https://sputnik.tj/20210818/yanukovich-sabab-tabaddulot-ukraina-1041704520.html
Янукович сабаби асосии табаддулот дар Украинаро гуфт
Янукович сабаби асосии табаддулот дар Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби табаддулот татбиқи лоиҳаи "Украина ҳамчун зидди Русия" буд, мегӯяд, собиқ президенти Украина
2021-08-18T12:50+0500
2021-08-18T12:50+0500
2021-08-18T12:50+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
има
украина
виктор янукович
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101787/45/1017874532_0:39:3077:1769_1920x0_80_0_0_2e5777faf09021dfe5aa6f658febf9f2.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Табаддулоти давлатии соли 2014 дар Украина, як лоиҳаи Ғарб буд. Дар ин бора собиқ президенти Виктор Янукович зимни муроҷиат ба халқи Украина гуфтааст.Ба гуфти раҳбари пешини Украина, сабаби чунин рӯйдодҳо на "нармӣ" - и мақомот, балки татбиқи лоиҳаи "Украина чун анти- Русия" буд. Вай таъкид кард, ки чунин сиёсатро хато намешуморад. Президенти собиқи кишвар бовар дорад, ки агар татбиқи лоиҳаи "Украина чун анти-Русия" сабаби табаддулот эътироф шавад, ҳама чиз ҷои худро хоҳад гирифт.Янукович таъкид кард, ки сигнали тасарруфи ғайриқонунии қудрат ва "истерияи зидди Русия" мавқуф гузоштани имзои созишномаи ассотсиатсия бо Иттиҳоди Аврупо шуд. Янукович гуфт, ки таҳти фишори Ғарб Украина ба вазъияте дучор шуд, ки "дарки имзои пеш аз мӯҳлати созишномаи ассотсиатсия ба хоҳиши мухолифони мо барои иҷро нашудани ин тасмим, дучор шуд. Дар ҳамин ҳол, кишварҳои ғарбӣ аз натиҷаи чунин тасмим нигарон набуданд, зеро масъулияти фалокати иҷтимоиву иқтисодӣ, ки дар Украина рух медод, ба дӯши ҳукумати феълӣ гузошта мешуд, хулоса кард сиёсатмадор.Ёдовар мешавем, ки Янукович дар остонаи 30 -юмин солгарди истиқлоли ин кишвар ба украинҳо муроҷиат кард.. Сиёсатмадор аз соли 2010 то 2014 дар мақоми сарвари давлат кор кардааст.
https://sputnik.tj/20210818/yanukovich-ima-ukraina-harob-1041702480.html
https://sputnik.tj/20210817/murojiati-yanukovich-ukrainho-1041685825.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101787/45/1017874532_19:0:2750:2048_1920x0_80_0_0_6be91a44a232259c7623ed99daf57833.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, табадуллоти давлатӣ, янукович
украина, табадуллоти давлатӣ, янукович
Янукович сабаби асосии табаддулот дар Украинаро гуфт
Сабаби табаддулот татбиқи лоиҳаи "Украина чун анти-Русия" буд, мегӯяд, собиқ президенти Украина
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Табаддулоти давлатии соли 2014 дар Украина, як лоиҳаи Ғарб буд. Дар ин бора собиқ президенти Виктор Янукович зимни муроҷиат ба халқи Украина гуфтааст.
Ба гуфти раҳбари пешини Украина, сабаби чунин рӯйдодҳо на "нармӣ" - и мақомот, балки татбиқи лоиҳаи "Украина чун анти- Русия" буд.
"Мо озодии суханро ҳатто дар ҳолатҳое таъмин кардем, ки ин "озодӣ" ба пояҳои давлатдорӣ халал мерасонд; мо ба ҳуқуқи сокинони минтақаҳои ғарбӣ барои гузоштани муҷассамаҳо ба шахсоне, ки онҳо қаҳрамони миллии худ мешуморанд, халал нарасондем, ки таҳқири хотираи таърихии сокинони ҷанубу шарқ аст; мо аъзоёни созмонҳои миллатгароро таъқиб накардем ва бовар доштем, ки онҳо таҳаммулпазирии давлатро қадр мекунанд", - гуфт Янукович.
Вай таъкид кард, ки чунин сиёсатро хато намешуморад. Президенти собиқи кишвар бовар дорад, ки агар татбиқи лоиҳаи "Украина чун анти-Русия" сабаби табаддулот эътироф шавад, ҳама чиз ҷои худро хоҳад гирифт.
Янукович таъкид кард, ки сигнали тасарруфи ғайриқонунии қудрат ва "истерияи зидди Русия" мавқуф гузоштани имзои созишномаи ассотсиатсия бо Иттиҳоди Аврупо шуд.
Янукович гуфт, ки таҳти фишори Ғарб Украина ба вазъияте дучор шуд, ки "дарки имзои пеш аз мӯҳлати созишномаи ассотсиатсия ба хоҳиши мухолифони мо барои иҷро нашудани ин тасмим, дучор шуд.
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои ғарбӣ аз натиҷаи чунин тасмим нигарон набуданд, зеро масъулияти фалокати иҷтимоиву иқтисодӣ, ки дар Украина рух медод, ба дӯши ҳукумати феълӣ гузошта мешуд, хулоса кард сиёсатмадор.
Ёдовар мешавем, ки Янукович дар остонаи 30 -юмин солгарди истиқлоли ин кишвар ба украинҳо муроҷиат кард.. Сиёсатмадор аз соли 2010 то 2014 дар мақоми сарвари давлат кор кардааст.