https://sputnik.tj/20210826/rusiya-muhojiron-dastrasi-hizmatrasonihoi-bonki-1041905844.html
Дар Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ осонтар шуд
Дар Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ осонтар шуд
Sputnik Тоҷикистон
Акнун дар Русия барои дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, дигар корти муҳоҷиратӣ лозим намешавад
2021-08-26T16:15+0500
2021-08-26T16:15+0500
2021-10-21T19:10+0500
муҳоҷират
бонк
дастрасӣ
дар русия
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041888344_0:168:3046:1881_1920x0_80_0_0_a42b1f31e0dc173b81d3ab68ab29ce7d.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг - Sputnik. Дар Русия қоидаи нав дар бораи хизматрасонии бонкӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ роҳандозӣ шудааст, иттилоъ додааст Prime.Ҳоло, ҳангоми муайян намудани муштарии хориҷӣ дар шӯъбаҳои бонкҳои Русия, ба муҳоҷирон дигар корти корти муҳоҷиратӣ лозим намешавад.Агар қаблан дар Русия барои амалиёти бонкӣ корти муҳоҷиратӣ ва санаде, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандро дар будубош ва иқомат дар Русия тасдиқ мекард, лозим буд, ҳоло бошад санади охирин кифоя аст.Ба гуфтаи Крушанова Лариса, дотсенти кафедраи фанҳои ҳуқуқии Донишгоҳи “Синергия”, ин иқдом коғазбозиҳои хадамоти муҳоҷиратро коҳиш медиҳад."Шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ (шиноснома), иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ва санади бақайдгирии муваққатӣ дар макони будубош, патент ё иҷозатномаи муваққатии кор дар якҷоягӣ бо қонуни мубориза бо шустушӯи пул, ба давлат имкон медиҳад, ки аз санади коғазӣ - корти муҳоҷиратӣ даст кашид", - гуфт Крушанова.Илова бар ин, шаҳодатномаи муваққатӣ, ки ба ҷои корти муҳоҷиратӣ дода мешавад "то ҳол ба давлат ва мақомоти дахлдор имкон медиҳад, ки ин муҳоҷиронро назорат кунанд".Дар ҳоли ҳозир муҳоҷирони корӣ аз кортҳои бонкҳои Русия истифода мекунанд ва ба хонаводаҳои худ дар ватан озодона пул интиқол медиҳанд. Онҳо инчунин аз маҳсулоти гуногуни қарзӣ истифода мебаранд.
https://sputnik.tj/20210826/tartib-nav-vurud-muhojiron-rusiya-sentyabr-1041895362.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041888344_159:0:2888:2047_1920x0_80_0_0_84f3a993b37b02e10467a149a540861b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷирони меҳнатӣ, бонк, хизматрасонӣ, содатар,дастрасӣ
русия, муҳоҷирони меҳнатӣ, бонк, хизматрасонӣ, содатар,дастрасӣ
Дар Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ осонтар шуд
16:15 26.08.2021 (Навсозишуда: 19:10 21.10.2021) Акнун дар Русия барои дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, дигар корти муҳоҷиратӣ лозим намешавад
ДУШАНБЕ, 26 авг - Sputnik. Дар Русия қоидаи нав дар бораи хизматрасонии бонкӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ роҳандозӣ шудааст, иттилоъ додааст Prime.
Ҳоло, ҳангоми муайян намудани муштарии хориҷӣ дар шӯъбаҳои бонкҳои Русия, ба муҳоҷирон дигар корти корти муҳоҷиратӣ лозим намешавад.
Агар қаблан дар Русия барои амалиёти бонкӣ корти муҳоҷиратӣ ва санаде, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандро дар будубош ва иқомат дар Русия тасдиқ мекард, лозим буд, ҳоло бошад санади охирин кифоя аст.
Ба гуфтаи Крушанова Лариса, дотсенти кафедраи фанҳои ҳуқуқии Донишгоҳи “Синергия”, ин иқдом коғазбозиҳои хадамоти муҳоҷиратро коҳиш медиҳад.
"Шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ (шиноснома), иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ва санади бақайдгирии муваққатӣ дар макони будубош, патент ё иҷозатномаи муваққатии кор дар якҷоягӣ бо қонуни мубориза бо шустушӯи пул, ба давлат имкон медиҳад, ки аз санади коғазӣ - корти муҳоҷиратӣ даст кашид", - гуфт Крушанова.
Илова бар ин, шаҳодатномаи муваққатӣ, ки ба ҷои корти муҳоҷиратӣ дода мешавад "то ҳол ба давлат ва мақомоти дахлдор имкон медиҳад, ки ин муҳоҷиронро назорат кунанд".
Дар ҳоли ҳозир муҳоҷирони корӣ аз кортҳои бонкҳои Русия истифода мекунанд ва ба хонаводаҳои худ дар ватан озодона пул интиқол медиҳанд. Онҳо инчунин аз маҳсулоти гуногуни қарзӣ истифода мебаранд.