Эълони Толибон* аз эҳтимоли истифодаи нерӯ дар Панҷшер ва таъкиди Масъуд ба мубориза

© AFP 2023 / JOEL SAGETАхмад Масуд, сын покойного афганского полководца Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского полководца Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Обуна шудан
Толибон* эълон карданд, ки роҳи низомӣ яке аз ду гузинаи ҳалли қазияи Панҷшер аст. Аҳмад Масъуд дар навори ҷадид истод барои Худо ва хоку мардумро таъкид кард
ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Аҳмад Масъуд, роҳбари муқовимат дар Панҷшер, дар як наворе, ки баъди сарусадои таслимаш нашр шудааст, аз аҳамияти мубориза барои хоку мардум гуфт.
Аҳмад Масъуд изҳор дошт, ки тасмимаш ин шуд, ки алайҳи зулми ошкор мубориза барад.
Силы Талибана в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Толибон* аз Русия хостаанд, паёмашонро ба Панҷшер расонад: чӣ пешниҳод доранд
Бар асоси навори нашркардаи шабакаи Manoto News, Аҳмад Масъуд, ки дар ҷаласае суханронӣ мекард, суол гузошт, ки чӣ як тараф зулму ситам аст, чӣ кор кунам, хезам раҳо кунам, биравам?
Ӯ дар навор таъкид мекунад, ки куҷо равад ва дар ин сурат зиндагӣ чӣ маъно хоҳад дошт.

“Зиндагӣ худаш мубориза аст. Вақте зиндагӣ маъно пайдо мекунад, ки як ҳадафе бошад. Чӣ чизе болотар аз ин аст, ки як миллате ба хотири Худо, ба хотири мардум ба хотири хокаш, дар баробари таҷовузи ошкор истод мешавад”, - таъкид намуд Масъуд.

Ӯ бо ишора ба онҳое, ки хонаҳоро бидуни мубориза тарк карданду рафтанд, барояшон роҳи сафед хост ва афзуд, ки миллат ниёзманди афроди заиф нест.
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Ато тафсилоти фирору нақшаи ояндаро гуфт: ҷанг карданӣ будам, ки вазиру Дӯстум занг заданд
Ин дар ҳолест, ки ба гузориши Sputnik Афғонистон Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибон* изҳор доштааст, ки мушкили Панҷшер ба ҳар сурат ҳал хоҳад шуд, ё ба воситаи нерӯ бошад ё ба воситаи музокирот.
Ахиран Толибон* тариқи дипломатҳои Русия ба Панҷшер паём додаанд, ки мехоҳанд мушкилро бо роҳи сиёсӣ ҳал намоянд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0