Занозании Кузминки: 26 қирғизистонӣ барои 40 сол депорт шуданд, дигарон навбат мепоянд

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузариш ба медиабонкДрака болельщиков, архивное фото
Драка болельщиков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
Обуна шудан
Шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар задухӯрди оммавии метрои "Кузминки" ширкат карданд барои 40 сол депорт шуданд, дигарон навбат мепоянд
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. 26 қирғизистонӣ, ки иштирокчиёни занозании оммавӣ дар назди истгоҳи метрои "Кузьминки" - и Маскав буданд, аз Русия ихроҷ шуданд, хабар медиҳад Vesti.Ru.
Рӯзи 13 август онҳоро бо завлона аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба Қирғизистон фиристоданд.
Як парвоз ба Ӯш, дуввумӣ ба Бишкек парвоз кард.
Вуруди муҳоҷирон ба Русия барои 40 сол манъ карда шуд. Дар маҷмӯъ, пас аз занозании оммавӣ беш аз сад нафар - шаҳрвандони чор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ боздошт шуданд.
Полицейский рейд в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Муҳоҷирони тоҷик, ки дар "Кузминки" занозанӣ карданд, депорт мешаванд
Онҳо ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва меъёрҳои маҳдудкунандаи давраи ҳамагирии коронавирус, айбдор карда мешаванд.
Тибқи қарори додгоҳ, муҳоҷирон дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, интизори рафтан ба ватанашон ҳастанд.
Рӯзи 16 июл Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод, ки аз рӯи далели занозании оммавӣ дар назди истгоҳи метрои "Кузьминки" 102 нафар, аз ҷумла 71 шаҳрванди Қирғизистон боздошт шудаанд.
Люди неподалеку от контрольно-пропускного пункта на автомобильной дороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
ВКД вуруди 99 ҳазор хориҷиро ба Русия манъ кард
Додгоҳ 102 маводро баррасӣ карданду ҳабси маъмурӣ ба муддати 15 рӯз сурат гирифт. Мақомоти пойтахти Русия ин ҷангро як ҳолати фавқулодда арзёбӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0