Ато тафсилоти фирору нақшаи ояндаро гуфт: ҷанг карданӣ будам, ки вазиру Дӯстум занг заданд

© из личного архива Атто Мухаммада НурЛидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Обуна шудан
Ато Муҳаммади Нур, собиқ волии Балх ва фармондеҳи басиҷи мардумӣ дар нахустин суҳбати видеоияш баъди фирор аз Афғонистон, тафсилоти берун шудан аз Афғонистонро гуфта, нақшаҳои ояндаашро баён дошт
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Ато Муҳаммади Нур дар шарҳи фирор аз Балх гуфт, Ҳукумат барояшон силоҳ надод ва хатти дифои нерӯҳои амниятӣ бо тамоми муҳимоташ тайи даҳ дақиқа тахлия шуд.
Ӯ аз Ҳукумати Афғонистон ҳасуду ҳарис ном бурд, ки муҳимоти зиёдро дар ихтиёри Толибон* гузошт, аммо ҳозир нашуд силоҳро барои афроди Ато ва Дӯстум диҳанд. Ба гуфтаи Ато, танҳо ду рӯз пеш аз суқути Балх сесад мил силоҳи М 16 – ро доданд, ки бидуни тир буданду дар ин шакл баробар чӯбанд.
Ба гуфтаи собиқ волии Балх ӯро низ мехостанд, тариқи тавтеа сардори ҷиҳоди Ҳирот, амир Исмоилхонро баста туҳфа доданд, ба дом андозанд.

“Худо нигоҳаш карду хонаи ҳамон толибон ҳам обод, ки каме муруввату мардонагӣ карданд, дар ҳаққи амир соҳиб ва ташаккур аз бародарони Ҳирот, ки амирро аз он ҷо берун кашиданд”, - изҳор дошт Ато дар мавриди қазияи Исмоилхон.

Вай афзуд, сарнавиштро барояш низ омода карда буданд, ба дом афтад, ғурурашро бишкананду бо гардани каҷу оҷизона ҳарфҳое бизанад, ки дар шаънаш нест.
Ато мегӯяд, вақте хатти аввал дар даҳ дақиқа тахлия шуд, онҳо нияти ташкили хатти дигари берун аз шаҳр ва идомаи ҷанг буданд ва дар сурати шикаст дар ин хат омодагӣ ба ҷанг дар куҳҳоро дида буданд.
“Худо хайр диҳад, вазири дифоъро, ба ман занг зад, ки гап хатму тавтеа асту бурун шав. Ман гуфтам, дар дохили шаҳр не, як хати дигарро канори шаҳр ҷӯр мекунаму ҷанг мекунам. Агар ин ҷо ҳам шикаст хӯрдам дар куҳҳо тадобири худро дорам, чун пештар меравам дар куҳҳо меҷангам”, - қисса кард собиқ фармондеҳи басиҷи мардумии Балх.
Ахмад Масъуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Такзиби таслими Масъуд ба Толибон*: Бисмиллоҳхон мегӯяд, Панҷшер авиатсия мегирад
Ба гуфтаи ӯ, дар он рӯз инчунин Устод Муҳаққиқ занг зад, ки гап хатм асту Маршал Дӯстум дар тамос шудасту изҳор доштаст, ки дар тарафи Хайратон асту даъват крад, ки ҳамроҳ берун шаванд. Ато муътақид аст, ки агар дар дохил мемонд, муфт асир ё кушта мешуд, ки хоси хирадмандон нест, то душман ба содагӣ пирӯз гардад. Ӯ таъкид намуд, ки агар силоҳ дар ихтиёраш мебуд то охир меҷангиду марги боиззатро қабул мекард.
Итминон дод, ки бо ҳар шевае бошад, ба Афғонистон бармегардад ва ин вобаста ба Толибон аст, ки хатои гузаштаи худро такрор мекунанд, ё ҳукумати ҳамашумули ба манфиати мардумро қабул месозанд. Дар ғайри сурат мардум ҳеч гоҳ навкари бегона намешавад, ҷанг оғоз мегардад. Ӯ таъкид намуд, ки ҳақ доранд, шарики қудрат бошанд чун хоку кишварашон аст.
Ато дар хитоб ба бузургоне, ки дар дохил мондаанду иддао доранд, ки ба хотири манофеи мардум монданд, изҳор дошт, ки зери чатру парчами бегонагон боқӣ мондаанд. Ато Муҳаммад Нур таъкид намуд, агар коре ба хайри мардум кунанд, аз онҳо миннатдор мешавад, аммо агар тасмиме қабул кунанд, ки бо машвара ва ба манофеи мардум набошад, қабул нахоҳанд кард.
Аз ҳукуматдорони қаблӣ дар Кобул доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, собиқ раиси иҷроияи Афғонистон ва Ҳомид Карзай, собиқ президенти ин кишвар мондаанд, ки феълан бо намояндагони ақшору ақвоми гуногун мулоқот мекунанд.
Силы Талибана в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Толибон* аз Русия хостаанд, паёмашонро ба Панҷшер расонад: чӣ пешниҳод доранд
Дар маҷмуъ Ато Муҳаммади Нур ба изҳороти Толибон* нобоварӣ баён кард, ки мегӯянд, аз таҷрибаи талхи гузашта омӯхтаанд, интиқомҷӯию куштор намекунанд.
Ӯ мегӯяд, ин куллан барои нармкунӣ аст, чун хона ба хонаи мардум мегарданд, амволи мардумро мегиранд ва инчунин бисёр ором нухбаҳоро пайгирӣ мекунанд.
Вай ба Толибон* ҳушдор дод, ки агар хатоҳои гузаштаро такрор кунанд, ҷанг шуруъ мешавад, худаш мисле ки дар гузашта карда буд, 10 ё 100 нафар бошад ҳам дар ҷуғрофияи Афғонистон қарор мегираду муқовиматро идома медиҳанд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0