Суруд мехонанду тир мепаронанд: Толибон* хуруҷи амрикоиҳоро ҷашн мегиранд - видео

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Обуна шудан
Хуруҷи амрикоиҳо аз Афғонистон барои Толибон* маънои анҷоми ҷангрро дорад
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои Толибон* паҳн шуда, ки хуруҷи амрикоиҳоро аз Афғонистон ҷашн мегиранд.
Пештар Вазорати мудофиаи ИМА акси охирин низомии амрикоӣ, ки Кобулро тарк карда буд, нишон дод, хабар медиҳад шабакаи Telegram - и РИА Новости.
Ин генерал-лейтенант Крис Донахю мебошад.
Нахустин ҳамлаи мустақими "Толибон"* ба Панҷшер ва шикасташон аз нерӯҳои Регистонӣ
Пас аз рафтани низомиёни амрикоӣ, намояндагони Толибон* ба омӯзиши техникаи онҳо сар карданд ва либоси низомии онҳоро ба бар намуданд.
Ин амалҳои Толибон* дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.
Ҷангҷӯён аз ангари фурудгоҳи Кобул дидан карданд, то чархболҳои амрикоии Чинукро тафтиш намоянд. Бино ба гузориши LA Times, сипас Толибон* ба осмон тирандозӣ карданд ва анҷоми солҳои ҷангро ҷашн гирифтанд.
Ёдрас мешавем, ки ин рӯзҳо дар Афғонистон тақрибан 100 шаҳрванди ИМА ҳастанд, ки мехоҳанд кишварро тарк кунанд. Ҳамзамон амалиёти дипломатии ИМА дар Афғонистон аллакай ба Қатар интиқол дода шудааст.
Аҳмад Масъуд: Панҷшер бо як шарт ҷангро бо Толибон* хотима медиҳад
Толибон* - як созмони террористӣ аст, ки дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0