Тартиби нави вуруди муҳоҷирон ба Русия аз 1 сентябр

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПассажиры в аэропорту
Пассажиры в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Обуна шудан
Ҳукумати Федератсияи Русия қарореро ба тасвиб расондааст, ки вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ бидуни ҳуҷҷат дар намуди QR - code ғайриимкон мегардад
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Сар аз 1 сетнябр вуруди муҳоҷирон ба Федератсияи Русия бидуни ҳуҷҷат дар намуди QR - code ғайриимкон мешавад.
Дар робита ба ин тартиби нав, Вазорати тандурустӣ аз тамоми шаҳрвандони хоҳишманди сафар ба Русия даъват намудааст, ки ин намуд ҳуҷҷатро қабл аз сафар ҳатман дастрас намоянд.
Бар хабари манбаъ, шаҳрвандон пас аз насби барномаи "Сайёҳат бидуни COVID - 19" дар телефони мобилии худ метавонанд рамзи QR - code - ро дар шаҳри Душанбе аз озмоишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дастрас намоянд.
Мигранты в России  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Коршинос: бурузи дубораи коронавирус ба муҳоҷирон мушкилӣ эҷод мекунад
Вазорат барои хоҳишмандони сафар тарзи дурусти дастрас кардани ҳуҷати мазкурро чунин шарҳ додааст:
"Дар асоси лоиҳаи "Саёҳат бидуни COVID-19" барои истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар интернет-мағозаҳое, ки дар телефон барномагузорӣ шудааст, барномаи наве бо номи "Путешествую без COVID-19" кушода шудааст. Шаҳрвандон бояд ин барномаро дар телефони дастии худ насб намуда, маълумоти заруриро ворид кунанд", - омадааст дар хабар.
Дар идома манбаъ тавзеҳ додааст, ки пас аз ворид намудани маълумот ин барнома макони гирифтани ташхис дар намуди QR-code - ро пешниҳод мекунад ва бо шиносномаи хориҷӣ метавон онро дастрас кард.
Манбаъ зикр намудааст, ки ҳангоми сафар ба Русия рамзи QR-code-ро аз тариқи телефон ба нафарони масъул бояд нишон дод.
Лентаи хабарҳо
0