https://sputnik.tj/20210821/elita-ukraina-davlat-1041810774.html
Михаил Хазин: элитаи Украина на дар фикри давлат, балки дар фикри дуздидан аст
Михаил Хазин: элитаи Украина на дар фикри давлат, балки дар фикри дуздидан аст
Sputnik Тоҷикистон
Бо иқдоми минбаъдаи мақомот, иқтисоди Украина бо ояндаи бебозгашт рӯ ба рӯ мешавад
2021-08-21T14:13+0500
2021-08-21T14:13+0500
2021-08-21T14:13+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
иқтисод
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102880/91/1028809140_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_40e3398d72975b34e52856ba61aac258.jpg
Украина 24 август 30 -юмин солгарди истиқлолро ҷашн мегирад. Дар ин муддат кишвар танҳо ба харобии иқтисодӣ, авҷи фасод ва таназзули истеҳсолот ноил шуд. Иқтисоддон ва публисист Михаил Хазин ба Sputnik гуфт, ояндаи наздик иқтисоди Украинаро чӣ интизор аст.Ҳоли табоҳи иқтисоди Украина Пош хӯрдани ИҶШС ба ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ зарбаи сахт зад. Бо вуҷуди ин, Украина тақрибан ягона кишвари пасошӯравӣ аст, ки дар тӯли 30 соли истиқлолият ба сатҳи иқтисодии охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум ҳам, нарасидааст. Мувофиқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, соли 1990, вақте Эъломияи соҳибихтиёрии давлатӣ имзо шуд, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Украина ба ҳар сари аҳолӣ 3965 доллар буд. То соли 2020 ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Украина ҳамагӣ 3115 доллар баробар шуд.Таваррум низ дар Украина вазъи фалокатбор дорад: дар 10 соли охир болоравии нархи молҳо қариб 200%-ро ташкил дод. "Украина як давлати ноком аст, зеро модели иқтисодии он, ки набудани ҳамкорӣ бо Русияро пешбинӣ мекунад, миранда аст", - қайд мекунад Хазин. Украинаро фурӯ мебарандБа гуфти коршинос, ба зудӣ дар кишвар танҳо корпоратсияҳои фаромиллӣ боқӣ хоҳанд монд, ки "Украинаро фурӯ мебаранд". "Мо ҳама мебинем, ки дар Афғонистон чӣ рух дод. Ба эҳтимоли зиёд, Украина мисли ҳама кишварҳои Аврупои Шарқӣ тақрибан бо ҳамон сенария дучор хоҳад шуд", - мегӯяд иқтисоддон.Хазин мутмаин аст, ки мақомоти Украина ба рушди иқтисодӣ манфиатдор нестанд. Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида Киевро ҷиддӣ қабул намекунанд ва танҳо аз он истифода мебаранд."Дар Украина, идеяи асосии мансабдорони сари қудрат - дуздӣ кардан то ҳадди имкон ва фирор намудан дар ниҳоят", - хулоса кард коршинос.Дар бораи он, ки оё Украинаро дефолт интизор аст ва оё Ангела Меркел ҳангоми сафари худ ба Киев бо Владимир Зеленский масъалаи "Маҷрои Шимолӣ 2" -ро баррасӣ хоҳад кард - дар мусоҳибаи пурраи Sputnik ба забони русӣ тамошо кунед.
https://sputnik.tj/20210819/defolt-siyosat-ziddirusiyagi-ukraina-1041750893.html
https://sputnik.tj/20210818/yanukovich-sabab-tabaddulot-ukraina-1041704520.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102880/91/1028809140_182:0:903:541_1920x0_80_0_0_ed38aa190f4f6244b7073f89e2b9f17c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
элитаи украина, иқтисод, сиёсат
элитаи украина, иқтисод, сиёсат
Михаил Хазин: элитаи Украина на дар фикри давлат, балки дар фикри дуздидан аст
Бо иқдоми минбаъдаи мақомот, иқтисоди Украина ба ояндаи бебозгашт рӯ ба рӯ мешавад
Украина 24 август 30 -юмин солгарди истиқлолро ҷашн мегирад. Дар ин муддат кишвар танҳо ба харобии иқтисодӣ, авҷи фасод ва таназзули истеҳсолот ноил шуд.
Иқтисоддон ва публисист Михаил Хазин ба Sputnik гуфт, ояндаи наздик иқтисоди Украинаро чӣ интизор аст.
Ҳоли табоҳи иқтисоди Украина
Пош хӯрдани ИҶШС ба ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ зарбаи сахт зад. Бо вуҷуди ин, Украина тақрибан ягона кишвари пасошӯравӣ аст, ки дар тӯли 30 соли истиқлолият ба сатҳи иқтисодии охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум ҳам, нарасидааст.
Мувофиқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, соли 1990, вақте Эъломияи соҳибихтиёрии давлатӣ имзо шуд, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Украина ба ҳар сари аҳолӣ 3965 доллар буд. То соли 2020 ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Украина ҳамагӣ 3115 доллар баробар шуд.
Таваррум низ дар Украина вазъи фалокатбор дорад: дар 10 соли охир болоравии нархи молҳо қариб 200%-ро ташкил дод.
"Украина як давлати ноком аст, зеро модели иқтисодии он, ки набудани ҳамкорӣ бо Русияро пешбинӣ мекунад, миранда аст", - қайд мекунад Хазин.
Ба гуфти коршинос, ба зудӣ дар кишвар танҳо корпоратсияҳои фаромиллӣ боқӣ хоҳанд монд, ки "Украинаро фурӯ мебаранд".
"Мо ҳама мебинем, ки дар Афғонистон чӣ рух дод. Ба эҳтимоли зиёд, Украина мисли ҳама кишварҳои Аврупои Шарқӣ тақрибан бо ҳамон сенария дучор хоҳад шуд", - мегӯяд иқтисоддон.
Хазин мутмаин аст, ки мақомоти Украина ба рушди иқтисодӣ манфиатдор нестанд. Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида Киевро ҷиддӣ қабул намекунанд ва танҳо аз он истифода мебаранд.
"Дар Украина, идеяи асосии мансабдорони сари қудрат - дуздӣ кардан то ҳадди имкон ва фирор намудан дар ниҳоят", - хулоса кард коршинос.
Дар бораи он, ки оё Украинаро дефолт интизор аст ва оё Ангела Меркел ҳангоми сафари худ ба Киев бо Владимир Зеленский масъалаи "Маҷрои Шимолӣ 2" -ро баррасӣ хоҳад кард - дар мусоҳибаи пурраи Sputnik ба забони русӣ тамошо кунед.