Тақдими мукофот ба мақомдорони феълию пешини ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаДворец Нации в Душанбе
Дворец Нации в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Қасри миллат ба мақомдорони феълию собиқи ҳукумати кишвар мукофоти давлатӣ супорид
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 90 нафар ходимони давлатӣ медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон супорид.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими мукофотсупорӣ аз мушкилоти сӣ соли гузашта гуфта, таъкид намуд, ки дар он айёми пурфоҷиа хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик мавҷуд буд.
"Бо дарки миқёси хатар фарзандони огоҳу сарсупурдаи миллат ба андешидани тадбирҳои фаврӣ иқдом карданд. Қобили зикр аст, ки онҳоро дар ин роҳ пуштибонии қотеона, майлу ирода ва хоставу орзуҳои мардуми шарифи Тоҷикистон мадад мекард ва қувват мебахшид", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо қадрдонӣ аз хизмати мақомдорони собиқу феълӣ 88 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба аҳли фарҳанги Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Овозхонҳо унвону мукофот гирифтанд: аз Саидзода то Соҳиба ва Аловатову Назриев - аксҳо
Эмомалӣ Раҳмон аз собиқадорон даъват ба амал оварда шуд, ки бо таҷрибаи зиёд дар роҳи тарбияи насли оянда саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд, зеро ҳамаи онҳо бо заҳмати содиқона дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат дар байни ҷомеа соҳиби эҳтирому обрӯ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0