https://sputnik.tj/20210901/amal-toshiev-guzasht-nizomi-bahsbarangez-1042010162.html
Амали Тошиев зимни гузашти низомӣ дар интернет баҳсбарангез шуд
Амали Тошиев зимни гузашти низомӣ дар интернет баҳсбарангез шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба баҳси шадиди байни корбарони интернет, ҳатто Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дахолат кард
2021-09-01T20:10+0500
2021-09-01T20:10+0500
2021-09-01T20:10+0500
иҷтимоъ
қирғизистон
кдам
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042007201_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_c9d36aa5b4f9503e1fa055aa7810a646.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Қирғизистон амали сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Қамчибек Тошиев дар таҷлили Рӯзи Истиқлолият боиси баҳси корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Ҳангоми иҷрои суруди миллӣ Тошиев дасташро ба синааш гузошт. Ба гуфти корбарон, Тошиев ҳамчун афсари низомӣ бояд дасташро барои саломи низомӣ ба cap мегузошт. Ин вазъияти баҳсбарангез дар дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шарҳ дода шуд. Ба гуфти намояндагони шӯъба, тибқи қонун "Дар бораи рамзҳои давлатӣ", ҳозирон ҳангоми иҷрои суруди миллӣ дасти рости худро ба тарафи чапи сина мегузоранд. Тошиев дар қатори меҳмонони фахрӣ буд, аз ин рӯ амали ӯ дуруст аст. Онҳо афзуданд, ки сардори шӯъба ҳамчун як шаҳрванд ва як раҳбари низомӣ кори дуруст кардааст. Ҳангоми роҳпаймоии ҳайатҳо, Тошиев ба хизматчиёни ҳарбӣ саломи низомӣ дод. Ба таҳриккунандагони баҳс тавсия дода шуд, ки ба дарки вазъ бираванд ва ба "танқиди бемаъно" роҳ надиҳанд.
https://sputnik.tj/20210708/toshiev-gureza-mardumi-afghon-qirghiziston-1040748556.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042007201_172:0:893:541_1920x0_80_0_0_a25d839f2af3d13f65cf377947bc449f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тошиев, интернет, баҳсбарангез
тошиев, интернет, баҳсбарангез
Амали Тошиев зимни гузашти низомӣ дар интернет баҳсбарангез шуд
Ба баҳси шадиди байни корбарони интернет, ҳатто Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дахолат кард
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Қирғизистон амали сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Қамчибек Тошиев дар таҷлили Рӯзи Истиқлолият боиси баҳси корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.
Ҳангоми иҷрои суруди миллӣ Тошиев дасташро ба синааш гузошт. Ба гуфти корбарон, Тошиев ҳамчун афсари низомӣ бояд дасташро барои саломи низомӣ ба cap мегузошт.
Ин вазъияти баҳсбарангез дар дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шарҳ дода шуд.
Ба гуфти намояндагони шӯъба, тибқи қонун "Дар бораи рамзҳои давлатӣ", ҳозирон ҳангоми иҷрои суруди миллӣ дасти рости худро ба тарафи чапи сина мегузоранд. Тошиев дар қатори меҳмонони фахрӣ буд, аз ин рӯ амали ӯ дуруст аст.
"Ҳангоми садо додани суруди миллӣ, хизматчиёни ҳарбӣ дар саф бидуни фармон як ҳолати роҳпаймоиро мегиранд ва фармондеҳони дар паҳлӯ истода саломи низомӣ медиҳанд. Азбаски Тошиев дар ҳайати меҳмонони фахрӣ буд, ӯ ҳангоми садо додани суруди миллӣ дасти росташро ба синааш гузошт", - шарҳ доданд дар дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Онҳо афзуданд, ки сардори шӯъба ҳамчун як шаҳрванд ва як раҳбари низомӣ кори дуруст кардааст.
Ҳангоми роҳпаймоии ҳайатҳо, Тошиев ба хизматчиёни ҳарбӣ саломи низомӣ дод.
Ба таҳриккунандагони баҳс тавсия дода шуд, ки ба дарки вазъ бираванд ва ба "танқиди бемаъно" роҳ надиҳанд.