmon-mardumi-tojik-sulh-garon-1041998478.html
Эмомалӣ Раҳмон: мардуми тоҷик сулҳро бо баҳои гарон ба даст овард
Эмомалӣ Раҳмон: мардуми тоҷик сулҳро бо баҳои гарон ба даст овард
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар гимназияи барои хонандагони болаёқат гуфт, мардуми тоҷик сулҳро ба баҳои гарон ба датс овард.
2021-09-01T12:45+0500
2021-09-01T12:45+0500
2021-09-01T12:45+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
душанбе
маориф
оромӣ ва субот
дарс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041883935_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_6b2623ca32bf860539441a2ecbe08f23.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар гимназияи барои хонандагони болаёқат гуфт, мардуми тоҷик сулҳро ба баҳои гарон ба даст овард.Дар ин росто президент гуфт зарур аст, ки фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзонем ва онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем."Дар ин раванд, фарҳанги сулҳ ва сулҳпарварӣ бояд аз синни хурдсолӣ, яъне аз зинаи таҳсилоти томактабӣ дар замири кӯдакон тарбия карда шавад, зеро ин марҳала дар инкишофи ақлонии кӯдак давраи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон..Президент ҳамчунин афзуд, ки солҳои охир рушди зинаи таҳсилоти томактабӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор гирифтааст ва то имрӯз дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.Вале раисиҷумҳур мегӯяд, тибқи таҳлилҳо корҳои амалигардида ҳанӯз ҳам талаботи аҳолиро ба чунин муассисаҳо қонеъ гардонида наметавонанд.1 сентябр "Дарси сулҳ": гузориши аксӣ аз оғози соли хониш дар ДушанбеҲамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифадор кард, ки барои роҳандозии Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020 – 2025 ва боз ҳам бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
https://sputnik.tj/20210901/maktabu-hobgoh-dushanbe-1041994788.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041883935_19:0:2750:2048_1920x0_80_0_0_7b46c11fcbd1c293ef0b52bf90e97153.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, сулҳ, рӯзи донишу сулҳ
президент, сулҳ, рӯзи донишу сулҳ
Эмомалӣ Раҳмон: мардуми тоҷик сулҳро бо баҳои гарон ба даст овард
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гимназия барои хонандагони болаёқат, ки тоза дар Душанбе ифтитоҳ шуд, дар бораи сулҳу субот сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар гимназияи барои хонандагони болаёқат гуфт, мардуми тоҷик сулҳро ба баҳои гарон ба даст овард.
"Мо – мардуми тоҷик, ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта мерасем, онро неъмати бузург медонем, зеро мардуми Тоҷикистон ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд", - таъкид кард президент.
Дар ин росто президент гуфт зарур аст, ки фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзонем ва онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем.
"Дар ин раванд, фарҳанги сулҳ ва сулҳпарварӣ бояд аз синни хурдсолӣ, яъне аз зинаи таҳсилоти томактабӣ дар замири кӯдакон тарбия карда шавад, зеро ин марҳала дар инкишофи ақлонии кӯдак давраи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон..
Президент ҳамчунин афзуд, ки солҳои охир рушди зинаи таҳсилоти томактабӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор гирифтааст ва то имрӯз дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.
Вале раисиҷумҳур мегӯяд, тибқи таҳлилҳо корҳои амалигардида ҳанӯз ҳам талаботи аҳолиро ба чунин муассисаҳо қонеъ гардонида наметавонанд.
Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифадор кард, ки барои роҳандозии Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020 – 2025 ва боз ҳам бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.