Наздики 40 муҳоҷир аз Русия депорт карда шуданд: сабаб

© Sputnik / Антон Белицкий / Гузариш ба медиабонкПерронный контроль пассажиров поезда Москва-Душанбе, архивное фото
Перронный контроль пассажиров поезда Москва-Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Обуна шудан
Пеш аз депорт шаҳрвандони хориҷӣ ҷарима шуданд
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Тақрибан 40 муҳоҷир пас аз занозании оммавӣ дар Митиши аз Русия ихроҷ карда шуданд.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба сардори хадамоти матбуотии Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав Татяна Петрова хабар медиҳад.
"Бо қарори додгоҳ 37 шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави Русия хориҷ карда шуданд. Қаблан нисбати онҳо як қатор протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда буданд, аз ҷумла барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират", - қайд кард Петрова.
Вай хотиррасон кард, ки дар авоили моҳи август дар Митиши як задухӯрди оммавӣ бо тирпаронӣ сурат гирифт.
Пас аз муноқиша 66 зодаи Осиёи Марказӣ ба шӯъбаи полиси маҳаллӣ бурда шуданд.
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Ёдоварӣ ба муҳоҷирон: то 30 сентбяр ҳузуратонро қонунӣ кунед, вагарна депорт мешавед
Наздики 50 муҳоҷир панҷ ҳазор рублӣ ҷарима супоридаанду сипас онҳоро дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ барои депортатсияи минбаъда ҷойгир кардаанд.
Аз ин шумора 37 муҳоҷир аллакай Русияро тарк кардаанд.
Драка болельщиков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
Занозании Кузминки: 26 қирғизистонӣ барои 40 сол депорт шуданд, дигарон навбат мепоянд
Қаблан 46 муҳоҷирро, ки дар занозании оммавӣ дар назди истгоҳи метрои Кузминки шаҳри Маскав ширкат доштанд, аз Русия ихроҷ карданд.
Коженов дар бораи муноқишаи муҳоҷирон: ин тақсими бозор нест
Вақтҳои охир чунин ҳодисаҳо дар Русия зиёд шудааст. Муовини раиси Думаи давлатии Русия Петр Толстой пешниҳод кард, ки вуруди муҳоҷирон - иштирокчиёни задухурдҳо абадан манъ карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0