https://sputnik.tj/20210827/tojikiston-shirkati-sayohi-ijozatnoma-1041934953.html
Дар Тоҷикистон шумори ширкатҳои сайёҳӣ ба 230 адад расид
Дар Тоҷикистон шумори ширкатҳои сайёҳӣ ба 230 адад расид
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз ворид гардидани боз як ширкат ба бозори сайёҳии мамлакат хабар дод
2021-08-27T20:30+0500
2021-08-27T20:30+0500
2021-08-28T03:25+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
ширкат
иҷозатнома
сайёҳат
сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/24/1031392406_0:209:3163:1988_1920x0_80_0_0_a73c28ff4116eb4f21ccb6d1b5c2093a.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ахиран зимни як ҷаласа таъкид дошт, ки ҳоло дар бозори сайёҳии Тоҷикистон беш аз 230 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад.Ҳамзамон зимни ин ҷаласа раиси Кумита ба роҳбари як ширкати навтаъсиси “Шумон” Бахтовар Аминзода иҷозатномаи фаъолиятро супурд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумита.Гуфта шудааст, ки ширкати “Шумон” дар шаҳри Ҳисор таъсис ёфта, ҳадафи он рушди сайёҳии дохилӣ бо фарогирии сайёҳии табобатӣ, фарҳангӣ, аграрӣ ва экологӣ мебошад.Роҳбари ширкати “Шумон” таъкид доштааст, ки ҳоло барои тавсеа додани равобит бо як ширкати ӯзбекистонӣ вориди гуфтушунид шудааст.“Дар оянда ният дорем ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, хусусан давлатҳои Осиёи Марказӣ, тавсеа бахшем. Алҳол бо яке аз ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон – “Самарқанд тревел” вориди гуфтушунид шудаем”, - зикр кардааст роҳбари ширкати сайёҳии “Шумон” Бахтовар Аминзода.Инчунин, Кумитаи рушди сайёҳӣ, инчунин, хабар додааст, ки муҳлати фаъолияти ширкати “Вояж тур” - ро низ тамдид намуд.
https://sputnik.tj/20210614/shirkati-sayyohi-voridi-bozor-tojikiston-1040205030.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/24/1031392406_216:0:2947:2048_1920x0_80_0_0_c2e1005d1d2cd368102fce42689a58d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкат, сайёҳат, кишвар
тоҷикистон, кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкат, сайёҳат, кишвар
Дар Тоҷикистон шумори ширкатҳои сайёҳӣ ба 230 адад расид
20:30 27.08.2021 (Навсозишуда: 03:25 28.08.2021) Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон шумори дақиқи ширкатҳои сайёҳӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон кору фаъолият мекунанд эълон кард
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ахиран зимни як ҷаласа таъкид дошт, ки ҳоло дар бозори сайёҳии Тоҷикистон беш аз 230 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад.
Ҳамзамон зимни ин ҷаласа раиси Кумита ба роҳбари як ширкати навтаъсиси “Шумон” Бахтовар Аминзода иҷозатномаи фаъолиятро супурд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумита.
Гуфта шудааст, ки ширкати “Шумон” дар шаҳри Ҳисор таъсис ёфта, ҳадафи он рушди сайёҳии дохилӣ бо фарогирии сайёҳии табобатӣ, фарҳангӣ, аграрӣ ва экологӣ мебошад.
Роҳбари ширкати “Шумон” таъкид доштааст, ки ҳоло барои тавсеа додани равобит бо як ширкати ӯзбекистонӣ вориди гуфтушунид шудааст.
“Дар оянда ният дорем ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, хусусан давлатҳои Осиёи Марказӣ, тавсеа бахшем. Алҳол бо яке аз ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон – “Самарқанд тревел” вориди гуфтушунид шудаем”, - зикр кардааст роҳбари ширкати сайёҳии “Шумон” Бахтовар Аминзода.
Инчунин, Кумитаи рушди сайёҳӣ, инчунин, хабар додааст, ки муҳлати фаъолияти ширкати “Вояж тур” - ро низ тамдид намуд.