https://sputnik.tj/20210901/maktabu-hobgoh-dushanbe-1041994788.html
Сипосгузории Раҳмон аз Муродов ва Ҷурахонов: мактабу хобгоҳ сохтанду боз бунёд карданиянд
Сипосгузории Раҳмон аз Муродов ва Ҷурахонов: мактабу хобгоҳ сохтанду боз бунёд карданиянд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкороне, ки дар шаҳри Душанбе мактба ва хобгоҳ бунёд карданд изҳори сипос кард
2021-09-01T10:55+0500
2021-09-01T10:55+0500
2021-09-01T10:58+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
душанбе
маориф
мактаб
ифтитоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102850/23/1028502327_0:126:2048:1278_1920x0_80_0_0_a40ffa72b65bcc796930431a542a9a4f.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар шаҳру Душанбе бо иқдоми ду соҳибкор директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Моҳир семент" Баҳриддин Ҷурахонов ва вакили шаҳрӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сарманзил" Маҳмудҷон Муродов як мактаб ва хобгоҳ бунёд шуд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.Бино ба гузориши манбаъ, дар маросими ифтитоҳи ин ду иншоот президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат карданд.Гуфта мешавад, ки кишвардор ба соҳибкорон барои иқдоми созанда изҳори сипос кардааст ва онщо боз ваъда кардаанд, ки ду мактаби дигар дар пойтахт бунёд мекуннд.Ин ду иншоот ба муносибати 30-солаги Истиқлоли давлатӣ бунёд шудаанд.Мактаби №133Ин мактаб дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт аз тарафи соҳибкори ватанӣ — директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Моҳир семент" Баҳриддин Ҷурахонов сохта шуда, аз 4 қисми ба ҳам пайвасти 4 ошёна иборат буда, барои 2 ҳазору 560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.Муассисаи таълимӣ дорои 68 синфхона иборат аст.Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароит ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд додааст.Хобгоҳи Мактаб - интернати рақами 1Ҳамчунин, дар ноҳияи Синои пойтахт бинои хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб- интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе бо ширкати президент ва раиси шаҳр ифтитоҳ шуд.Бинои хобгоҳ барои 375 нафар бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, вакили шаҳрӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сарманзил" Маҳмудҷон Муродов сохта шудааст.Манбаъ афзуда, ки иншооти навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1 гектар замин қомат афрохтааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи апрели соли 2019 оғоз гардида, дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонда шудааст.Бинои хобгоҳ аз 45 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, мудир, посбон ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат аст.Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, соли 1972 дар заминаи “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор” таъсис ёфтааст.
https://sputnik.tj/20210826/rahmon-tursunzoda-3-maktab-iftitoh-1041895099.html
https://sputnik.tj/20210728/maktab-emomali-rahmon-dovtalabon-ihtisosho-qabul-1041237543.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102850/23/1028502327_132:0:1949:1363_1920x0_80_0_0_de4df4da2ed575e2a58f58e593c63d72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мактаб, хобгоҳ, душанбе
Сипосгузории Раҳмон аз Муродов ва Ҷурахонов: мактабу хобгоҳ сохтанду боз бунёд карданиянд
10:55 01.09.2021 (Навсозишуда: 10:58 01.09.2021) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкороне, ки дар шаҳри Душанбе мактаб ва хобгоҳ бунёд карданд изҳори сипос кард
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар шаҳру Душанбе бо иқдоми ду соҳибкор директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Моҳир семент" Баҳриддин Ҷурахонов ва вакили шаҳрӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сарманзил" Маҳмудҷон Муродов як мактаб ва хобгоҳ бунёд шуд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
Бино ба гузориши манбаъ, дар маросими ифтитоҳи ин ду иншоот президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат карданд.
Гуфта мешавад, ки кишвардор ба соҳибкорон барои иқдоми созанда изҳори сипос кардааст ва онщо боз ваъда кардаанд, ки ду мактаби дигар дар пойтахт бунёд мекуннд.
Ин ду иншоот ба муносибати 30-солаги Истиқлоли давлатӣ бунёд шудаанд.
Ин мактаб дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт аз тарафи соҳибкори ватанӣ — директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Моҳир семент" Баҳриддин Ҷурахонов сохта шуда, аз 4 қисми ба ҳам пайвасти 4 ошёна иборат буда, барои 2 ҳазору 560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи таълимӣ дорои 68 синфхона иборат аст.
Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароит ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд додааст.
Хобгоҳи Мактаб - интернати рақами 1
Ҳамчунин, дар ноҳияи Синои пойтахт бинои хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб- интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе бо ширкати президент ва раиси шаҳр ифтитоҳ шуд.
Бинои хобгоҳ барои 375 нафар бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, вакили шаҳрӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сарманзил" Маҳмудҷон Муродов сохта шудааст.
Манбаъ афзуда, ки иншооти навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1 гектар замин қомат афрохтааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи апрели соли 2019 оғоз гардида, дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонда шудааст.
Бинои хобгоҳ аз 45 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, мудир, посбон ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат аст.
Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, соли 1972 дар заминаи “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор” таъсис ёфтааст.