https://sputnik.tj/20210708/toshiev-gureza-mardumi-afghon-qirghiziston-1040748556.html
Тошиев дар бораи гуреза шудани мардуми афғон ба Қирғизистон: омода мешавем
Тошиев дар бораи гуреза шудани мардуми афғон ба Қирғизистон: омода мешавем
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари хадамоти махсуси ватанӣ гуфт, ки барои рафъи таҳдидҳои беруна омодагиҳои фаъол идома доранд - чораҳои иктишофӣ ва контрразведкавӣ андешида мешаванд.
2021-07-08T15:25+0500
2021-07-08T15:25+0500
2021-07-08T15:25+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
қирғизистон
гурезагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/06/1039288691_0:0:1345:758_1920x0_80_0_0_39f2a322bd8e4e9687a360fc3e769550.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Гурезагон аз Афғонистон метавонанд ба қаламрави Қирғизистон ворид шаванд, гуфт раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев дар як нишасти хабарӣ. Ба гуфти ӯ, чунин таҳдид на танҳо барои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, балки барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, менависад Sputnik Қирғизистон.Дар Афғонистон феълан задухӯрди шадид миёни низомиёни ин кишвар ва ҷангиёни ҳаракати "Толибон"* ҷараён дорад. Ҷанги Афғонистон - ноҳияҳои тобеи толибонНатиҷаи набардҳои чандҳафтаина ин аст, ки "Толибон" тавонистанд қисмати зиёди Афғонистонро ба тобеияти худ дароранд.Ин ҳамлаҳо дақиқан пас аз хуруҷ шудани низомиёни Амрико аз Афғонистон ҷон гирифтанд. Ҳоло ҳудуди 1000 шаҳрванди Афғонистон, ки қисмати зиёди онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуреза шуданд.* созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20210708/lavrov-hamla-afghoniston-saad-tojikiston-1040738019.html
афғонистон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/06/1039288691_58:0:1253:896_1920x0_80_0_0_4869d84269a4f6e90fa94872a0de62f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тошиев, қирғизистон, афғонистон
тошиев, қирғизистон, афғонистон
Тошиев дар бораи гуреза шудани мардуми афғон ба Қирғизистон: омода мешавем
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, барои дафъи таҳдидҳои беруна омодагиҳо фаъолона идома доранд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Гурезагон аз Афғонистон метавонанд ба қаламрави Қирғизистон ворид шаванд, гуфт раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев дар як нишасти хабарӣ.
Ба гуфти ӯ, чунин таҳдид на танҳо барои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, балки барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, менависад
Sputnik Қирғизистон.
"Гурезагон аз Афғонистон метавонанд ба қарибӣ дар қаламрави мо пайдо шаванд, на танҳо дар ин кишварҳо. Қирғизистон ва дигар ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба таҳдидҳои беруна омодагӣ мегиранд. Дар ин самт корҳои фаъоли иктишофӣ идома доранд", - гуфт Тошиев.
Дар Афғонистон феълан задухӯрди шадид миёни низомиёни ин кишвар ва ҷангиёни ҳаракати "Толибон"* ҷараён дорад.
Натиҷаи набардҳои чандҳафтаина ин аст, ки "Толибон" тавонистанд қисмати зиёди Афғонистонро ба тобеияти худ дароранд.
Ин ҳамлаҳо дақиқан пас аз хуруҷ шудани низомиёни Амрико аз Афғонистон ҷон гирифтанд. Ҳоло ҳудуди 1000 шаҳрванди Афғонистон, ки қисмати зиёди онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуреза шуданд.
* созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон