Ёдоварӣ ба муҳоҷирон: то 30 сентбяр ҳузуратонро қонунӣ кунед, вагарна депорт мешавед

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСитуация у миграционного центра в Подмосковье
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Обуна шудан
"Авф"-и замони ковидӣ барои муҳоҷирон баъди 30 - сентябр қатъ мешавад
ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Муҳлати "авф" - и замони ҳамагирӣ 30 - сентябр ба охир мерасад, ёдовар шуд ВКД Русия.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ маслиҳат дода мешавад, ки то ҳамин муҳлат буду боши худро дар қаламрави Русия қонунӣ кунанд.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки тибқи фармони президенти Русия аз 15 июни соли 2021, муҳлати будубош ва расмикунонӣ дар Русия то санаи 30 сентябри соли 2021 тамдид карда шуд.
Строительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Коршинос: коҳиши муҳоҷирон ба рушди иқтисоди Русия мусоидат мекунад
Дар ин миён аз 1 октябри соли 2021 муҳоҷироне, ки натавонистанд ҳузури худро дар кишвар қонунӣ кунанд, метавонанд депорт шаванд.
Пештар аз қабули қонуне дар Русия хабар дода шуд, ки тибқи он вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ин кишвар тағйир ёфт.
Депорти наздики 50 муҳоҷир аз Русия барои занозанӣ дар метрои "Кузминки"
Тибқи ин қонун барои шаҳрвандони хориҷӣ зимни ворид шудан, гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ шуд.
Навгонӣ то соли 2025: Русия ба муҳоҷирони қонунӣ ниёз дорад
Ҳамчунин, муҳоҷирон ва сайёҳон бояд изи ангушт супорида аксбардорӣ кунанд.
Ин қавонин барои муҳоҷирон аз кишварҳои бидуни раводид ҷорӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0