https://sputnik.tj/20210819/defolt-siyosat-ziddirusiyagi-ukraina-1041750893.html
Дефолт наздик аст: сиёсати зиддирусиягии Украина кишварро ба чӣ ҳол расонд?
Дефолт наздик аст: сиёсати зиддирусиягии Украина кишварро ба чӣ ҳол расонд?
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон мегӯянд, муфлисшавии корхонаҳои бузургтарин, бекорӣ ва болоравии нарх қариб то 200% - ин рӯйхати пурраи сабабҳои шиддат гирифтани бӯҳрони Украина нест
2021-08-19T19:00+0500
2021-08-19T19:00+0500
2021-08-19T19:00+0500
сиёсат
иқтисод
украина
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102856/37/1028563773_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_047377be0e3cb97e01f75a116e9befa3.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Рӯзи 24 август Украина 30-солаги истиқлоли худро таҷлил мекунад. Дар ин рӯз Киев чанд чорабинии сиёсиро баргузор мекунад - гузашти низомии нерӯҳои амниятӣ ва шоу.Вале гузориши Хадамоти давлатии Украина дигар чизро нишон медиҳад: ҳар сол Киев озодиашро аз даст медиҳад - пеш аз ҳама истиқлоли иқтисодиро.Чаро кишвар дар тӯли солҳои дароз наметавонад буҳронро паси сар кунад ва чӣ тавр, сиёсати зиддирусиягӣ Украинаро ба ашёи хоми Ғарб табдил медиҳад. Ба ин суолҳо дар маводи Sputnik посух пайдо хоҳед кард.Мушкил меафзоядМақомоти Украина пур аз омори манфӣ аст. Аз аввали сол болоравии нарх 6,5%-ро ташкил дод. Ҳамаи чиз гарон мешавад: танҳо дар моҳи июл нархи шакар тақрибан то 7% боло рафт, маводи машруботӣ ва тамоку то 0,8% ва техника то 0,4 дарсад афзоиш ёфт.Нархи энержӣ ва газ ҳам то 0,6 баланд шуд. Нархи алоқа (0,1%), нақлиёт (1,1%) ва ҳамчунин тандурустӣ (0,1%). Ва ҳамаи ин ниҳояти кор нест - бино ба пешгӯиҳои Бонки миллии Украина то охири сол нархҳо то 9,6% баланд мешавад.Аз ин рӯ, гарчанде мақомот дар бораи афзоиши музди миёнаи меҳнат суҳбат мекунанд (ва дар соли 2021 он воқеан аз 423 доллар то 532 доллар афзоиш ёфтааст), аммо украиниҳои оддӣ ин афзоишро эҳсос намекунанд. Дар умум, дар давоми 10 сол арзиши молҳо дар кишвар қариб 200% афзоиш ёфтааст. Қарзҳои шаҳрвандони оддӣ низ афзоиши таъсирбахшро нишон медиҳанд. Украиниҳо аз хоҷагии манзилию коммуналӣ беш аз 2 миллиард доллар қарздор ҳастанд, бештар аз нерӯи барқ, зеро тарифҳои имтиёзнок барои оилаҳои серфарзанд ва ятимхонаҳо бекор карда шуданд ва маҳз ҳамин қисми мардум пардохтпазирии камтар дорад.Анъана - барои ҳамаи чиз Русия айбдор астАммо, ба назар мерасад, ки ҳамаи ин мушкилот танҳо мардуми оддиро ба ташвиш меорад. Зеро 11 август дар вебсайти президенти Украина Владимир Зеленский хабар пайдо шуд, ки сарвари давлат Стратегияи амнияти иқтисодиро то соли 2025 қабул кард ва Русия дар ин ҳуҷҷат "ҷои муҳим" -ро ишғол мекунад. Тибқи Стратегия, "хароб кардани иқтисоди Украина" "як амали бошуурона ва ҳадафмандонаи Русия" аст, ва таъсираш ба шиддати иҷтимоӣ дар ҷомеаи Украина эҳсос мешавад.Ин ҳама мафҳум ба иқтисод ё воқеият ҳеҷ рабте надорад, мегӯяд Алексей Зубетс, доктори илмҳои иқтисод, проректори Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Русия. "Кӯшиши Русияро манбаи мушкилот гуфтан, танҳо ба таблиғгарон ва одамоне мувофиқат мекунад, ки иқтисодро намефаҳманд, - мегӯяд коршинос. Таҳдиди асосӣ барои иқтисоди Украина ин аз уҳдаи вазифаҳои худ набаромадани ҳукумат мебошад. Буҷаи кишвар - аҳволи бад дорад, чун дар бозори ҷаҳонӣ нархи ангишт, ки Украина ба он ниёз дорад, боло рафт, зеро нерӯгоҳҳои барқии Украина тавссути ангишт барқ истеҳсол мекунанд ва кишвар қудрат надорад, онро харидорӣ кунад".Ақидаи яксонро Дмитрий Марунич, ҳамраиси Бунёди стратегияҳои энержии Украина, дар мусоҳиба бо Sputnik изҳор дошт, ки Стратегияи амнияти иқтисодиро "коғазе" беш намедонад.Ҳатто агар мақомот бигӯянд, ки тиҷорат бо Русия ба Украина таҳдид мекунад, ҳама дарк мекунанд, ки ин кишвар бе харидани ангишти Русия наметавонад коре анҷом диҳад.Вақте тиҷорат - душмани асосӣ астҲама мушкилоти мавҷуда аз равандҳое оғоз ёфтанд, ки солҳои пеш оғоз шуда буданд, мегӯяд Алексей Зубетс. "Маблағи дастгирии кишварро метавон иқтисодиёти истеҳсолкунандаи маҳсулоти аз ҷиҳати технологӣ мураккаб таъмин кунад, мегӯяд ӯ. - Аммо, Украина ё потенсиали саноатии худро аз даст дод ё дидаву дониста онро барҳам зад. Ва бе таҳкурсии саноатӣ, таъмини сифати ҳаёт барои шаҳрвандон мушкил аст".Рӯйхати иншооти барҳамёфтаи Украина беохир аст. Аксари корхонаҳои украинӣ ба бозори Русия нигаронида шуда буданд ва танҳо дар соли 2014, вақте ки кишвар тасмим гирифт, муносибатҳояшро бо Русия қатъ кунад, ба бадтарин буҳрон дучор шуд.Дар натиҷа, заводи машҳури Лвов (ЛАЗ) соли 2014 баста шуд, соли 2018 заводи мошинсозии Запороже муфлисиашро эълон кард, ки барои он Русия бозори асосии фурӯш буд (89% таҳвили маҳсулот дар солҳои 2007-2012 дар Русия буд). Имсол корхонаи киштисозии Баҳри Сиёҳ дар Николаев, ки ҳамаи крейсерҳои ҳавопаймоии Иттифоқро сохта буд, расман барҳам хӯрд.Корхонаи мушакпарварӣ ва кайҳонии "Южмаш", ки қаблан бо Русия ҳамкорӣ мекард, низ буҳронро аз сар мегузаронад. Соли гузашта мақомоти Украина маҷбур буданд аз буҷети давлатӣ тақрибан 8 миллион доллар ҷудо кунанд, то қарзи ширкати "Южмаш" -ро дар пардохти маоши кормандон пӯшанд. Заводи ҳавопаймоии Антонов, ки хариди ҷузъҳоро аз Русия қатъ кардааст, аз соли 2016 то 2019 ягон ҳавопаймо истеҳсол накардааст. Қатъи истеҳсолоти бузург, бешубҳа ба иқтисоди Украина зарба хоҳад зад. Имрӯз ин кишвар фақиртарин кишвари Урупо ва яке аз кишварҳои камбизоати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Ин далелро ҳатто ҳизби ҳокими "Хизматгори Халқ" низ бояд эътироф кунад. "Агар мо сатҳи ММД-и Украинаро ба ҳар сари аҳолӣ бо сатҳи Полша муқоиса кунем, барои ба Полша расидан тақрибан 30-40 сол лозим аст, ба шарте ки Лаҳистон вз ҷой наҷунбад", - гуфт, раиси кумитаи парлумон оид ба молия Даниил Гетмантсев. Урупо кумак намекунадОлексий Зубетс бовар дорад, ки деиндустриализатсия Украинаро ба ашёи хоми Ғарб табдил медиҳад. Ҳоло Украина истеҳсоли ғалладонаро рушд медиҳад ва ба сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаи кишоварзӣ умед мебандад. Қаблан коршинос борҳо гуфта буд, ки тавлиди ғизо метавонад аз ҳисоби ширкатҳои байналмилалӣ афзоиш ёбад. Аммо, бояд дарк кард, ки истехсоли ғалла меҳнати зиёдеро талаб намекунад. Маълум мешавад, ки ин бахши иқтисод украинҳоро бо кор таъмин намекунад - ва буҳрони муҳоҷират идома хоҳад ёфт. Имрӯз 1,5 миллион украиниҳо дар Лаҳистон муҳоҷир шудаанд.Дар Русия ҳам шумораи муҳоҷирони украинӣ кам нестанд: аз соли 2016 то 2020 қариб як миллион украиниҳо шаҳрванди Русия шуданд. Вазъияти пуршиддати демографиро гузориши Хадамоти давлатии омор низ гувоҳӣ медиҳад: аз аввали сол аҳолии Украина беш аз 180 ҳазор нафар коҳиш ёфта, ҳоло 41,4 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар соли 2013 ин рақам аз 45 миллион доллар гузашта буд. Агар вазъи демографӣ яксон набошад, пас аз 10-15 сол ба кишвар дефолт таҳдид мекунад, зеро кишвар ба захираҳои инсонӣ ниёз дорад, гуфт мушовири раҳбари Федератсияи корфармоёни Украина оид ба масъалаҳои иқтисодӣ. "Пеш аз ҳама, Хазинаи нафақа барҳам мехӯрад. Сарбории қарзи ҳар як андозсупорандаи инфиродӣ меафзояд, ки ин хавфи кафолати дефолтро зиёд мекунад", - шарҳ дод ӯ. Алексей Зубетс низ аз хатари дефолт мегӯяд. "Ҳоло Украина Русияи солҳои 1996-1997 - ро мемонад" қайд мекунад коршинос. Оё кишвар метавонад таназзули иқтисодиро пешгирӣ кунад - суолест бе ҷавоб. Дар тӯли 30 соли истиқлолият ҷумҳурӣ аз буҳрон раҳо нашуд. Одамоне, ки замоне Украинаро пешвои саноатии ИҶШС гардонданд, пир шуданд - дар кишвар зиёда аз 11 миллион нафақахӯрон ҳастанд.Насли нав бошад наметавонад кор пайдо кунад, зеро пас аз бастани корхонаҳо ҷои кор вуҷуд надорад: дар соли 2020 танҳо 11,3 миллион шаҳрванди Украина маоши расмӣ гирифтанд.
https://sputnik.tj/20210819/artish-ukraina-siloh-jang-1041747115.html
https://sputnik.tj/20210819/millatgaroi-va-genotsid-ukraina-boz-chiro-meparastad-1041737989.html
https://sputnik.tj/20210818/yanukovich-sabab-tabaddulot-ukraina-1041704520.html
https://sputnik.tj/20210818/yanukovich-ishtibohi-ukrainaro-1041704001.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102856/37/1028563773_238:0:2969:2048_1920x0_80_0_0_068540ff551c87662030031ccd32b1fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, кишвар, буҳрон, дефолт
украина, кишвар, буҳрон, дефолт
Дефолт наздик аст: сиёсати зиддирусиягии Украина кишварро ба чӣ ҳол расонд?
Коршиносон мегӯянд, муфлисшавии корхонаҳои бузургтарин, бекорӣ ва болоравии нарх қариб то 200% - аз камтарин сабабҳои шиддат гирифтани буҳрони Украина аст
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Рӯзи 24 август Украина 30-солаги истиқлоли худро таҷлил мекунад. Дар ин рӯз Киев чанд чорабинии сиёсиро баргузор мекунад - гузашти низомии нерӯҳои амниятӣ ва шоу.
Вале гузориши Хадамоти давлатии Украина дигар чизро нишон медиҳад: ҳар сол Киев озодиашро аз даст медиҳад - пеш аз ҳама истиқлоли иқтисодиро.
Чаро кишвар дар тӯли солҳои дароз наметавонад буҳронро паси сар кунад ва чӣ тавр, сиёсати зиддирусиягӣ Украинаро ба ашёи хоми Ғарб табдил медиҳад. Ба ин суолҳо дар маводи Sputnik посух пайдо хоҳед кард.
Мақомоти Украина пур аз омори манфӣ аст. Аз аввали сол болоравии нарх 6,5%-ро ташкил дод. Ҳамаи чиз гарон мешавад: танҳо дар моҳи июл нархи шакар тақрибан то 7% боло рафт, маводи машруботӣ ва тамоку то 0,8% ва техника то 0,4 дарсад афзоиш ёфт.
Нархи энержӣ ва газ ҳам то 0,6 баланд шуд. Нархи алоқа (0,1%), нақлиёт (1,1%) ва ҳамчунин тандурустӣ (0,1%). Ва ҳамаи ин ниҳояти кор нест - бино ба пешгӯиҳои Бонки миллии Украина то охири сол нархҳо то 9,6% баланд мешавад.
Аз ин рӯ, гарчанде мақомот дар бораи афзоиши музди миёнаи меҳнат суҳбат мекунанд (ва дар соли 2021 он воқеан аз 423 доллар то 532 доллар афзоиш ёфтааст), аммо украиниҳои оддӣ ин афзоишро эҳсос намекунанд.
Дар умум, дар давоми 10 сол арзиши молҳо дар кишвар қариб 200% афзоиш ёфтааст. Қарзҳои шаҳрвандони оддӣ низ афзоиши таъсирбахшро нишон медиҳанд.
Украиниҳо аз хоҷагии манзилию коммуналӣ беш аз 2 миллиард доллар қарздор ҳастанд, бештар аз нерӯи барқ, зеро тарифҳои имтиёзнок барои оилаҳои серфарзанд ва ятимхонаҳо бекор карда шуданд ва маҳз ҳамин қисми мардум пардохтпазирии камтар дорад.
Анъана - барои ҳамаи чиз Русия айбдор аст
Аммо, ба назар мерасад, ки ҳамаи ин мушкилот танҳо мардуми оддиро ба ташвиш меорад. Зеро 11 август дар вебсайти президенти Украина Владимир Зеленский хабар пайдо шуд, ки сарвари давлат Стратегияи амнияти иқтисодиро то соли 2025 қабул кард ва Русия дар ин ҳуҷҷат "ҷои муҳим" -ро ишғол мекунад.
Тибқи Стратегия, "хароб кардани иқтисоди Украина" "як амали бошуурона ва ҳадафмандонаи Русия" аст, ва таъсираш ба шиддати иҷтимоӣ дар ҷомеаи Украина эҳсос мешавад.
Ин ҳама мафҳум ба иқтисод ё воқеият ҳеҷ рабте надорад, мегӯяд Алексей Зубетс, доктори илмҳои иқтисод, проректори Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Русия.
"Кӯшиши Русияро манбаи мушкилот гуфтан, танҳо ба таблиғгарон ва одамоне мувофиқат мекунад, ки иқтисодро намефаҳманд, - мегӯяд коршинос. Таҳдиди асосӣ барои иқтисоди Украина ин аз уҳдаи вазифаҳои худ набаромадани ҳукумат мебошад. Буҷаи кишвар - аҳволи бад дорад, чун дар бозори ҷаҳонӣ нархи ангишт, ки Украина ба он ниёз дорад, боло рафт, зеро нерӯгоҳҳои барқии Украина тавссути ангишт барқ истеҳсол мекунанд ва кишвар қудрат надорад, онро харидорӣ кунад".
Ақидаи яксонро Дмитрий Марунич, ҳамраиси Бунёди стратегияҳои энержии Украина, дар мусоҳиба бо Sputnik изҳор дошт, ки Стратегияи амнияти иқтисодиро "коғазе" беш намедонад.
Ҳатто агар мақомот бигӯянд, ки тиҷорат бо Русия ба Украина таҳдид мекунад, ҳама дарк мекунанд, ки ин кишвар бе харидани ангишти Русия наметавонад коре анҷом диҳад.
Вақте тиҷорат - душмани асосӣ аст
Ҳама мушкилоти мавҷуда аз равандҳое оғоз ёфтанд, ки солҳои пеш оғоз шуда буданд, мегӯяд Алексей Зубетс.
"Маблағи дастгирии кишварро метавон иқтисодиёти истеҳсолкунандаи маҳсулоти аз ҷиҳати технологӣ мураккаб таъмин кунад, мегӯяд ӯ. - Аммо, Украина ё потенсиали саноатии худро аз даст дод ё дидаву дониста онро барҳам зад. Ва бе таҳкурсии саноатӣ, таъмини сифати ҳаёт барои шаҳрвандон мушкил аст".
Рӯйхати иншооти барҳамёфтаи Украина беохир аст. Аксари корхонаҳои украинӣ ба бозори Русия нигаронида шуда буданд ва танҳо дар соли 2014, вақте ки кишвар тасмим гирифт, муносибатҳояшро бо Русия қатъ кунад, ба бадтарин буҳрон дучор шуд.
Дар натиҷа, заводи машҳури Лвов (ЛАЗ) соли 2014 баста шуд, соли 2018 заводи мошинсозии Запороже муфлисиашро эълон кард, ки барои он Русия бозори асосии фурӯш буд (89% таҳвили маҳсулот дар солҳои 2007-2012 дар Русия буд). Имсол корхонаи киштисозии Баҳри Сиёҳ дар Николаев, ки ҳамаи крейсерҳои ҳавопаймоии Иттифоқро сохта буд, расман барҳам хӯрд.
Корхонаи мушакпарварӣ ва кайҳонии "Южмаш", ки қаблан бо Русия ҳамкорӣ мекард, низ буҳронро аз сар мегузаронад. Соли гузашта мақомоти Украина маҷбур буданд аз буҷети давлатӣ тақрибан 8 миллион доллар ҷудо кунанд, то қарзи ширкати "Южмаш" -ро дар пардохти маоши кормандон пӯшанд. Заводи ҳавопаймоии Антонов, ки хариди ҷузъҳоро аз Русия қатъ кардааст, аз соли 2016 то 2019 ягон ҳавопаймо истеҳсол накардааст.
Қатъи истеҳсолоти бузург, бешубҳа ба иқтисоди Украина зарба хоҳад зад. Имрӯз ин кишвар фақиртарин кишвари Урупо ва яке аз кишварҳои камбизоати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Ин далелро ҳатто ҳизби ҳокими "Хизматгори Халқ" низ бояд эътироф кунад.
"Агар мо сатҳи ММД-и Украинаро ба ҳар сари аҳолӣ бо сатҳи Полша муқоиса кунем, барои ба Полша расидан тақрибан 30-40 сол лозим аст, ба шарте ки Лаҳистон вз ҷой наҷунбад", - гуфт, раиси кумитаи парлумон оид ба молия Даниил Гетмантсев.
Олексий Зубетс бовар дорад, ки деиндустриализатсия Украинаро ба ашёи хоми Ғарб табдил медиҳад.
Ҳоло Украина истеҳсоли ғалладонаро рушд медиҳад ва ба сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаи кишоварзӣ умед мебандад. Қаблан коршинос борҳо гуфта буд, ки тавлиди ғизо метавонад аз ҳисоби ширкатҳои байналмилалӣ афзоиш ёбад. Аммо, бояд дарк кард, ки истехсоли ғалла меҳнати зиёдеро талаб намекунад.
Маълум мешавад, ки ин бахши иқтисод украинҳоро бо кор таъмин намекунад - ва буҳрони муҳоҷират идома хоҳад ёфт. Имрӯз 1,5 миллион украиниҳо дар Лаҳистон муҳоҷир шудаанд.
Дар Русия ҳам шумораи муҳоҷирони украинӣ кам нестанд: аз соли 2016 то 2020 қариб як миллион украиниҳо шаҳрванди Русия шуданд. Вазъияти пуршиддати демографиро гузориши Хадамоти давлатии омор низ гувоҳӣ медиҳад: аз аввали сол аҳолии Украина беш аз 180 ҳазор нафар коҳиш ёфта, ҳоло 41,4 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар соли 2013 ин рақам аз 45 миллион доллар гузашта буд.
Агар вазъи демографӣ яксон набошад, пас аз 10-15 сол ба кишвар дефолт таҳдид мекунад, зеро кишвар ба захираҳои инсонӣ ниёз дорад, гуфт мушовири раҳбари Федератсияи корфармоёни Украина оид ба масъалаҳои иқтисодӣ.
"Пеш аз ҳама, Хазинаи нафақа барҳам мехӯрад. Сарбории қарзи ҳар як андозсупорандаи инфиродӣ меафзояд, ки ин хавфи кафолати дефолтро зиёд мекунад", - шарҳ дод ӯ.
Алексей Зубетс низ аз хатари дефолт мегӯяд. "Ҳоло Украина Русияи солҳои 1996-1997 - ро мемонад" қайд мекунад коршинос.
Оё кишвар метавонад таназзули иқтисодиро пешгирӣ кунад - суолест бе ҷавоб. Дар тӯли 30 соли истиқлолият ҷумҳурӣ аз буҳрон раҳо нашуд. Одамоне, ки замоне Украинаро пешвои саноатии ИҶШС гардонданд, пир шуданд - дар кишвар зиёда аз 11 миллион нафақахӯрон ҳастанд.
Насли нав бошад наметавонад кор пайдо кунад, зеро пас аз бастани корхонаҳо ҷои кор вуҷуд надорад: дар соли 2020 танҳо 11,3 миллион шаҳрванди Украина маоши расмӣ гирифтанд.