Боз шаш ширкати сайёҳӣ вориди бозори Тоҷикистон шуданд

© Sputnik Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон, ки ба сабаби паҳншавии коронавирус дар тамоми ҷаҳон ва басташудани марзҳо аз камбуди сайёҳон шикоят мекунанд, ахиран эълон намудааст дар ҷумҳурӣ боз шаш ширкати сайёҳии дигар таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Шаш ширкатаи нави сайёҳӣ — “Дамир”, “Саёҳати Диёр”, “Сайри Дарвоз”, “Айён”, “Иттиҳодияи илми истеҳсолии Асил” ва “Тоҷик Тур” вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд, иттилоъ додааст Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.
“Бо мақсади мусоидат дар роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар тибқи тартиби муқарраргардида, ҷамъ ба 228 ширкати сайёҳӣ иҷозатнома дода шудааст. Аз ин шумора 30 ширкати сайёҳӣ соли 2020 ва 12 ширкат соли 2021 таъсис ёфтаанд”, -афзуд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои сайёҳии навтаъсис таъкид дошҳтанд, ки барои рақобати солим бо омодасозии барномаҳои ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ барои ҷалби бештари сайёҳон омода ҳастанд.
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2021
Мақомоти Тоҷикистон зарари бахши сайёҳӣ дар замони коронавирусро эълон кард
Дар заминаи имтиёзҳои дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш ёфта, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ бахши сайёҳӣ зиёд гардид ва ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан устувор гаштани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат таъсири мусбат расонида истодаанд.
Бояд қайд кард, ки бахши сайёҳии Тоҷикистон дар ду соли ахир ба сабаби паҳншавии вируси корона зарари хеле зиёд дидааст.
Раиси Комитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз хисорати беш аз 174 миллион долларӣ дар бахши сайёҳии кишвар дар соли 2020 бар асари ҳамагирии корона хабар дод
Отдых на море, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Мавсими харобшудаи сайёҳӣ: Аврупо миллиардҳо доллари гардишгарони русро аз даст дод
Ҷуразода гуфт, ки дар солҳои гузашта даромади бахши сайёҳӣ 230 - 205 миллион доллар дар сол ё 2, 5 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилиро ташкил медод, аммо дар соли 2020 милодӣ ин шохис ба як дарсад аз тавлиди нохолиси дохилӣ коҳиш ёфта ва 72, 6 миллион долларро ташкил додааст.
"Дар натиҷаи пандемия, даромади ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, пансионатҳо, тарабхонаҳо ва муассисаҳои хӯроки умумӣ, инчунин аҳолӣ, ки ба сайёҳон хидмат мерасонанд, хеле коҳиш ёфтааст”, - афзуд Раиси Комитати рушди сайёҳии Тоҷикистон.
Ҷуразода ҳамчунин гуфт, ки соли гузашта беш аз 410 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо аҳдофи мухталиф ворид Тоҷикистон шуданд, ки 909 ҳазор ва 100 нафар ё 69 дарсад камтар аз соли 2019 милодӣ будааст.
Ба гуфтаи раиси Комитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар 224 ширкати гардишгарӣ фаъолият мекунанд ва ҳеч як аз онҳо дар соли 2020 бо вуҷуди давраи душвори пандемия ва коҳиш даромад, фаъолияти худро қатъ накардааст.
Лентаи хабарҳо
0