https://sputnik.tj/20210901/ima-marzi-tojikiston-afghoniston-uzbekistonro-bozsozi-1042006330.html
ИМА отряди сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистонро бозсозӣ мекунад
ИМА отряди сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистонро бозсозӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати ИМА дар Душанбе хабар дод, ки сохтмони иншооти нав барои отряди сарҳадбонон дар Айвоҷ, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва Ӯзбекистонро ба уҳда гирифтааст
2021-09-01T16:55+0500
2021-09-01T16:55+0500
2021-09-01T16:55+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
има
афғонистон
ёрӣ
шаҳритус
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103119/53/1031195368_0:0:2924:1645_1920x0_80_0_0_be0c57a403cb4ba3898abb780077dd2b.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Маросими гузоштани санги асоси иншооти ҷадид баъди анҷоми лоиҳакашӣ аввалҳои соли 2022 ба нақша гирифта шудааст, хабар дод Сафорати ИМА. Дар марҳилаи аввали лоиҳа таваҷҷӯҳи хос ба тарҳсозии иншоот равона мегардад, иттилоъ дод Сафорат. Манбаъ афзуд, пас аз анҷоми сохтмон иншооти нав метавонад кормандони сарҳад ва оилаҳои онҳоро ҷой кунад.Иншооти нави отряди сарҳадӣ дар Шаҳритус, ки ба мақомоти марзбонӣ имкон медиҳад, ба таҳдидҳои эҳтимолӣ посухи фаврӣ диҳанду нерӯҳояшро зудтар ба манотиқи наздисарҳадӣ сафарбар кунанд, омадааст дар иттилоия. Ҷон Марк Поммершайм, бозсозии иншооти нав дар марзро намунаи барҷастаи пойбандии муштарак ба амният ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ арзёбӣ кардааст. Сафорати ИМА афзуд, ки иншооти марзӣ дар Айвоҷ дар ҳамкорӣ бо Идораи таъминоти лоиҳаҳои Созмони Милали Муттаҳид (UNOPS) амалӣ мешавад. Ба иттилои Сафорат, аз соли 2002 то ин ҷониб, Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 300 миллион доллар кумак дар бахши амният расонидааст. Аз ҷумла зикр шудааст, ки дар доираи кумакҳои ИМА 12 посгоҳи марзӣ, 9 иншооти гузаргоҳи сарҳадӣ ва се маркази омӯзишии марзбононро таъмир ё азнавсозӣ кардааст. Мақомоти Тоҷикистон дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ба таъмини амният ва таҳкими мудофиаи марзҳо бо ин кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.
https://sputnik.tj/20210901/lavrov-maqsad-maskav-neruho-nato-afghoniston-1042000831.html
има
афғонистон
шаҳритус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103119/53/1031195368_195:0:2924:2047_1920x0_80_0_0_e94b2042e6c916ebf726b7f92ade6aa8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафорат, има, марз, сохтмон, душанбе
сафорат, има, марз, сохтмон, душанбе
ИМА отряди сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистонро бозсозӣ мекунад
Сафорати ИМА дар Душанбе хабар дод, ки сохтмони иншооти нав барои отряди сарҳадбонон дар Айвоҷ, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва Ӯзбекистонро ба уҳда гирифтааст
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Маросими гузоштани санги асоси иншооти ҷадид баъди анҷоми лоиҳакашӣ аввалҳои соли 2022 ба нақша гирифта шудааст, хабар дод Сафорати ИМА. Дар марҳилаи аввали лоиҳа таваҷҷӯҳи хос ба тарҳсозии иншоот равона мегардад, иттилоъ дод Сафорат.
Манбаъ афзуд, пас аз анҷоми сохтмон иншооти нав метавонад кормандони сарҳад ва оилаҳои онҳоро ҷой кунад.
Иншооти нави отряди сарҳадӣ дар Шаҳритус, ки ба мақомоти марзбонӣ имкон медиҳад, ба таҳдидҳои эҳтимолӣ посухи фаврӣ диҳанду нерӯҳояшро зудтар ба манотиқи наздисарҳадӣ сафарбар кунанд, омадааст дар иттилоия.
Ҷон Марк Поммершайм, бозсозии иншооти нав дар марзро намунаи барҷастаи пойбандии муштарак ба амният ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ арзёбӣ кардааст. Сафорати ИМА афзуд, ки иншооти марзӣ дар Айвоҷ дар ҳамкорӣ бо Идораи таъминоти лоиҳаҳои Созмони Милали Муттаҳид (UNOPS) амалӣ мешавад.
Ба иттилои Сафорат, аз соли 2002 то ин ҷониб, Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 300 миллион доллар кумак дар бахши амният расонидааст. Аз ҷумла зикр шудааст, ки дар доираи кумакҳои ИМА 12 посгоҳи марзӣ, 9 иншооти гузаргоҳи сарҳадӣ ва се маркази омӯзишии марзбононро таъмир ё азнавсозӣ кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ба таъмини амният ва таҳкими мудофиаи марзҳо бо ин кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.