Такзиби таслими Масъуд ба Толибон*: Бисмиллоҳхон мегӯяд, Панҷшер авиатсия мегирад

© Пресс-служба Фаонда МасъудАхмад Масъуд
Ахмад Масъуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Обуна шудан
Хабари таслим ва байъати Аҳмад Масъуд, роҳбари ҳаракати муқовимат дар Панҷшер ба гуруҳи террористии Толибон* такзиб шуд
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Иддаои аъзои Толибон* дар мавриди таслими Аҳмад Масъуд бепояанд, изҳор дошт яке аз наздикони роҳбари муқовимат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, танҳо музокирот бо Толибон* дар мавриди шеваи давлатдории оянда ва ҳукумат ҷараён дорад, ки бояд ҳамашумул бошад. Дар меҳвари талаботи нерӯҳои Панҷшер, ё худ муқовимати миллии Афғонистон ғайримутамарказ кардани Ҳукумат аст, ки дар он набояд як гуруҳ сарнавишти мардумро муайян кунанд. Таъкид мешавад, ки нерӯҳои муқовимат ҷонибдори давлати исломии муътадил мебошанд. Феълан созише ҳосил нашудааст.
Қаблан аз қавли Халил Раҳмон Ҳаққонӣ хабарҳо нашр шуданд, ки Аҳмад Масъуд ба Амороти эълонкардаи Толибон* байъат карду мавриди афв қарор гирифт.
Силы Талибана в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Толибон* аз Русия хостаанд, паёмашонро ба Панҷшер расонад: чӣ пешниҳод доранд
Дар ҳамин ҳол Herat Times бо такя ба Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои ҳукумати Ашраф Ғанӣ хабар додааст, ки ба зери фармондеҳии Аҳмад Масъуд нерӯҳои ҳавоӣ – авиатсия гузашта истодааст. Дар мавриди он ки ин чигуна навъи авиатсия асту аз куҷо ба зери фармондеҳии Масъуд гузашта истодааст, иттилое ироа нагардидааст. Қаблан аз фирори бархе халабонҳою низомиён ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хабар дода шуда буд.
Феълан Панҷшер ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* мебошад, ки дар он нерӯҳои зиддитолиб ҷамъ омада, азми муқовимат доранд. Толибон* дар навбати худ изҳор доштаанд, ки мехоҳанд қазияи Панҷшер бо роҳи мусолиматомез ҳал гардад.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0