https://sputnik.tj/20210822/tolibon-rusiya-payom-panjsher-sozish-peshnihod-1041816641.html
Толибон* аз Русия хостаанд, паёмашонро ба Панҷшер расонад: чӣ пешниҳод доранд
Толибон* аз Русия хостаанд, паёмашонро ба Панҷшер расонад: чӣ пешниҳод доранд
Sputnik Тоҷикистон
Созмони террористии Толибон* тариқи Русия ба роҳбарони Панҷшер созиш пешниҳод кардаанд
2021-08-22T08:57+0500
2021-08-22T08:57+0500
2021-08-22T09:04+0500
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/10/1041672415_0:224:2847:1825_1920x0_80_0_0_a2cfc73984e9f762d1e3820fa43b1a75.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон, мегӯяд, намояндаи дафтари сиёсии Толибон* аз дипломатҳои рус хостааст, паёми сиёсияшонро ба Панҷшер расонанд.Намояндаи Толибон* 21 август аз сафорати Афғонистон дар Русия боздид карда, ин масъаларо ба миён гузоштааст, иттилоъ додаст Жирнов зимни суҳбат дар барномаи “Соловьев Live”.Ба гуфтаи сафир, Толибон* аз Русия хостаанд, ба роҳбарони Панҷшер расонанд, ки то ҳол аъзои ин созмон ягон талоши бо зурӣ ворид шудан ба вилоятро накардаанд.Ӯ таъкид намудааст, ки Толибон* бо ин пешниҳодашон мехоҳанд, нишон диҳанд, ки ба дараҷае, ки аз онҳо тасвир мешаванд, "хатарнок" нестанд.Дипломати рус ин мавқеъгирии Толибонро* созандатар аз бархӯрди Амруллоҳ Солеҳ, собиқ ноиби аввали раисиҷумҳур, хонд, ки феълан дар Панҷшер қарор дораду худро қонунан роҳбари муваққатии давлат эълон намуда, ба ҷанг алайҳи Толибон* даъват дорад.Панҷшер ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* аст, ки нерӯҳо таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд дар он ҷамъ омада, таъкид мекунанд, ки алайҳи зӯргӯиҳои ҷангиёни Толибон* мубориза хоҳанд бурд. Нерӯҳои Панҷшер ҷонибдорияшонро аз низоми исломии муътадил баён дошта, таъкид мекунанд, ки қудрат бояд дар дасти ҳукумати ҳамашумул бошад. *созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210821/tolibon-afghoniston-jang-1041812285.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/10/1041672415_58:0:2789:2048_1920x0_80_0_0_6a8f0993a742c22b22f8355aa4ad2547.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, суҳбат, панҷшер
Толибон* аз Русия хостаанд, паёмашонро ба Панҷшер расонад: чӣ пешниҳод доранд
08:57 22.08.2021 (Навсозишуда: 09:04 22.08.2021) Созмони террористии Толибон* тариқи Русия ба роҳбарони вилояти Панҷшер созиш пешниҳод кардаанд
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон, мегӯяд, намояндаи дафтари сиёсии Толибон* аз дипломатҳои рус хостааст, паёми сиёсияшонро ба Панҷшер расонанд.
Намояндаи Толибон* 21 август аз сафорати Афғонистон дар Русия боздид карда, ин масъаларо ба миён гузоштааст, иттилоъ додаст Жирнов зимни суҳбат дар барномаи “Соловьев Live”.
Ба гуфтаи сафир, Толибон* аз Русия хостаанд, ба роҳбарони Панҷшер расонанд, ки то ҳол аъзои ин созмон ягон талоши бо зурӣ ворид шудан ба вилоятро накардаанд.
“Толибон* бар инанд, ки масъларо бо роҳи сулҳомез, тариқи созиши сиёсӣ ҳал кунанд”, - афзудааст Жирнов.
Ӯ таъкид намудааст, ки Толибон* бо ин пешниҳодашон мехоҳанд, нишон диҳанд, ки ба дараҷае, ки аз онҳо тасвир мешаванд, "хатарнок" нестанд.
Дипломати рус ин мавқеъгирии Толибонро* созандатар аз бархӯрди Амруллоҳ Солеҳ, собиқ ноиби аввали раисиҷумҳур, хонд, ки феълан дар Панҷшер қарор дораду худро қонунан роҳбари муваққатии давлат эълон намуда, ба ҷанг алайҳи Толибон* даъват дорад.
Панҷшер ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* аст, ки нерӯҳо таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд дар он ҷамъ омада, таъкид мекунанд, ки алайҳи зӯргӯиҳои ҷангиёни Толибон* мубориза хоҳанд бурд. Нерӯҳои Панҷшер ҷонибдорияшонро аз низоми исломии муътадил баён дошта, таъкид мекунанд, ки қудрат бояд дар дасти ҳукумати ҳамашумул бошад.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар