Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Толибон* мехоҳанд Конститутсияи Афғонистонро тағйир диҳанд

© Сайт президента АфганистанаКонституция Афганистана
Конституция Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Обуна шудан
Ҷангҷӯён, ки Кобулро бидуни муқовимат ишғол кардаанд, нақшаи тағйир додани қонуни асосии кишварро доранд
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Мақомоти "Толибон" (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) эълон карданд, ки нақша доранд, Сарқонуни Афғонистонро ислоҳ кунанд.

"То замони баргузории интихобот, кори зиёдеро анҷом додан лозим аст. Аз ҷумла бояд Сарқонуни нав қабул шавад. Қонуни кунунӣ ба шароити имрӯза мутобиқ нест", - гуфт намояндаи дафтари сиёсии Толибон* дар Қатар Муҳаммад Суҳайл Шоҳин.

Ба гуфти Толибон*, қабл аз қабули маҷмӯи қонунҳои нав, вазъро дар кишвар ба танзим дароварда, ниёзҳои мардумро қонеъ карда, холигии сиёсиро бояд рафъ намуд.
Лидер ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Пешниҳоди Жириновский барои пайвастани қисме аз Афғонистон ба Тоҷикистон
Ҳамчунин, намояндагони Толибон* дар мусоҳиба бо расонаҳо қайд карданд, ки масъалаи ҳукумати Афғонистон ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.
Як манбаи Associated Press гуфтааст, ки Толибон* то 31 август дар бораи ҳукумат тасмим нахоҳанд гирифт.
Афганские актеры в пьесе, Кабула  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Дирӯзу имрӯзи Афғонистон: 17 акс аз зиндагии афғонҳо
Ин мақомдори афғон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки ин шартҳо ҳангоми музокирот бо намояндагони ИМА дар Кобул гузошта шуда буданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0