Амрикоиҳо пас аз ҳамлаи террористӣ дар Кобул ба сӯи мардум оташ кушоданд: шоҳидон

© AP / Wali SabawoonДым от взрыва возле аэропорта в Кабуле, Афганистан
Дым от взрыва возле аэропорта в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Обуна шудан
Шоҳидон мегӯянд аксари мардум аз дасти низомиёни амрикоӣ ҷон бохтанд
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Нерӯҳои амрикоӣ рӯзи 26 август, пас аз ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи Кобул, ба сӯи мардуми осоишта оташ кушоданд ва ҳатто ба ҷониби онҳое, ки ба замин афтода буданд, тир холӣ карданд, хабар медиҳад RT бо истинод ба шоҳидони зиндамонда.
"Амрикоиҳо фикр карданд, ки дар миёни омма маргталабон ҳастанд ва на ба сӯи ҳаво балки ба сӯи мардум оташ кушоданд", - гуфт яке аз захмиён.
Ба гуфти дигар шоҳидон "аз таркиш шумораи ками мардум зиён дид", дигаронро низомиёни ба воҳима афтида паронданд.
Ба гуфти онҳо амрикоиҳо дар даромадгоҳи фурудгоҳ дар як хати рост бар ба бар истода буданд. Маргталаб худро чанд метр дуртар аз онҳо тарконд ва низомиён ба воҳима афтоданд.

"Он ҷо талотум шуд, ҳама медавиданд. Эҳтимолан амрикоиҳо фикр мекарданд, ки миёни мо низ интиҳорӣ ҳаст ва ба сӯи мардум оташ кушоданд. Аз таркиш теъдоди ками мардум ҷон бохт, маркази таркиш дар наздикии низомиёни амрикоӣ буд. Вале мардум дар паи оташкушоии низомиён қурбон шуданд", - нақл кард Шоҳ Ҷон - яке аз шоҳидони ҳол.

Ҷарроҳи яке аз беморхонаҳои Кобул, ин версияро ба шабакаи телевизионӣ тасдиқ кард. Ӯ дар бораи марде гуфт, ки дар баданаш панҷ захми таркиш ва ҷои тир монда буд. Ин мард зинда намонд.
Нахустин ҳамлаи мустақими "Толибон"* ба Панҷшер ва шикасташон аз нерӯҳои Регистонӣ
Рӯзи 26 август дар наздикии фурудгоҳи Кобул ду таркиш ба амал омад, ки масъулияти онҳоро гурӯҳи радикалии ДИИШ* бар ӯҳда гирифт.
Дар ин ҳамла 13 сарбози амрикоӣ ва тақрибан 200 афғон кушта шуданд.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Суруд мехонанду тир мепаронанд: Толибон* хуруҷи амрикоиҳоро ҷашн мегиранд - видео
Рӯзи 29 август як ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ як мошинро дар Кобул нобуд кард. Гуфта мешуд, ки дар он миқдори зиёди маводи тарканда бор буд.
Дар натиҷа 12 нафар, аз ҷумла кӯдакон кушта шуданд.
Суруд мехонанду тир мепаронанд: Толибон* хуруҷи амрикоиҳоро ҷашн мегиранд - видео
Субҳи имрӯз ҷангиёни ДИИШ* шаш мушакро ба фурудгоҳ партоб карданд, ки панҷтои онро системаи дифоъи зиддимушакии ИМА боздошт.
Толибон* - як созмони террористӣ аст, ки дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0